Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Татяна Короткевич - нахустин зани номзади интихоботи президентии Беларус


Комиссияи маркази интихоботии Белорус чаҳор номзади интихоботи раёсати ҷумҳуриро, ки 11 октябр баргузор мешавад, сабти ном кард.

Комиссияи маркази интихоботии Белорус чаҳор номзади интихоботи раёсати ҷумҳуриро, ки 11 октябр баргузор мешавад, сабти ном кард. Бори аввал дар ин интихобот як зан – фаъоли ҷунбиши мухолифи “Ҳавари Правду” (“Рост бигӯ”) Татяна Короткевич номзад шуд. Короткевич аз раҳбарони КМИ даъват кард, ки номзадии раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенкоро, ки аз соли 1994 сари қудрат аст, ба қайд нагиранд. “Вай эҳтимолан монда шуда, бояд ба истироҳат равад”, -- изҳор доштааст Короткевич.

Вай даъвати бархе аз фаъолони мухолифро барои радди номзадиаш ва бойкот кардани интихобот ҳамчун маъракаи ноозод ва нодилона рад намуд. Ба ғайр аз Лукашенко ва Короткевич дар ин интихобот ҳамчунин раиси Ҳизби либерал-демократӣ Сиарҳей Ҳайдукевич ва раҳбари Ҳизби ватанхоҳи Белорус Николай Улахович сабти ном шудаанд. Ду номзади дигар Виктор Терешенко ва Жана Романовская ба далели ҷамъ карда натавонистани имзои 100 000 ҷонибдорони худ номнавис нашуданд.

Нахустин зани номзад ба раиси ҷумҳурии Белорус аз Лукашенко даъват дорад, ки ба истироҳат равад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

XS
SM
MD
LG