Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Политбюро"-и махфии Владимир Путин


“Президенти Русия Владимир Путин ҳукумати хусусиеро таъсис додааст, ки шабеҳи “политюро” –и Шӯравист.

Бо ишора ба гузориши ду сиёсатшиноси рус аз Ҳолдинги “Минченко консалтинг” рӯзномаи “Коммерсант” ҳукумати таъсисдодаи президенти Русия, Владимир Путинро ба "политбюро"-и замони Шӯравӣ монанд карда, дар бораи ҷойгоҳи худи ӯ чунин менависад: “Дар ин ҳукумат Путин нақши миёнрави байни кланҳо ва гурӯҳҳои бонуфузро мебозад.”

Гузориш дар бораи “Ҳукумати бузурги Владимир Путин ва Политбюро 2.0” – ро сиёсатшинос Евгений Минченко якҷо бо Кирилл Петров, раҳбари бахши байналмилалии Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ, бар пояи пурсиши 60 намояндаи сатҳи олии сиёсат ва тиҷорати Русия таҳия кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон Путин дар амал тамоми ҳукумати иҷроияро ба даст гирифтаст. Ӯ дар бо таъсиси як идора дар маъмурияти президент ва ҷалби вазирони собиқ, гурӯҳеро созмон додааст, ки дар асл аз салоҳиятҳои баробар ба кабинети нахуствазир бархӯрдор ҳаст. Гузориш мегӯяд, ақидаи машҳуре, ки гӯё Путин “ҳукумати амудӣ” ё “вертикал власти”- ро бунёд кардааст, иштибоҳ аст. Дар асл президент танҳо нақши арбитр ё “довар” дар байни кланҳои вориди рақобатро мебозад.

Гузориш мегӯяд, онҳое, ки дар тасмимгириҳо иштирок мекунанд, ба ҳайати “политбюро 2.0” шомиланд. Сиёсатшиносон аз ҳашт нафар ном мебаранд, ки дар раддаи аввали он нахуствазир Дмитрий Медведев қарор дорад. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин раҳбари “Роснефт” Игор Сечин ворид шудааст, ки мехоҳад бозингари аслии соҳаи маводи сӯхту энержӣ бошад ва ҳамчунин ба таври ғайрирасмӣ бар идораҳои қудратӣ нуфуз дорад. Ба “политбюро” инчунин соҳибкорон Геннадий Тимченко ва Юрий Ковалчук, раҳбари корпоратсияи давлатии “Ростехнология” Сергей Чемезов, мири Маскав Сергей Собянин ва раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Сергей Иванов шомил ҳастанд.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки “политбюро”-и Путин ба мисли ниҳоди ҳамноми он дар замони шӯравӣ мақоми “номзад ба узвияти политбюро”-ро низ дорад. Ин гурӯҳ аз 45 нафари мавриди эътимод иборат буда, дар навбати худ ба “блок” ё бахшҳо ҷудо шудааст. Вазири мудофеа Анатолий Сердюков, раҳбари хадамоти амнияти президент Виктор Золотов ва раҳбари шӯрои “Сбербанк” Герман Греф дар “бизнес-блок” ба ҳам омадаанд. Ба “блоки сиёсӣ” раҳбари калисои православи Русия Кирилл, раҳбарони аҳзоби сиёсии парлумон ва соҳибкор Михаил Прохоров шомил шудаанд. Раисони баъзе аз минтақаҳо, бо шумули сарварони Тотористон ва Чеченистон, Рустам Минихонов ва Рамзан Қодиров “номзад ба узвияти политбюро” будаанд.

Евгений Минченко
Евгений Минченко
Евгений Минченко мегӯяд, дар амал моделе бунёд шудааст, ки бе Путин кор намекунад. “Ин сохтор бо назардошти сар ба сар задани манфиатҳо ва салоҳиятҳо сохта шудааст. Дар ин сохтор довари олӣ тасмим мегирад, ки кадом қазия бо кадом шакл ҳал шавад. Рақобат дар байни гурӯҳҳо” тавони дастболо шудани ҳар гурӯҳеро аз байн мебарад ва нақши раҳбари олиро муҳимтар мекунад."

Аммо Глеб Павловский раҳбари “Фонд эффективной политики” мегӯяд “ҳеҷ гуна Политбюро вуҷуд надорад. Кланҳое, ки гузориш аз онҳо ёдовар шудааст, гурӯҳи пӯшидаест, ки бо истифода аз мавқеи худ фоидаи сиёсӣ ва моддӣ мебардорад." Павловский мегӯяд “инҳо афродеанд, ки сохтори сиёсиро барои таҳкими пояҳои иқтисодии худ истифода мебаранд. Ин аст, ки барои нуфуз ва манобеъ ҳамеша бо ҳам дар ҳоли рақобат қарор доранд. Путин бошад кафолат ва ё бимаи ин сохтор аст,” – мегӯяд Глеб Павлоский, раҳбари “Фонд эффективной политики”.
XS
SM
MD
LG