Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи барқи Кӯлоб фарзияи расмии сӯхторро қабул надорад


Масъулони шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб фарзияи бар асари расиши ноқили барқ сар задани сӯхтор дар бозори "Саховат" - ро рад мекунанд, вале пулис инро худсафедкунии масъулони ин идора унвон кард.

Ҷумъахон Шарифов, раҳбари шабакаи барқи шаҳри Кӯлоб рӯзи 14 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки "пеш аз сар задани сӯхтор дар бозори "Саховат" - и шаҳри Кӯлоб барқ хомӯш карда шуда буд ва фарзияи аз нерӯи барқ сар задани оташ комилан нодуруст аст." Ба таъкиди ҷаноби Шарифов, ба иллати ҷорӣ будани лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар шаҳри Кӯлоб, он шаб барқ дар бозори "Саховат" қатъ шуда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрдории Кӯлоб ва вазорати корҳои дохилӣ сабаби сӯхтор дар бозори шаҳри Кӯлобро истифодаи нодурусти ноқилҳои барқ унвон кардаанд.

Абдуваҳҳоб Искандаров
Абдуваҳҳоб Искандаров
Ҳоло ҳам масъулони идораи пулиси минтақаи Кӯлоб бар ин назаранд, ки иддаъои раҳбарони шабакаҳои барқи шаҳр як навъ худсафедкунӣ аст. Абдуваҳҳоб Искандаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии минтакаи Кӯлоб гуфт, кормандони шабакаҳои барқ танҳо ҳимоя аз мансаб ва пуштибони аз кормандони худ мекунанд ва гуноҳи худро қабул надоранд. Вале ӯ афзуд, ки иллати аслии сӯхтор ҳанӯз расман ташхис нашудааст ва то поёни таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба хусус хадамоти сӯхторнишонӣ ва додситонӣ, қазоват дар мавриди ангезаи сар задани сӯхтор ва шахсони гунаҳкор зудтар аст.

Саидмуддассир Раҳматов
Саидмуддассир Раҳматов
Вале масъулони хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки бархе аз соҳибкорон хатҳои алоҳидаеро ба дӯкону фурӯшгоҳҳояшон васл карда буданд, ки метавонист сабаби сӯхтор бошад. Саидмуддассир Раҳматов, сардори хадамоти сӯхторнишонии шахри Кӯлоб гуфт, "дар бозори "Саховат” дӯкону фурӯшгоҳҳо ва нуқтаҳое ба ҷуз хатти асосии интиқоли нерӯи барқ аз дигар макон ба воситаи ноқилхо барқ кашонида буданд. Дар гузашта омилони ин кор борҳо огоҳонида ва ҷарима шуда буданд.

Дар пайи сӯхтори шаби 12 ба 13 январ дар бозори "Саховат" -и шаҳри Кӯлоб 96 дӯкон ва 382 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафта, дар маҷмӯъ 668 соҳибкор зарар диданд. Маблағи тахминии зиён 2, 8 миллион сомонӣ, муодили 570 ҳазор доллар гуфта мешавад. Мақомот ваъда додаанд, ки бозор то ҷашни Наврӯз аз нав бунёд карда мешавад. Раёсати "Тоҷикматлубот" ин масъулиятро ба дӯш гирифтааст.

Баъди сӯхтор Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ва Сироҷиддин Валиев, раҳбари "Тоҷикматлубот" аз маҳалли ҳодиса дидан карданд ва ба соҳибкорони осебдида ваъда доданд, ки хисороташон ҷуброн хоҳад шуд. Ҳатто Сироҷиддин Валиев гуфт, барои соҳибкороне, ки дӯконҳояшон нобуд шудааст, дӯкони нав месозанд ва як сол куллия савдогарони зарардида аз андоз ва дигар пардохтҳо озод хоҳанд шуд. Барои эҳёи қисмати сӯхтаи бозори “Саховат” – бузургтарин бозори шаҳри Кӯлоб - 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

XS
SM
MD
LG