Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, интизори ниҳоӣ шудани асноди созиш миёни Эрон ва кишварҳои гурӯҳи «5+1» аст, то маҳдудиятҳоро аз «Kont Investment bank» лағв кунад.

Бонки миллӣ моҳи марти соли равон зимни як нома аз бонкҳои дигари Тоҷикистон хоста буд, ки ҳамкориҳо бо «Kont Investment bank» қатъ кунанд.

Он замон расонаҳои хабарӣ навишта буданд, ки «Kont Investment bank», ба соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дорад ва сармояи оинномавиаш 500 миллион сомонӣ, ё чизе беш аз 100 миллион доллар аст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти «Kont Investment bank» бар асоси муроҷиати сафорати Амрико дар Душанбе бо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маҳдуд шуд ва ҳоло ҳамчунин як санаде ворид нашудааст, ки ин маҳдудиятҳо лағв шаванд:

«Агар ба мисли гузашта тариқи вазорати корҳои хориҷӣ аз сафорати Амрико ягон ҳуҷҷат ба мо дастрас шавад, раҳбарияти Бонки миллӣ тасмим хоҳад гирифт, ки маҳдудиятҳои эълоншударо лағв кунад. Аммо то он дам, ки таҳримҳо аз ҷониби Амрико бардошта намешаванд, маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд. Ҳоло санаде дар даст надорем»

Ҳафтаи гузашта кишварҳои гурӯҳи «5+1» ва Эрон сари барномаи ҳастаии ахирӣ ба як қатор созиш даст ёфтанд, аз ҷумла Амрикову Аврупо ӯҳдадор шуданд, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эронро то ним соли дигар коҳиш диҳанд ва дар ин муддат таҳрими ҷадид ҷорӣ накунанд.

Моҳи январи соли равон Иттиҳоди Аврупо «Asian Express Airline»-и Тоҷикистонро ба далели рабт доштанаш ба Бобаки Занҷонӣ таҳрим кард. Ба дунболи он раёсати дороиҳои вазорати молияи Амрико маҳз бо ҳамин далел «Kont Investment bank»-ро ба рӯйхати ширкатҳои таҳримшуда ворид намуд.

Дар гузашта раҳбарияти «Kont group Tajikistan”, ки ба ҷуз «Asian Express Airline», боз панҷ ширкати дигарро муттаҳид мекунад ва ҳамкори «Kont Investment bank» ба шумор меравад, эътироф карда буд, ки таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба фаъолияти ширкати ҳавонавардӣ ва бонк бетаъсир намондаанд. Аз ҷумла ширкати ҳавонавардӣ наметавонад тайёраҳои ҷадиди «Эйрбас»-ро вориди хоки Тоҷикистон кунад ва парвозҳои байнулмилалиро анҷом диҳад. Бонки Миллии Тоҷикистон «Kont Investment bank»-ро ҳамчунин аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок дар аҳдҳои муштариёни ташкилоти қарзӣ маҳрум карда, аз дигар бонкҳо хоста буд, ки бо ин бонк ҳамкорӣ накунанд.

Далер Мерганов, сухангӯи «Kont group Tajikistan” мегӯяд, ҳолдинг то ба ҳол сари ин мавқеъ устувор аст, ки дар ҳамдастӣ бо Бобаки Занҷонӣ иддае аз ширкатҳояшро таъсис дод, вале сипас соҳибкори эронӣ саҳми худро ба як шаҳрванди Туркия фурӯхт:

«Аз оғози эълон шудани таҳрим роҳбарияти ҳолдинг ба ин умед буд, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо сари онҳо таҷдиди назар мекунанд. Фаъолияти ҳолдинг ба тақвияти низоми бонкдорӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, аз ин хотир, лағви таҳримҳоро саривақтӣ меҳисобад. Аз оғоз ба ин бовар доштем. Ҳоло, ки марҳалаи аввали лағви таҳримҳо шурӯъ шудааст, хеле хушнуд ҳастем ва бовар дорем дар оянда онҳо пурра аз миён мераванд», гуфт Мерганов.

Ба манзури фаҳмонидани моҳияти таҳримҳо алайҳи Эрон моҳи июли соли равон гурӯҳи 8-нафараи коршиносони мустақил, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ ташкил шуда буд, ба Душанбе омад. Ин ҳайат бо мақомоти раҳбарии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, амният ва ҳам намояндагони бахши хусусӣ мулоқот анҷом дод ва ҳадаф дошт танҳо фаҳмонад, ки барномаи ҳастаии Эрон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарнок аст.

«Asian Express Airline» ва «Kont Investment bank» ширкатҳои мушаххаси Тоҷикистонанд, ки ба рӯйхати таҳримҳо афтодаанд. Аммо ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати Озодӣ аз сафорати Эрон дар Душанбе, таҳримҳо ба тарҳҳои дигари миёни ду кишвар, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳо, нақби «Истиқлол» ва ҳатто рӯи кор омадани телевизиони муштараки форсӣ – «Наврӯз» ҳам таъсири худро расонданд. Вай афзуд, Тоҷикистону Эрон маҷбур шуданд, ки бо таъсиси як ширкати хусусии муштарак таҷҳизот барои телевизионро аз Олмон ворид кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои вазорати савдо ва рушди иқтисоди Тоҷикистон, гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон тайи нӯҳ моҳи соли 2013 229 миллион долларро ташкил дод, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 33 дарсад зиёд аст.
Дар ин вазорат ба «Озодӣ» гуфтанд, ки таҳримҳо ба додугирфти тиҷории миёни ду кишвар таъсири ҷиддӣ надошт.
XS
SM
MD
LG