Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти шаҳри Кӯлоб билохира дар остонаи Рӯзи модарон маоши семоҳаи занҳои кӯчарӯби шаҳрро, ки нагирифта буданд, пардохт кард.

Дар пайи матлаби видеоии нашршудаи Радиои Озодӣ зери унвони "Шикояти роҳрӯбҳои Кӯлоб аз нагирифтани маоши моҳонаи худ" дарр таърихи 10-уми феврали солӣ ҷорӣ дар мавриди занҳои кӯчарӯби Кӯлоб, ки аз нагирифтани маоши се моҳаи худ шикоят карда буданд, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб маоши онҳоро пардохт карданд.

Ин иқдом рӯзи ҷумъаи 7-уми март сурат гирифт ва Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб ҳамчунин ба занони кӯчарӯб дар остонаи 8-уми март - Рӯзи модарон ба ҳар яке маблағи 100-сомонӣ низ тӯҳфа кард. Ҳатто шаҳрдори Кӯлоб зимни сипосгузорӣ ба заҳмати занони кӯчарӯб гуфт, ки ҳатман барои зиёд кардани маоши онҳо талош хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки маоши моҳонаи занони кӯчарӯб дар Кӯлоб мутаносибан 300-350 сомониро ташкил медиҳад.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб, ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар баробари ин занҳо дар ин рӯз ба собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ тӯҳфаҳои идонаи пулӣ ва маводи ғизоӣ расонида шуд.

Арҷгузорӣ ба заҳмати кӯчарӯбҳо ва пардохти маоши семоҳаи қаблии онҳо дар ҳолест, ки моҳе қабл дар рӯзҳои сардии зимистон баъди боридани барфи зиёд кори ин занҳо зиёд гардида буд. Ҳатто онҳо шикоят карда буданд, ки ҳудуди се моҳ боз маони худро дарёфт накардаанд.

Зимнан, тибқи иттилои шаҳрдорӣ шумораи ин занҳо ҳудуди сад нафар буда, асосан кормандони идораи коммуналӣ ва ширкати манзилӣ мебошанд, ки онҳо дар тозаву тамиз кардани роҳу кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб саҳми фаъол мегиранд.

Навори видеоии нашршуда дар бораи шикояти занҳои кӯчарӯб аз нагирифтани маоши семоҳа инҷост:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG