Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди дигарбораи Эмомалӣ Раҳмон ба "шукрона"


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле ки аз даргириҳо дар гӯшаҳои дунё нигаронӣ мекард, бори дигар аз сокинони кишвар хост, ки шукронаи, ба гуфтаи ӯ, “зиндагии орому осудаи Ватанро кунанд”. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 сентябр дар мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод, Комсомолободи собиқ, гуфт, бояд волидону зиёиён ба ҷавонон оқибатҳои пайвастан ба гуруҳҳои ифротгароро фаҳмонанд ва аз ин тариқ аз ҳар гуна ташаннуҷи авзоъ ҷилавгирӣ кунанд.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва Чормағзаку Шаршарро аз комёбиҳои умдаи раёсати ӯ дар 24 соли раҳбариаш мешуморанд.

Оқои Раҳмон дар ин суҳбаташ ибрози таассуф кард, ки “баъзе ҷавонони ноогоҳ”, аз ҷумла чанде аз сокинони ноҳияи Нуробод ба гурӯҳҳои ифротгаро пайваста, дар ҷангҳои бегона иштирок доранд.

"Яъне, бо номи ислом дар ҳудуди давлатҳои исломӣ бар зидди мусулмонон гӯё мубориза мебаранд... Дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва мардуми худ, махсусан ҷавононро аз таъсири манфии мафкураи бегона ва гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро эмин нигоҳ дорем", - таъкид кард ӯ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар оғози моҳи сентябри имсол боздидашро аз минтақаҳои ҷанубу шимоли кишвар оғоз карда буд, рӯзи 25 сентябр дар шарқи кишвар идома дод. Ӯ аввал аз ноҳияи Сангвор, Тавилдараи пешин, боздид карда, баъдан ба ноҳияи Нуробод рафт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳардуи ноҳия чанде аз иншоотро ба истифода дода, бо сокинону фаъолон мулоқоти рӯбарӯ анҷом додааст.

Акси Шабнам Худойдодова
Акси Шабнам Худойдодова

Аммо мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон мегӯянд, ки мақомот бештар бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳамагуна гӯё ташаннуҷи авзоъ мухолифони худро саркӯб мекунад. Аз ҷумла, Шабнам Худойдодова, як фаъоли созмони “Гурӯҳи 24” дар ҳамоиши ҳафтаи гузаштаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава гуфт, ӯро “танҳо барои интиқод аз мақомоти тоҷик ба феҳристи пулиси байналмилалии Интерпол ҳамчун "экстремист" шомил кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 1100 сокини кишвар, аз ҷумла полковники собиқи Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов барои иштирок дар ҷангҳои Ховари Миёна рафта ва ҳузури онҳо дар ин ҷангҳо ва эҳтимоли бозгашташон мақомотро ором гузошта наметавонад. То кунун хабари марги беш аз 300 нафари онҳо таъйид шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ҳар касе бо хоҳиши худ аз ин ҷангҳо бармегардад ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Мақомоти тоҷик моҳи сентябри соли гузашта дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар Душанбе, фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро ба ҷурми ҳамдастии раҳбаронаш дар ин ошӯб мамнӯъ карданд. Раҳбарияти додситонӣ ва додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ки парвандаи тақрибан 200 нафар аъзои гуруҳи Абдуҳалим Назарзода ва ҳизби ҳоло мамнӯи мамнӯи наҳзати исломӣ дар дасти онҳост ва қисме аз онҳо ниҳоӣ шуда, ҳукми чанде аз афрод эълон шудааст. Тобистони имсол Додгоҳи олӣ паси дарҳои баста 14 узви аршади ҲНИТ, аз ҷумла ду муовини раҳбари ин ҳизби мамнӯъро ба ҳабси абад фиристод.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 64 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Дар он рӯзҳо дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои Фронти халқӣ ва нерӯҳои содиқ ба ҳукумати муросои миллӣ ҳанӯз идома дошт ва ба ин далел иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар Қасри Арбоб дар канори шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раисиҷумҳур расид. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Қулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 24 соли раҳбариаш мешуморанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 24 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст мардумашро бо газу нерӯи барқи доимӣ ва ҷои кор таӣмин кунад ва асбоби таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ба даст меояд.

XS
SM
MD
LG