Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран дар бемористони Кӯлоб ҷавони 30-солаи гирифтори ВИЧ, вируси ангезандаи СПИД аз олам рафт. Дар 23 соли охир дар ин минтақа 281 нафар аз ҳамин бемории қаттол даргузаштаанд.

Дар бемористони вилоятии Кӯлоб ҷавоне фавтид, ки ба гуфтаи пизишкон, гирифтори ВИЧ, вируси ангезандаи СПИД будааст.

Як муҳоҷири тоҷик дар Маскав аз ошёнаи дуюм афтода, захмӣ шуд ва ҳангоме, ки дар бемористони Кӯлоб муолиҷа мегирифт, таҳқиқи хунаш бемории ВИЧ, вируси ангезандаи СПИД-ро ошкор кард. Ба гумони пизишкон, Иброҳими 30-сола (номаш иваз карда шудааст) дар натиҷаи осеби ҷисмонӣ бо заъфе рӯбарӯ гашт, ки бемории СПИД-ро дар тани ӯ ба авҷ расонд ва дар ду ҳафта сабаби фавташ шуд.

Абдулатиф Нозимов, сарпизишки бемористони вилоятии Кӯлоб, рӯзи 18 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бемор аз Маскав ба беморхонаи онҳо интиқол ёфта, дар ташхиси аввал муайян гашт, ки ӯ ба бемории СПИД гирифтор аст. Вай афзуд: «Мағзи сари ӯ осеб дида буд, аммо таҳқиқи хун нишон дод, ки ба ғайр аз ин бемории ВИЧ доштааст.»

Ҳамдеҳагони Иброҳим бовар надоранд, ки ӯ аз осеби сар фавтидааст. Алишер Мираков, як ҳамдеҳаи ӯ мегӯяд, Иброҳим нашъаманд шуда, ҳамаи даромади худро сарфи маводи мухаддир мекард: «Ҳамин ду сол пеш дар Кӯлоб пули ёфтагиашро барои харидани ҳероину банг сарф мекард. Баъд табобат карду Русия рафт ва зану фарзандонашро ҳам бурд. Ҳоло онҳо дар Русияанд.»

Ба гуфтаи бархе ҳамдеҳагон, ҳамсари Иброҳим аз гирифтори СПИД будани ӯ огаҳ набуд. Падару модари ӯ кӯшиш кардаанд, то ин овозаҳо ба гӯши ҳамсару кӯдаконаш нарасанд.

Бемористони Кӯлоб

Бемористони Кӯлоб

Тоҳир Туманов, мудири идораи мубориза зидди бемории ВИЧ/ СПИД дар минтақаи Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, дар соли 2014 онҳо 124 бемории ВИЧ/ СПИД ба қайд гирифтаанд. Ба гуфти Туманов, аз ин теъдод бештарашон ҷавонони аз 20 то 40-солаанд. Ӯ мегӯяд, 53,4 фоизи бемориҳои ба қайд гирифтаи ин марказ аз нашъамандӣ ба ВИЧ, вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД гирифтор шудаанд.

Ҷаноби Туманов афзуд: «Аз соли 1991 то инҷониб дар маркази мо 875 нафар гирифторони ВИЧ сабти ном шуда, аз ин шумора 612 нафарашон мардҳо ва 263 нафарро занҳо ташкил медиҳад. Дар ин байн аз соли 1991 то соли 2014 танҳо дар минтақаи Кӯлоб 281 нафар аз вируси ВИЧ даргузаштаанд

Рамзи ВИЧ/ СПИД

Рамзи ВИЧ/ СПИД

СПИД ва вируси ангезандаи он – ВИЧ - маризи кушандаест, ки тавассути хун, сӯзандору ва равобити ҷинсӣ сироят карда, нерӯи иммунитет ё масунияти бадани инсонро батадриҷ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа чунин беморон нисбат ба афроди дигар маризиҳоро тӯлонитару шадидтар паси сар мекунанд. Ин беморӣ дар ниҳоят ба марги нафари гирифтор оварда мерасонад.

Ҷамъи гирифтори ВИЧ/ СПИД дар саросари ҷаҳон 75 миллион гуфта мешавад. Ҳар сол ин беморӣ сабаби марги то 2 миллион нафар шуда, аз замони кашфи он дар солҳои 80, бино ба ҳисобҳо, 36 миллион нафар дар сайёра аз ҳамин беморӣ тарки ҳаёт кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир, шумори расмии мубталоён ба ВИЧ/ СПИД дар Тоҷикистон беш аз 6000 гуфта мешавад. Аммо Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, бино ба пажӯҳишҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷумлаи манотиқест, ки бо хатари афзоиши ин беморӣ рӯбарӯ ҳастанд. Мӯътодони маводи мухаддир, танфурӯшон ва дар ин авохир, муҳоҷирон аз ҷумла қишрҳои дар муқобили сирояти ВИЧ/ СПИД осебпазир дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG