Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Санҷиши равонии собиқ намояндаи Русия ва Тоҷикистон дар Бонки Аврупоӣ


Елена Котова

Елена Котова

Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки сиҳҳатии равонии намояндаи собиқи Русия, Белорус ва Тоҷикистон дар Бонки аврупоии бозсохт ва рушд Елена Котова дар шароити муассисаи тиббӣ санҷида мешавад.

Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки сиҳҳатии равонии намояндаи собиқи Русия, Белорус ва Тоҷикистон дар Бонки аврупоии бозсохт ва рушд Елена Котова дар шароити муассисаи тиббӣ санҷида мешавад. Хабаргузориҳои русӣ иттило доданд, ки Котоваи муттаҳам ба кӯшиши тамаъҷӯӣ барои таҳқиқи ҳолати равониаш ба касалхонаи амрози рӯҳӣ равона шуд. Бо пахши ин хабар департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилаи Русия гуфт, ки санҷиши ҳолати равонии хонум Котова бо сабаби пешниҳод шудани санадҳои тиббӣ оид ба вуҷуди бемории рӯҳии ин мақомдори собиқ шурӯъ шудааст. Муфаттишон қарор кардаанд, ки ҳолати равонии Котова ба таври ҳамаҷониба санҷида шавад. “Хонум Котова бо қарори додгоҳи Твер ба табобатгоҳи амрози равонӣ фиристода шуд ва ӯ ихтиёран ба ин муассиса ҳозир шудааст”, хабар дод Вазорати умури дохилаи Русия ба Итар-Тасс.

Елена Котова, ки як карйераи хеле муваффақи корӣ анҷом додааст, 58 сол дорад. Вай бо ихтисоси иқтисодчӣ дар гузашта чун вакили парлумони шаҳри Маскав ва раҳбари яке аз бонкҳои Русия кор кардааст. Дар давоми солҳои 2005-2010 дар мақоми мудири иҷроияи Бонки Аврупои бозсохт ва рушд чун намояндаи Русия, Белорус ва Тоҷикистон кор кардааст. Ахиран ӯ ва як дигар раҳбари бонки русӣ Игор Лебедев дар талоши тамаъҷӯӣ муттаҳам шуданд. Тафтишот мегӯяд, ки муттаҳамон бо истифода аз мақом ва салоҳияти худ ва робитаҳояшон дар сохторҳои тиҷоратӣ, “барқасдона амалҳое анҷом додаанд, ки барои дарёфти даромади пулии ғайриқонунӣ” равона шудааст.

Мақомот мегӯянд, ки ин ду нафар мехостанд аз як ширкати канадагии нафту газ 1,4 миллион доллар пул бигиранд ва бар ивази он, ба ин ширкат дар гирифтани қарзи Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд (БАБР) мусоидат кунанд. Лебедев дар ин барнома нақши миёнарав ё музокиракунандаро мебозид. Баъди шурӯи таҳқиқот, моҳи январи соли 2011 шӯрои мудирони БАБР дар Лондон бо дархости мақомоти Русия масунияти чаҳор нафар аз раҳбарияти бонки русӣ, аз ҷумла Котоваро бекор кард. Аслан худи таҳқиқи иттиҳомоти марбут ба ришват ба таври ҷудогона аз ҷониби мақомоти русӣ ва бритониёӣ соли 2010 шурӯъ шуда буд. Бо қарори ҷониби Русия, декабри соли 2010 хонум Котова аз мақомаш барканор шуд.


БАБР як муассисаи молии байналмилалӣ буда, барои кишварҳои ниёзманд кӯмакҳои пулӣ ироа мекунад. Тибқи муқаррароти ин бонк, раиси намояндагии ин бонк дар Русия салоҳияти намояндагии манфиатҳои Тоҷикистону Белорусро дар ин муассиса дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG