Пайвандҳои дастрасӣ

23 боғчаи вилояти Сурхандарё шабона ба "фоҳишахона" табдил мешуд. ВИДЕО


Дар ҷараёни тафтиши мавзуи боғчаҳои вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон, ки кӯдаконро рӯзона озору азият медоданд ва шабона боғчаҳоро ҳамчун "фоҳишахона" истифода мебурданд, маълум шуд, ки ин падида тақрибан дар ҳамаи боғчаҳо ҷорӣ шудааст.

Мақомоти Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки ҳоло тафтишот идома дорад. Як манбаъ аз додстонии вилояти Сурхандарё хабар медиҳад, шумори боғчаҳое, ки ҳамчун фоҳишахона истифода мешуданд, хеле зиёд аст.

"Мо аз маҷмуи 290 боғча 23-тоашро тафтиш кардем. Ҳамаи 23 боғча шабона ба фоҳишахона табдил мешуданд, кормандони боғчаҳо бошанд, "даллагӣ" мекардаанд. Дар яке аз боғчаҳои вилояти мазкур озору азияти кӯдакон ҳам ошкор шуд", - афзуд манбаъ аз додситонӣ.

Ҳукумати вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон мегӯяд, масъалаи ташкили фоҳишахонаҳо дар боғчаҳо дар ҷаласаи махсуси вилоятӣ баррасӣ шудааст. Бино бар иттилои ҳукумати вилоят, то санаи 3 март 20 мудири боғча аз кор озод шудааст.

Чанде аз волидони кӯдакон мегӯянд, баъд аз озору азият фарзандонашон бемор шуданд. 22 феврал Саломат Каримова - мураббии боғча, ки кӯдаконро бо корд тарс медод, дар додгоҳ муҳокима шуд. "Вай 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд. 2 корманди дигари боғчаи рақами 10 дусолӣ зиндонӣ шуданд", - хабар медиҳад яке аз ҳамсуҳбатони бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Видеои такондиҳанда: кӯдаконро бо корд таҳдид мекарданд

Як навори видеоӣ дар бораи ташкили фоҳишахона ва озору азияти кӯдакон дар чанд боғчаи бачагона дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон баҳси тундеро ба по кардааст. Намояндаи додситонии вилояти Сурхондарё рӯзи 1 март ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, дар пайи таҳқиқи ин ҳодисаҳо ду посбони боғчаи бачагона ба 3-солии зиндон маҳкум ва то даҳ корманди масъул аз кор ронда шудаанд. Ӯ афзудааст, "чунин воқеа дар боғчаҳои бачагонаи 2 ва 23-и шаҳри Тирмиз сабт ва мудирони ин кӯдакистонҳо аз кор ҷавоб шуданд. Чораҳои ба ин монанд нисбат ба мудирони кӯдакистонҳои ноҳияи Деҳнаву Ангор низ андешида шуд. Мудири маорифи Деҳнав Сувонов Ҳайдар Умарович аз мақомаш барканор гардид."

Аммо рӯзи 1 март дар идораи маорифи вилояти Сурхондарё дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодиса аслан хабар надоранд ва гӯширо гузоштанд.

Рейде, ки вилоятро такон дод

Навори озору азияти кӯдакон ва ташкили фоҳишахона дар баъзе аз боғчаҳои бачагона моҳи феврали имсол тавассути телевизиони маҳаллии шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё намоиш дода шуд. Ҳоло ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ "кӯчида", баҳси доғеро миёни корбарон барангехтааст. Мақомот мегӯянд, гузориши телевизиони маҳаллӣ бар пояи маводи мақомоти пулис таҳия шудааст, ки моҳи ноябри соли гузашта бо насби дурбинҳои назоратӣ дар боғчаҳои бачагона ба даст омад.

Як намояндаи додситонии Сурхондарё ҳам гуфт, "ҳангоми рейд дар кӯдакистонҳои 2 ва 23-и шаҳри Тирмиз камераҳо насб карда шуд. Баъдан посбонҳои ин кӯдакистонҳо Муҳиддин Мӯсоев ва Рустам Аллаёров ҳангоми ҷиноят, яъне ташкили фоҳишахона дар кӯдакистон дастгир гардиданд. Додгоҳ ин ду нафарро бар асоси моддаи 131-и Кодекси ҷиноятии Узбакистон -- "даллагӣ" ба се соли зиндон маҳкум кард."

Намояндаи ҳукумати вилояти Сурхондарё низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, дар бораи, ба қавли ӯ, "бадахлоқии кормандони кӯдакистонҳо" дар шаҳри Деҳнав, Ангор ва Тирмиз охири ҳамин ҳафта ҷаласаи махсус баргузор шавад. Ӯ гуфт, ҳарчанд то кунун наздик ба даҳ нафар барои бепарвоӣ аз кор ронда шудаанд, "аммо ҳанӯз охири кор нест".

"Забонатро... мебурам"

Танҳо ҷазои як мураббӣ, ки кӯдаки то сесола дорад, ба таъхир партофта шудааст. Вақте бачааш сесола шуд, ӯ барои адои ҷазо ба зиндон фиристода мешавад.

Дар бахше аз видое, ки тавассути телевизионҳои маҳаллӣ дар Сурхондарё намоиш дода шуд, мураббиён дар ҳоли тарс додани кӯдакон бо корд ҳам тасвир ёфтаанд. Дар навор дида мешавад, ки корманди яке аз боғчаҳои бачагона кӯдаконро ҷисман ва рӯҳан азоб медиҳад. Барои мисол, ин мураббӣ кордро бардошта, ба кӯдакон таҳдид мекунад, ки забонашон ё ягон узви муҳими дигарашонро бурида мепартояд. Ҳангоми ин амал кормандони дигари кӯдакистон, ки шоҳиди ҳол буданд, баланд механданд.

Корманди додситонии Сурхондарё гуфт, "ҳангоми таҳқиқ маълум шуд, кормандони боғчаи бачагонаи Деҳнав бачаҳоро тарсонда ва фишори равонӣ меоранд. Дар робита ба ин кор низ як парвандаи алоҳида боз шуда, бархеи муттаҳамон аллакай ҳукм гирифтаанд. Танҳо ҷазои як мураббӣ, ки кӯдаки то сесола дорад, ба таъхир партофта шудааст. Вақте бачааш сесола шуд, ӯ барои адои ҷазо ба зиндон фиристода мешавад."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG