Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқаи дзюдои Тошканд ғолиб омад, аввалин қаҳрамони Осиё аз Тоҷикистон гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Тошканд - пойтахти Узбакистон – баргузор шуд, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 килограмм ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тило шуд.

Комроншоҳ дар даври аввал бар Иёл Салмон Ҳамад аз Урдун ва дар даври дувум бар Автар Сингҳ аз Ҳиндустон ғолиб омад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Шералӣ Ҷӯраеви узбакистонӣ дастболо шуд ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон Юсуке Кобаяши пирӯз гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тошканд дар сабқати мардон дар се вазн гуштигирони Муғулистон Алтансух Довдон (то 66 кг), Дагвасурен Нямсурен (то 81 кг) ва Тувшинбаяр Наидан (то 100 кг) медалҳои тило ба даст оварданд. Дар ду вазн варзишгарони Ҷопон Соичи Ҳашимото (то 73 кг) ва Кокоро Кагеуро (Ҷопон) ғолиб омаданд. Дар вазни то 60 кг медали тило насиби намояндаи Қазоқистон Елдос Сметов гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар Тошканд, ки миёни мардону занон сурат гирифт, ҳамагӣ 233 варзишгар (136 мард ва 97 зан) аз 31 кишвар ширкат дошт.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт гуштигир дохил буд, ки ҳама дар сабқати мардон рақобат намуданд. Дар ин мусобиқаи қитъавӣ ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён, ҳамчунин Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду - то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саидҷамол Алимардонов (ҳарду - то 81 кг) , Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг) Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Се нафар - Шӯҳратҷони Фархизода, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Чаҳор гуштигири дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва се ҷойи ҳафтум дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми шашумро касб кард. Ҷопон бо 4 медали тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷойи аввалро гирифт. Муғулистон (4-1-6) дар зинаи дувум ва Қазоқистон (3-2-4) дар зинаи севум ҷойгир шуданд. Дастаи мизбон – Узбакистон - бо 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ баъди мунтахаби Тоҷикистон, ҷойи ҳафтумро азони худ кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи олимпии варзиш сар аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 14 медал – 1 тило, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд.

Бояд тазаккур дод, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст.

Дар ин пирӯзиҳои Комроншоҳ саҳми падараш, мураббии варзидаи гуштӣ Усто Устопиров ва устоди феълиаш, мутахассиси маъруфи русиягӣ Владимир Елчанинов бузург аст. Воқеан, Елчанинов мураббии Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин, буд.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт дар вазни то 90 кг ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

Комроншоҳи Устопириён соли 1993 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ ғолиби Гран-прии ҷудо-2014 дар Остонаи Қазоқистон мебошад. Вай порсол дар Гран-прии ҷудо дар Узбакистон дувум шуда, соҳиби медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувайт ва медали нуқраи Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван шудааст.

Аз соли 2012 ба ин сӯ, Комроншоҳи Устопириён ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли Тоҷикистон шомил мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG