Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонзода ба порлумон меравад


 Абдулғаффор Раҳмонзода
Абдулғаффор Раҳмонзода

Шаҳдори Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонзода ба ҳайси номзади ҳизби ҳоким ба интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи Кӯлоб пешбарӣ шудааст. Ҳизби аграрӣ дар ҳавзаи Спитамен Аҳмадҷон Қобилов ва ҳизби наҳзат дар Файзобод Раҳматуллоҳи Раҷабро номзад кардаанд.

Анҷумани бахши ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб шаҳрдори Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонзодаро ба ҳайси номзад ба интихоботи порлумонии 1 март дар ин ҳавза пешбарӣ кард.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, котиби матбуотии шаҳрдории Кӯлоб рӯзи 11 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар воқеъ шаҳрдор аз ҳавзаи якмандатии интихоботии №37-и Кӯлоб ба номзади вакилӣ интизоб шудааст: «Абдулғаффор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб рӯзи 10 январ пас аз овоздиҳӣ ба чанде аз номзадҳо маълум шуд, ки ӯ, ба сифати номзад дар ҳавзаи якмандатии интихоботии №37-и Кӯлоб, Ҳизби халқии демократии Тоҷикиситонро намояндагӣ мекунад.»

Ҳавзаи мазкурро дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ узви дигари ҲХДТ Амирхон Сафаров намояндагӣ мекард.

Абдулғаффор Раҳмонзода 5 январи соли 2012 бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори Кӯлоб таъин шуда буд ва дар сурати пирӯзӣ дар интихобот мақоми шаҳрдориро тарк хоҳад кард.

Абдулғаффор Раҳмонзода дувумин намояндаи ин хонаводаи бонуфуз аст, ки метавонад вакили порлумони оянда шавад. Бародари ӯ - вазири собиқи маориф Абдуҷаббор Раҳмонов низ, бино ба хабарҳо, метавонад яке аз номзадҳои эҳтимолӣ дар рӯйхати ягонаи ҳизбии ҲХДТ шавад. Аммо пешбарии номзадии Раҳмонов аз рӯйхати ҳизбӣ ҳанӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст.

Раҳматуллоҳи Раҷаб
Раҳматуллоҳи Раҷаб

Аз навидҳои дигари марҳалаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи порлумонии рӯзи 1 март яке пешбарӣ шудани Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси созмони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар навоҳии тобеъи марказ, аз ҳавзаи Файзобод мебошад. Дар ин ҳавза ду навбати охир Акбар ва Мироҷиддин Ҳакимовҳо - писарони Дости Бурут, як соҳибкори бонуфуз дар минтақа, вакили Маҷлиси намояндагон буданд. Дар интихоботи соли 2005 Акбар Ҳакимов дари н ҳавза ҳатто раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро шикаст дода буд.

ҲНИТ ҳамчунин дар ҳавзаи Панҷакент Қавӣ Файзиеви 73-сола, хатмкардаи Донишкадаи кооперативии Самарқандро ба номзадӣ пешбурӣ карда, дар ҳавзаи Исфара хатмкардаи донишкадаи муҳандиси – омузгории шаҳри Екатеринбурги Русия Нӯъмон Шариповро, ки 53 сол дорад, ва дар ҳавзаи Вахш раиси шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе Қиёмиддин Авазови 41-соларо номзад кардааст.

Ҳамин тавр, ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Спитамени вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов, муовини раиси вилояти Суғдро пешбарӣ кардааст.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба рӯзи 1 март таъин шудааст. 42 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва 21 вакили дигараш аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳурияҳӣ аз рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб мешаванд.

Дар ҳайати кунунии ин маҷлиси порлумон аз 63 курсӣ 55 курсиаш дар дасти вакилони ҳизби ҳокими ҲХДТ қарор дорад. Нозирони умур мегӯянд, гумон аст, ки таносуби нирӯҳо дар порлумони оянда ба таври чашмрас тағйир ёбад. Хусусан дар шароити Тоҷикистон, ки то кунун ягон интихоботаш аз сӯи нозирони байналмилалӣ озоду шаффоф ва ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интиӣхоботи демократӣ эътироф нашудааст.

XS
SM
MD
LG