Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд медали нуқра ба даст овард.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, рӯзи шанбеи 3 октябр дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) соҳиби медали нуқра гардид.

Вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Темур Болат (Қазоқистон) ғолиб омад. Баъдан Патрик Сиечомскии лаҳистониро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Комроншоҳ дар нимфинал бар Шералӣ Ҷӯраев (Узбакистон) пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Марк Одентҳал (Олмон) мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.Дар вазни зери 90 кило 26 нафар гуштигирон қувваозмоӣ карданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд, ки рӯзҳои 1-3 октябр баргузор шуд, ҳамагӣ 354 гуштигир (199 мард ва 155 зан) аз 52 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 гуштигир намояндагӣ кард. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Авазхон Тӯймуродов (Узбакистон), дар даврҳои минбаъда аз Евгений Бородавко (Латвия) ва Соиб Қурбонов (Узбакистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Вале ҳафт паҳлавони дигари тоҷик – Хаёмиддин Ҷабборов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду – 73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Аминҷон Ҷалолов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) - дар нахустин рақобати худ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медали тилло ҷойи аввалро соҳибӣ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медали тилло ва як нуқра дувум ва мунтахаби Узбакистон бо касби як медали тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ севум шуданд.

Тоҷикистон бо касби як медали нуқра дар байни 52 кишвар дар мақоми 15-ум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон

60 кг

1. ОШИМА Юма (Ҷопон)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Ӯзбекистон)
3. БЕСТАЕВ Отар (Қирғизистон)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Ӯзбекистон)

66 кг

1. АБЕ Хифуми (Ҷопон)
2. МА Дуанбин (Чин)
3. ДАВДОН Алтансух (Муғулистон)
3. ШЕРШАН Дмиртий (Беларус)

73 кг
1. ШАРИФОВ Миралӣ (Ӯзбекистон)
2. САРАИВА Нуно (Португалия)
3. БОБОЕВ Ғиёсҷон (Ӯзбекистон)
3. ХОНГ Кук Хуон (Кореяи Шимолӣ)

81 кг
1. ТОМА Сергиу (Имороти Муттаҳидаи Араб)
2. ВОРОБЁВ Иван (Русия)
3. СОКНАИ Ласло (Маҷористон)
3. КАЛКАМАНУЛИ Азиз (Қазоқистон)

90 кг
1. ОДЕНТҲАЛ Марк (Олмон)
2. УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Тоҷикистон)
3. ҶӮРАЕВ Шералӣ (Ӯзбекистон)
3. ЗГАНК Михаел (Словения)

100 кг
1. ВОЛФ Аэрон (Ҷопон)
2. КУМРИК Златко (Хорватия)
3. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
3. ҚУРБОНОВ Сойиб (Ӯзбекистон)

+100 кг
1. НИШИГАТА Кента (Ҷопон)
2. БАТТУЛГА Темуулен (Муғулистон)
3. АЛЛЕРСТОРФЕР Даниел (Австрия)
3. БРЕИТБАРТХ Андре (Олмон)

Занон

48 кг
1. МУНКХБАТ Урансесег (Муғулистон)
2. ҶЕОНГ Бо Кёнг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
3. ГАЛБАДРАХ Отгонсесег (Қазоқистон)

52 кг
1. БОБОМУРОДОВА Гулбадан (Туркманистон)
2. ЕРТЛ Мариа (Олмон)
3. КОХЕН Гили (Исроил)
3. ГНЕТО Приссила (Фаронса)

57 кг
1. КИМ Ҷан-Ди (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ЗАБЛУДИНА Ирина (Русия)
3. ЛИЮ Янг (Чин)
3. РЕСЕВУ Хелен (Фаронса)

63 кг
1. ГВЕН Едвиг (Италия)
2. ДРЕКСЛЕР Ҳилде (Австрия)
3. КАТИПОГЛУ Бусра (Туркия)
3. ЖАБО Франсиска (Маҷористон)

70 кг
1. КИМ Сеонгеон (Кореяи Ҷанубӣ)
2. СТАМ Естер (Гурҷистон)
3. КЛИШ Катарҷина (Лаҳистон)
3. ЖУ Чао (Чин)

78 кг
1.ПОВЕЛЛ Натали (Британияи Кабир)
2. МАЛОНГА Маделеине (Фаронса)
3. ГИББОНС Гемма (Британияи Кабир)
3. СОЛ Кионг (Кореяи Шимолӣ)

+78 кг
1. КИМ Минҷеонг (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Ма Сиси (Чин)
3. САУИТ Кайра (Туркия)
3. ҶУ Сонг (Чин)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG