Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдории Кӯлоб барои зане ки дар назди бозори шаҳр дар як “хонаи сайёр”, вале амалан дар кӯча ба сар мебурд, барои сохтани хона замин ҷудо кардаанд. Вале Сарварбӣ Шарипова рӯзҳои охир боз майдони назди шаҳрдориро “маскан” кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба сарнавишти як зани бехона, ки ду ҳоҷӣ барояш як “хонаи сайёр” сохта буданд, вокуниш карданд, аммо ин зан аз 4 январ бо манзили сайёраш аз назди бозори «Саховат» ғайб зад. Ва тайи чор рӯз маълум нашуд, ки ӯ дар куҷо иқомат дорад? Ҳарчанд мақомоти давлатӣ гуфтанд, Сарварбӣ Шарипова ҳоло дар хонаи писар ва келинаш зиндагӣ мекунад, пажӯҳиш нишон дод, ки ӯро дар ПМК-10, як иншооти мансуб ба Қурбони Чол, дар мавзеи Таги Ҷари ҷамоати Шакархонд ҷое додаанд, ки ба гуфтаи худи ин зан, шароити муносиби зист надорад.

Баъди ҷустуҷӯи чоррӯза, Сарварбӣ Шараиповаро рӯзи 9 январ дар паҳлӯи бинои шаҳдории шаҳри Кӯлоб вақте пайдо кардем, ки ӯ намози пешинашро рӯи як гилем адо мекард ва ашёи рӯзгораш дар паҳлӯяш гузошта шуда буд. Вале аз “хонаи сайёр”-аш не ном буд, не нишон.

Ӯ баъди анҷоми намоз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 4 январ кормандони пулис омада, ӯро дар як мошин бор карда, ҳамроҳи худ ба маконе бурдаанд, ки ягон шароити зиндагӣ надорад. Ҳамин тавр баъди 4 рӯз, ӯ аз писараш хоҳиш мекунад, ки ӯро аз инҷо гирифта, ба назди шаҳрдорӣ биорад.

Ӯ мегӯяд: «Дар он ҷое, ки маро бурда монданд, сагро бандӣ, намеистад. Ман рӯзи 8 январ аз писарам хоҳиш кардам, ки маро гирифта ба шаҳр биёранд. Ҷойи рафтан надорам, ҳеҷ кас низ маро намехоҳад. Дар суҳбати пеш низ ба шумо гуфтам, ки маро хешовандонам роҳ намедиҳанд. Дар баробари ин маро чанд сол пеш ба беморхонаи рӯҳӣ бурданд, ки ту девонаӣ. Ман бо муддати шаш моҳ дар ин беморхона ҳамроҳи девонаҳо хоб кардам, аммо ман девона нестам. Ҳамин тавр маро девона бароварда, ба нафақа гусел карданд.»

Аммо Кенҷамо Маҷидова, муовини шаҳрдори Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ки бо дастгирии шаҳрдор Абдулғаффор Раҳмонзода аввал ба ин зан замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, танҳо баъди он «хонаи сайёр»-ашро аз маркази шаҳр бардоштаанд. Хонум Маҷидова гуфт: «Соҳибкореро, ки ҳамингуна хона бунёдаш кардааст, даъват намуда, аз ӯ хоҳиш кардем, ки барои сохтмони хонаи ӯ кумак расонад. Ҳоло ҳукумат тасмим гирифтааст, ки бо ин соҳибкор хонаашро бунёд кунанд. Қитъаи замини ӯ дар маҳаллаи Чаманзор 4 рӯз пеш ҷудо карда шуда буд.»

"Хонаи сайёр"-и Сарварбӣ Шарипова

"Хонаи сайёр"-и Сарварбӣ Шарипова

Як масъули шӯъбаи корҳои дохила ин хабарро тасдиқ кард, ки дар воқеъ хонаи ӯро кормандони пулис аз маркази шаҳр бурдаанд. Ин масъул мегӯяд, иллати бурда шудани “хонаи айёр”-и момаи Сарварбӣ дар он аст, ки Кӯлоб пойтахти фарҳангии СНГ эълон шудааст ва вуҷуди ин “хонаи сайёр” ба зиннати шаҳр латма мезанад: «Ин ба шаъну шарафи Кӯлоб намегӯяд, зеро Кӯлоб пойтахти фарҳангӣ эълон шудааст. Мо соҳибкор даъват кардем, ки ба ӯ кумак расонанд, то соҳиби хона шавад.»

Ин дар ҳолест, ки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо имзои муовини вазир Наврӯз Ҷаъфаров рӯзи 8 январ ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе номаи расмие фиристод. Дар он гуфта мешавад, бахши ҳифзи иҷтимоии Кӯлоб пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи зани бесарпаноҳи солхӯрда Сарварбӣ Шарипова ва наздикони ӯ, маълум кардааст, ки феълан вай дар манзили писару келинаш зиндагӣ мекунад ва маъюби гурӯҳи якум аст.

Писари Сарварбӣ, Бахтиёр Шарипов, рӯзи 9 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар воқеъ ӯ ҳамсар дорад, вале ӯ дар хонае зиндагӣ мекунад, ки ягон шароити буду бош надорад. Ӯ дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки чанд муддат пеш писарони Қурбони Чол ӯро хонадор кардаанд, то ба роҳи бад наравад. Ҳарчанд ӯ мегӯяд, ки оила бунёд кардааст, вале боз ҳам баъзе шабҳоро дар бозору мағозаҳо рӯз мекунад. Вай мегӯяд: «Ман пештар дар чойхонаи Раҳмони Чол кор мекардам ва дар онҷо танӯрҳои самбӯсапазӣ буд. Ҳам нигоҳбон будам, ҳам хоб мекардам. Як рӯз писари Чолов омада гуфт, биё, занат медиҳем, аз роҳи бад мегардӣ ва ҳушат ба зиндагӣ мешавад. Аввал ман розӣ нашудам ва гуфтам, ки хона надорам, вале онҳо гуфтанд, ки мо дар ПМК-10 як ҳуҷраро бароят медиҳем, ҳамонҷо зиндагӣ мекунӣ. Ҳамин тавр ҳоло ман ба номаш дар онҷо зиндагӣ мекунам, вале ҳолатҳое мешавад, ки шабро дар бозору мағозаҳо рӯз мекунам.»

Баъди солҳои бехонагӣ, ки Сарварбӣ Шарипова дар кӯчаҳо ба сар мебурд, ду марди ҳоҷӣ, ки ҳатто номашонро муаррифӣ накардаанд, барои ӯ як хонаи сайёр сохта, дар назди бозори «Саховат» гузоштанд, то дар замистон аз боду борон панаҳ барад. Аммо хурсандии ин зан дер давом накард ва мақомоти интизомӣ хонаи ӯро аз инҷо бардошта, ба як кунҷи шаҳр бурданд.

Сарварбӣ Шарипова мегӯяд, то соли 1994, то замони кушта шудани ҳамсараш, ки ходими пулис буд, дар Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекард, вале баъдан ба Кӯлоб ба хонаи хешовандонаш омад ва он қадар барои дарёфти як порча замин даводав кард, ки билохира аз пой афтод. Ӯ мегӯяд, 14 соли ахир ҳамроҳ бо ягона писараш дар хиёбонҳои Кӯлоб зиндагӣ мекунад.

Ҷойи буду боши ӯ асосан атрофи бозори шаҳр буд ва ризқу рӯзии ӯ ба раҳгузарони саховатманд бастагӣ дорад. “Хонаи сайёр”-и Сарварбӣ Шарипова як аробаи нисбатан бузурги чаҳорчарха буд. Онҳое, ки «хонаи сайёр»-ро аз рӯи шафқат барои кампир сохтанд, ба истилоҳ «каҷкӯли гадоӣ»-и ӯро низ замонавӣ карда буданд. Қуттии хайрияи пластикӣ ба ароба васл шуда буд ва ду тангае, ки мардум ба ин кампир медод, аз боду борон эмин мемонд. Ин кори хайр тоҷирони бозорро низ ба ҳамроҳӣ дар ин савоб таҳрик дод ва яке аз онҳо ба «хона»-и кампир нерӯи барқ гузаронд.

Мақомот акнун аз яке аз он соҳибкороне, ки барои Сарварбӣ Шарипова ин “хонаи сайёр”-ро сохта буд, хостаанд, барои ин зан хонаи воқеъӣ сохта диҳад. Аммо бубинем, ки оё момаи Сарварбӣ ва писараш Бахтиёр билохира соҳиби сарпаноҳе хоҳанд шуд ё ҳамчунон дар кӯчаҳо ба сар хоҳанд бурд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG