Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги таҳримҳо ба ҷанги "Роснефт" бо "Коммерсант" печид


Гузориши "Коммерсант" дар бораи таҳримҳои ҷавобии Русия ба Ғарб, ки гӯё ширкати "Роснефт" пешниҳод кардааст, раҳбарони ин ширкатро ба ғазаб овард.

Ширкати “Роснефт”-и Русия таҳдид кардааст, ки барои пахши гузориш оиди таҳримоти ҷавобӣ алайҳи ширкатҳои ғарбӣ, нашрияи “Коммерсант”-и чопи Маскавро ба додгоҳ мекашад. “Коммерсант” дар таърихи 29 октябр навишт, ки “Роснефт” ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин таҳримоти ҷавобӣ ба ширкатҳои ғарбиро пешниҳод кардааст.

Ба навиштаи “Коммерсант”, ин пешниҳод ҳамкорӣ дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ва гӯронидани партовҳои ҳаствӣ дар Русияро маҳдуд мекунад. Бар пояи ин пешниҳод, ҳамчунин моликияти кишварҳои ғарбӣ ва шаҳрвандони он дар қаламрави Русия бояд мусодира шаванд.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия вуҷуди ҳамин гуна як пешниҳод аз тарафи “Роснефт” дар робита ба таҳримотро рад кард, аммо сӯҳбатҳои ёвари раиси ҷумҳур Андрей Белоусов ва Алексей Улюкаев, вазири иқтисоди Русия ба навбати худ суханони Песковро рад мекунанд.

Хабаргузории давлатии Русия - ТАСС аз қавли Песков гуфт, ки ин гуна пешниҳод вуҷуд надорад, дар ҳоле ки ҳамин хабаргузорӣ бо такя ба гуфтаи ёвари президенти Русия Андрей Белоусов навиштааст, ки пешниҳоди “Роснефт” “мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дорад.” Хабаргузории дигари Русия - “Интерфакс” - аз қавли Алексей Улюкаев мегӯяд, ки пешниҳоди “Роснефт” “як санади бисёр печида аст” ва Улюкаев гумон надорад, ки он барои қабули қароре замина шавад.

“Коммерсант” гуфтааст, ки маълумотро дар бораи ин пешниҳод аз мақомоти Русия дарёфт кардааст. “Роснефт” дар изҳороти худ гуфтааст, ки нашри ин матлаб онҳоро дар ҳоли шок қарор дод ва онҳо метавонанд нашрияро ба додгоҳ бикашанд.

Сечин ва Путин

Сечин ва Путин

Давлатҳои ғарбӣ дар посух ба ишғоли Қрим ва кумак ба ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украина бар зидди Маскав чанд даври таҳримотро ҷорӣ кардаанд. Таҳримот саноати калидии Русия ва нафарони наздик ба Владимир Путин, аз ҷумла “Роснефт” ва раҳбари он Игор Сечинро ҳадаф қарор додааст. Сечин дар гузашта муовини раиси маъмурияти Кремл буд ва аз наздиктарин ёрони Путин ба шумор меравад.

Маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб ба “Роснефт” зарба зад, то ҷойе ин ширкат барои пӯшиши хисороташ, ки аз таъсири таҳримот ба вуҷуд омадаанд, аз ҳукумат маблағҳои иловагӣ тақозо кардааст.

Ширкати нафти Британия BP рӯзи 28 октябр гуфт, дар семоҳаи сеюҷми соли равон назар ба 800 милион доллар фоидае, ки дар семоҳаи сеюми соли 2013 аз ҳамкорӣ бо “Роснефт” дарёфт карда буд, 110 миллион камтар фоида ба даст овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG