Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 17 феврал дар харитаи олам кишваре бо номи Косово зуҳур намуд. Аммо дар ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар ин бастагӣ ба хулосае наомаданд.

17-уми феврал дар ҷаласаи фавқулодаи Порлумони Косово дар шаҳри Приштина вакилони мардумӣ истиқлоли ин минтақа аз Сербияро эълон карданд. Сарвазир Ҳошим Тачӣ эъломияи истиқлолро қироат намуда, афзуд, ки Косово ба таҳкими сулҳу субот содиқ аст. Ҳамаи 109 вакили Порлумони Косово дастонашро боло бардошта, аз эъломия пуштибонӣ карданд. Дар ин ҷаласа вакилони мардумии сербтабор иштирок накарданд.

Вақте сарвазири Косова Ҳошим Тачӣ эъломияи истиқлоли ин устон аз Сербияро хонда, ин кишварро озоду соҳибистиқлол номид, тамоми вакилони мардумӣ рост хеста, ба ҳарфи ӯ гӯш медоданд.

"Мо, раҳбарони аз роҳи демократӣ интихоб шудаи мардум бо ин эъломия Косоваро кишвари соҳибистиқлолу демократӣ эълон мекунем. Ин эъломия таҷассумгари ҳаққи мардуми мо буда, бо машваратҳои фиристодаи хоси СММ Мартӣ Аҳтисаарӣ ҳамоҳанг мебошад. Мо Косоворо ҷумҳурии демократӣ, дунявӣ ва бисёрмиллате меномем, ки бар пояи усули адами табъиз ва ҳимояти баробари ҳама тибқи қонун амал мекунад. Мо ҳуқуқи ҳамаи ҷамоаҳои Косоворо ҳимояту пуштибонӣ намуда, шароити мушорикати муассири онҳо дар равандҳои сиёсиро фароҳам меорем."

Дар эъломияи иборат аз 12 саҳифа Косово худро кишвари пуштибони сулҳу субот номида, таъкид кардааст, ки ҷонибдори ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои минтақа мебошад. Тибқи барномаи фиристодаи финландии СММ Мартӣ Аҳтисаарӣ истиқлоли Косово таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад буд.

Сербия мухолифи ин барнома буда, бо кумаки муттафиқаш - Русия дастгирии эъломияи соҳибистиқлолии Косово дар Шӯрои Амнияти СММ-ро мутаваққиф намуд. Борис Тадич президенти Сербия мегӯяд, Белград аз тамоми имконоти осоиштаву дипломатӣ барои лағви соҳибистиқлоли Косово кор мегирад.

"Сербия кори аз дасташ меомадаро хоҳад кард, то монеи эъломияи якҷониба ва ғайришаръии истиқлол шавад. Сербия ҳеҷ гоҳ соҳибистиқлоли Косоворо эътироф намекунад. Сербия бо истифода аз васоити осоишта, дипломатӣ ва шаръӣ аксуламал нишон дода, саъй хоҳад кард, ин амали ниҳодҳои Косоваро боитл намояд. Сербия аз ниҳодҳои байналмилалӣ хост ин амали мухолифи қонунҳои байналмилалиро аз эътибор соқит кунанд."

Дар кӯчаҳои Приштина ҳазорҳо нафар ба ҷашни соҳибистиқлолӣ баромаданд.

Дар маркази Приштина як шахсе, ки ахиран аз Албания ба Косово баргаштааст ба Радиои Озодӣ гуфт, ки замоне аҷдодони ӯ аз Косово ба Албания фирор карда буданд, вале ӯ имрӯз бо сари баланд ба ватан бармегардад.


Як рӯзи қабл аз эъломи истиқлол ақаллияти сербтабори Косово ба нишони эътироз аз истиқлоли Косово гирдиҳамоӣ ташкил карда буд. Ҳамин гуна раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Белград ва шаҳри ҷудошудаи Митровитсаи Босния Ҳертсеговина доир шуд. Ҷураҷ ном шахсе дар Митровитса ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт:

"Ман аз ҷумҳурии сербҳои Босния ба ин ҷо омадаам, то ҳамроҳ бо ҳамватанонам бузургтарин найранги Иттиҳодияи Аврупо ва ҷмоеаи ҷаҳониро тамошо кунам."

Ҳафтаи равон ирсоли 1800 афсару сарбози нерӯҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Косово шурӯъ мешавад. Дар ибтидои моҳи июн нерӯҳои СММ назорати назму суботи ин кишварро ба нерӯҳои Иттиҳодияи Аврупо месупоранд. Сар аз соли 1999 аз замони беруншавии нерӯҳои Сербия амнияти Косоворо нерӯҳои СММ таъмин мекунанд.

Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз ИМА ва як идда мамолики Иттиҳодияи Аврупо истиқлоли Косоворо ба расмият мешиносанд. Сербия ва Русия таъкид мекунанд, ки ҳузури нерӯҳои иттиҳодияи Аврупо дар Косово ғайри қонунӣ хоҳад буд.

Сербия гуфтааст, ки тамоми имконоти дипломативу иқтисодиро бар муқобили эътирофи истиқлоли Косово истифода мебарад. Ҳукумати Сербия дар таърихи 15-уми феврал қароре ба тасвиб расонида, иброз дошт, ки эъломияи якҷонибаи истиқлоли Косово эътибори қонунӣ нахоҳад дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG