Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносиботи кишварҳои аврупоӣ ба истиқлоли Косово


Аксарияти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо эълони соҳибистиқлолии минтақаи Косово аз Сербияро ҷонибдорӣ намудаанд.

Дар ҳоле, ки баъзе кишварҳои Аврупо ба шинохтаниистиқлоли Косово мухолиф баромаданд,бузургтарин кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар зудтарин фурсат истиқлоли ин кишварро ба расмият шинохтанд. Фаронса, Бритониё ва Олмон дар ин бора шоми дирӯз иттилоъ доданд. Аммо.
Анхел Моратинос, вазири корҳои хориҷаи Испониё, ки кишвараш яке аз мухолифони пештози шинохти мухторияти Косово мебошад, ҳаргуна мусолиҳа дар ин мавзуъро қотеъона рад намуд: “Ҳукумати Испониё иқдоми якҷонибаи порлумони Косоворо нахоҳад пазируфт. Мо онро ба расмият намешиносем, чунки мо бар ин боварем, ки он мухолифи қавонини байнулмилалӣ мебошад. Ҳукумати Испониё ҳамеша мувофиқи қонунҳои байнулмилалӣ амал мекунад“.
Испания, ки дар пешорӯи интихоботи порлумонии 9-уми март қарор гирифтааст, аз қазияи Косоворо ба манфиати худ истифода кардани минтақаҳои ҷудоихоҳаш хавф мебарад. Ба вежа минтақаи баскнишини ин кишвар ба ҳукумати Испониё мушкилиҳои зиёд эҷод мекунад.
Дар нишасти дирӯза Испониёро дар ин тасмимаш Қибрис (Кипр), Руминиё, Юнон, Словакия ва Булғористон пуштибонӣ кардаанд. Ба вижа Қибрис бар ин аст, ки вазъи он кишвар ба Сербия монанд аст. Миёнаравҳои СММ натавонистаанд ду қисми ин ҷазираро, ки дар яктоаш ҳукумати ба расмият шинохташудаии юнонӣ ва дар дигарш ҳукумати ақаллияти турктабор, ки онро танҳо Туркия пуштибонӣ мекунад, вуҷуд доранд, ба созиш биёранд.

Дмитрий Рупел, вазири корҳои хориҷии Словения, кишваре ки зимнан раёсати муваққатии Иттиҳодияи Аврупоро ба зима дорад, вазъи ба вуҷудомадаро чунин шарҳ медиҳад: “Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба шарҳи вазъият ба мавқеъи ягона расид. Иттиҳодия ҷонибдори он аст, ки ҳар як кишвари узви он метавонад дар бораи вазъи мавҷуда назари ҷудогонаи худро дошта бошад”.

Дар эъломияи Иттиҳодия омадааст, ки ҳар як узви он қарор дар бораи шинохтан ё нашинохтани истиқлолияти Косоворо худаш қабул мекунад. Рупел мегӯяд, ки шояд баъзе давлатҳо истиқлолияти Косоворо дар тӯли чанд рӯз, дигарон дар муддати чанд ҳафта шиносанд, қисмате аз кишварҳо ҳам шояд онро тамоман нашиносанд. Ин тасимим ба сарнавишти муносиботи ҳозираи иттиҳодия ва Косово таъсири фаврӣ нахоҳад дошт. Ҳамаи кишварҳои узв розӣ шудаанд, ки агар ҳукумати Косово дархост кунад ва кор дар ҳамоҳангӣ бо дабири кулли СММ сурат гирад, ба он 2 000 нафар мушовирони бахшҳои гуногун фиристода шаванд.

Аммо дар дурнамо миёни Косово ва иттиҳодия ба ризояти якдилонаи кишварҳои узви ИА ҳар гуна созишномаҳо ниёз ҳаст – аз ҷумла имзои санадҳо дар бораи ҳамкорӣ ё даъват ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо.

Фаронса аз нахустин кишварҳои аврупоӣ буд, ки истиқлоли Косоворо истиқбол намуд. Дертар ба Фаронса Бритониё, Итолиё ва Олмон ҳамроҳ шуданд. ИМА низ бо нашри баёнияи котиби давлатӣ Кондализа Райс соҳибистиқлолии Косоворо ба расмият шинохт.
Бернард Кушнер, вазири корҳои хориҷии Фаронса, тасмими мақомоти Приштинаро комёбӣ номид: “Ин бузургтарин комёбӣ барои Аврупо ва мардуми Косово мебошад, ва, албатта, ин дар ҳеҷ ваҷҳ барои Сербистон шикаст ҳисоб намешавад. Барои дӯстони сербитаборамон низ, ки ба зудӣ ба Иттиҳодияи Аврупо шомил мегардаанд, ин таҷриба комёбӣ хоҳад буд”.

Дар ҳамин ҳол Сербистон возеҳ эълом намуд ки чунин мавқеро ҷонибдори намекунад. Ҳукумати он эълом намуд, ки ҳеҷ гоҳ соҳибистиқлолии Косоворо ба расмият нахоҳад шинохт ва дар баробари раҳбарони Косово парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Вазири корҳои хориҷии Сербия Вук Еремич гуфт, ки ба узвияти Косово дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо монеъ мешавад. Русия низ эълони соҳибистиқлолии Косоворо маҳкум намуда онро нақзи қавонини байнулмилалӣ унвон намуд. Русия тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати роҳ надодани Косово ба СММ аз ҳаққи ветои худ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG