Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мастона куҷост? Дар Туркия? Саудия? Ё Вазиристон?


Хосиятмоҳ Ятимова, модари Мастона

Хосиятмоҳ Ятимова, модари Мастона

Мақомоти шаҳри Кӯлоб бар инанд, ки зодаи ин шаҳр Мастона Насруллоева дар Покистон аст ва шояд бо тундравони исломӣ робита дорад, вале модари ин бонуи 31-сола мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд духтараш дар Туркия шавҳар кардааст.

Мастона ҳанӯз се сол пеш, замоне зери шубҳа афтод, ки донишомӯзи Донишгоҳи исломии Душанбе буд ва барояш пешниҳод кардаанд, то таҳсилашро дар Арабистони Саудӣ идома диҳад. Дар маъракаи бозгардони донишҷӯёни тоҷик аз мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ рӯшан гашт, ки аз Кӯлоб 11 ҷавон ва 1 духтар ба таври ғайрирасмӣ ба чунин кишварҳо рафтаанд. Мақомот ҳамаи онҳоро пайдо карданд ва пас оварданд, вале ба ҷуз аз Мастона.

Хосиятмоҳ Ятимова, модари Мастона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дақиқ намедонад, духтараш дар кадом кишвар аст, вале аз зане шунидааст, ки гӯё вай дар Туркия машғули тиҷорату фурӯшандагист. Ин дар ҳолест, ки Эрон, Арабистони Саудӣ ва Покистон низ аз маҳалҳои эҳтимолии иқомати Мастона гумон бурда мешаванд.

Як сол пеш, ба гуфтаи холаи Хосиятмоҳ, касе занг зада, худро Мастона муаррифӣ карда, ба ӯ гуфтааст, ки «дар Туркия ҳастам ва як ҷавони тоҷикро дуст медорам. Агар падарам иҷоза диҳад, ба ӯ ба шавҳар бароям.» Дар посух падари Мастона гуфтааст, ки танҳо ба шарте розӣ хоҳад шуд, ки дар Тоҷикистон арӯсӣ кунанд.

Модари Мастона афзуд, «ҳоло падараш аз олам гузаштааст ва ӯ ҳатто хабар надорад. Моҳи декабр буд, дуюмбора занг зада гуфт, оча, зиндагиям дар ин ҷо ба дараҷаи олӣ хуб аст. Аммо мо нагуфтем, ки падараш гузаштааст. Худораҳматии падараш бисёр марди сахтгир буд, аммо намедонам, ки ин духтар дили ӯро чӣ гуна ёфт, ки барои рафтанаш иҷоза дод.»


Модари Мастона мегӯяд, инбор агар имкони сӯҳбат бо духтараш пайдо шавад, ҳатман аз ӯ хоҳиш мекунад то ба Тоҷикистон баргардад. Зеро, мегӯяд холаи Хосиятмоҳ, мақомоти шаҳри Кӯлоб, ба хусус масъулони ҳукумат, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва бахши дин чандин бор ӯро бозпурсӣ карданд ва талаб доранд, ки барои ёфтану баргардонидани духтараш ба онҳо кумак кунад: «Мегӯямаш, ки биё, охир ҷони ту ҳам халос шаваду аз ман ҳам. Касе туро намекушад. Як бор биё, ҳуҷҷатҳоятро дуруст кун, баъд дигар ҳаволаат бар Худо.»

Дар ҳамин ҳол, ба бовари масъулони риштаи дини ҳукумати Кӯлоб, Мастона ғолибан дар Арабистони Саудист. Ҷамшед Одинаев, сардори бахши дини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, онҳо ду бор бо модари Мастона ҳамсӯҳбат шудаанд ва ба нақли холаи Хосиятмоҳ, гӯё ҳангоми таҳсили духтараш дар мадрасаи Душанбе як муаллима аз падари Мастона хостааст, иҷоза диҳад, то духтараш барои идомаи таҳсил ба Арабистони Саудӣ сафар кунад.

Ҷаноби Одинаев гуфт, ҳарчанд аз холаи Хосиятмоҳ талаб мекунем, ки ному насаби ҳамон муаллимаро бигӯяд, вале гӯё ӯро намешинохтааст: «Духтараш дер - дер бо модараш тамос мегирад. Гуфтам, рақами телефонашро ба мо диҳед, мегӯяд, намедонам. Рақами телефонаш намебарояд. Ё пинҳонӣ занг мезанад ё берақам. Падари Мастона бемор буд ва ба наздикӣ вафот кард. Ггумон мекунам, аз фироқи ҳамин духтар чунин шуд. Модараш, ки бо ӯ гоҳо сӯҳбат мекунад, шояд аз марги падараш хабардораш кунаду раҳме дар дилаш пайдо шуда баргардад ба Тоҷикистон. Номаълум аст, ки дар он ҷо таҳсил мекунад ё бо ягон гурӯҳҳои террористӣ кор мекунад. Амнияти Кӯлоб ҳам борҳо ба модараш дар сӯҳбат шуданд, аммо суроғаи дақиқаш ба касе маълум нест.»

Абдуғафор Раҳмонов

Абдуғафор Раҳмонов

Ба қавли Ҷамшед Одинаев, Мастона марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардааст ва номаш дар рӯйхтаи донишҷӯёне, ки Кумитаи дин ба қайд гирифтааст, нест. Эҳтимоли дар Покистон будани Мастона Насруллоева ахиран аз забони шаҳрдори Кӯлоб, Абдуғафор Раҳмонов дар ҷаласаи солонаи ҳукумати шаҳр садо дод. Ба қавли ӯ, Мастона ба Покистон рафтааст ва барои ҳамин се сол инҷониб аз худ хабар намедиҳад.

Ҷузъиёти дигаре, ки ахиран ошкор гаштааст, ин аст, ки чанд сол пеш Мастона бо вуҷуди он ки хонаводааш камбизоат аст, сафари Ҳаҷ кардаву муддате дар Арабистони Саудӣ зистааст. Аксари ин маълумот тасдиқношудаанд, вале як чиз аён аст, ки мақомот мехоҳанд, ҳатман суроғаи ӯро пайдо кунанд ва Мастонаро ба ватан баргардонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG