Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иддае аз фарҳангиёни Кӯлоб аз Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ ё ЮНЕСКО хостаанд, то ҳунари чакандӯзии мардуми ин минтақаро ҳамчун ҳунари нодири мардуми тоҷик эътироф кунад.

Чанд тан аз фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб ахиран дар як номаи дастаҷамъӣ дархости ҳамчун ҳунари нодири мардуми тоҷик эътироф кардани чакан ва чакандӯзиро ба ЮНЕСКО ҳамроҳ бо нусхае аз либос ва тоқии чакан низ пешниҳод кардаанд.

Ҷонибек Асозода, раиси Осорхонаи мардумии шаҳри Кӯлоб рӯзи 8-уми апрел зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дархости иддае аз фарҳангиёни Кӯлоб дар пайи пажӯҳиши тозае сурат гирифтааст ва пажӯҳишгарон исбот карданд, ки рамзҳои тоқии чакан хеле қадимӣ буда, ҳатто дар он се намунаи рамзи ориёӣ сабт шудааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Асозода, «дар тоқии мардуми минтақаи Кӯлоб ҳамон «рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек» ба таври нақшдӯзӣ сабт ёфтааст. Бовар дорем, ки ЮНЕСКО инро ҳамчун як ҳунари қадимии мардуми мо сабт ва эътироф мекунад.»
Зариф Валиев, раиси ширкати «Чакан» аз ин пешниҳоди фарҳангиёни Кӯлоб истиқбол кард ва мегӯяд, чанд сол аст, ки ширкаташ бо гулдӯзиҳои чакан дар намоишгоҳҳои сатҳи минтақа ва ҷаҳон ширкат мекунад ва ин ҳунар мавриди пазириши ҷаҳониён шудааст.

Ширкати "Чакан" дар чанд соли пеш ба ибтикори Зариф Валиев, собиқ раиси идораи фарҳанги Кӯлоб таъсис шуда ва ҳудуди сад зан барои духтани гулдузиҳои чакан ҷалб шудаанд. Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб як фурӯшгоҳи ин ширкат фаъол аст.

Дар ҳамин ҳол нозирони умур дархости иддае аз фарҳангиёни Кӯлоб барои эътирофи чакан ҳамчун ҳунари мардуми тоҷик тавассути ЮНЕСКО-ро навъе ҷилавгирӣ аз моли худ донистани дигар миллату халқиятҳо арзёбӣ мекунанд ва мегӯнд, ки дар сурати эътироф шудани чакан ба унвони ҳунари мардуми тоҷик аз суи ин созмони бонуфуз дигар халқу миллатҳо ин ҳунарҳоро моли худ нахоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки охири соли гузашта ЮНЕСКО бозии чавгонро варзиши озариҳо эътироф кард ва донишмандони тоҷик дар номае унвонии ЮНЕСКО хостанд, то ин бозиро мероси муштарак эътироф кунад.

Аммо Вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардии Озарбойҷон ба номаи донишмандони тоҷик вокуниш нишон дод ва хабаргузории APA-и Озарбойҷон рӯзи 11-уми декабр аз қавли Восиф Аваззода, масъули равобити байналмилалии вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардии Озарбойҷон навишт, ки чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ буда ва он дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО ба пешниҳоди Боку шомил шудааст ва иддаои донишмандони тоҷик беасос аст.

Оқои Аваззода гуфтааст: «Роҳи баргашт вуҷуд надорад. Ҳар кишваре мехоҳад, ки ба ин бипайвандад, метавонад ба ЮНЕСКО муроҷиат кунад. Тоҷикистон на ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ба вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ муроҷиат накардааст.»

Ҳамакнун фарҳангиёни тоҷик мехоҳанд чакан ҳам аз даст нарафта моли мардуми тоҷик сабт шавад, аммо созмони ЮНЕСКО ба номаи фарҳангиёни тоҷик ҷавоби мусбат хоҳан дод ё на маълум нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG