Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авоқиби эъломи мухторияти Косово дар ҷаҳон


Ҳафтаи оянда Иттиҳодияи Аврупо ба мустақарсозии нерӯҳои интизомии худ дар Косово шурӯъ хоҳад кард.

Муҳлати таъйиншуда барои изҳори назар ва эътирози кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба ин иқдом поён ёфт.
Ба иттилоъи расмӣ, ҳудуди 2 000 кормандони пулис, додситонӣ ва додгоҳӣ аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ба ҷуз Малта) дар Косово ҷойгир шуда, тайёранд ба мақоми маҳаллӣ дар мубориза бо помолшавии ҳуқуқи башар, фасоду ришват ва ҷинояткории муташаккил кумак кунанд. Ба ин ҳайъат, ки EULEX номгузорӣ шудааст, аз ҳама бештар намояндагони Олмон ва Италия шомиланд. Ҳамчунин намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Туркия ва Хорватия низ изҳор кардаанд, ки ба ин ҳайъат ҳамроҳ хоҳанд шуд.
Интизор меравад, ки имрӯз Косово, ки минтақаи асосан албанинишин аст, истиқлоли худ аз Сербистонро эълон кунад. Ва аммо ахиран Ҳошим Тачӣ, сарвазири Косово, дар як нишасти хабарӣ аз ошкор кардани санаи эълони истиқлоли минтақа сарпечӣ кард ва дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шояд эълони истиқлол то мустақаршавии комили нерӯҳои Иттиҳодияи Аврупо мавқуф гузошта шавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Белград ва Маскав ба беруншавии Косово аз ҳайъати Сербистон мухолифанд ва иддаъо мекунанд, ки баъд аз дарёфти мухторият албанитаборҳои Косово сербҳои маҳаллиро мавриди таъқибу фишор қарор хоҳанд дод.
Вале мақомоти Косово ваъда додаанд, ки риъояти ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллиро таъмин хоҳанд кард. Ҳошим Тачӣ дар нишасти хабарӣ дар Приштина, ба вижа, ба ҷилавгирӣ аз ҳама гуна маҳдудсозии ҳуқуқҳои сербҳои муқими минтақа таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки дар Косово демократия барои ҳама миллатҳо сохта хоҳад шуд.
Иттиҳоди Аврупо дар бораи мустақаршавии нерӯҳояш дар Косово баъд аз анҷоми маросими савгандёдкунии Борис Тадич, раисиҷумҳури тозаинтихобшудаи Сербистон, хабар дод.
Коршиносон ва сиёсатмадорони Белград ва Маскав хушдор медиҳанд, ки истиқлоли Косово барои сиёсати ҷаҳонӣ ду пайомади сангин хоҳад дошт: нахуст, ин кишвар метавонад ба паноҳгоҳи ифротгароҳои исломӣ табдил ёбад, ки моҳҳои ахир, ба гуфтаи онҳо, теъдодашон дар Косово ба карат афзудааст. Бархе ҳатто кишвари исломӣ эълон шудани Косоворо баъид намедонанд, ки ин фарзияро сарвазири Косово қатъан рад кард. Аз сӯи дигар, намунаи Косово беш аз 200 минтақаи ҷудоихоҳи олам, аз ҷумла, дар Испанияву Фаронса ва Қафқозро барои дарёфти истиқлол такон хоҳад дод, ки ин ҷунбиши ҷудоихоҳӣ шояд ба низоъҳои тулонӣ ва хунин бипечад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дирӯз баъд аз мулоқот бо намояндагони Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ изҳор кард, ки дар сурати эътироф шудани Косово аз сӯи кишварҳои аврупоӣ Русия сиёсати худ дар мавриди ин кишварҳои ҷудоихоҳи қафқозиро таҷдиди назар мекунад. Қаблан ӯ гуфта буд, ки Русия мухторияти Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро ба таври оҷил эътироф нахоҳад кард ва коршиносон ба вожаи «ба таври оҷил” таваҷҷуҳ карданд ва ҳадс заданд, ки баъди чанд муддат аз эътирофи Косово аз сӯи ИМА ва кишварҳои аврупоӣ Маскав ҳам ин ду минтақаи ҷудоихоҳи қафқозиро ба расмият хоҳад шинохт.
Ба гуфтаи коршиносон, ин амал дар навбати худ, оташи низоъи алҳол хомушгашта миёни Маскаву Тифлисро шояд дигарбора аланга диҳад.
XS
SM
MD
LG