Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор дар “Софийская база” (5 АКС)


"Софийская база" як рӯз баъд аз куштор. Аксҳо аз коргарони тоҷики ин бозор.
"Софийская база" як рӯз баъд аз куштор. Аксҳо аз коргарони тоҷики ин бозор.

Баъд аз зӯҳри 20 июн дар пайи куштори зоҳиран фармоишӣ дар як амбори меваву сабзавоти шаҳри Санкт-Петербург нирӯҳои ОМОН вориди ин амбор шуданд.

Рӯзи 20-уми июн, соати тақрибан 14, дар ҳудуди яке аз амборҳои меваву сабзавоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки бо номи “Софийская база” маъруф аст, куштор рух дод. Эмил Ҳусейнов, зодаи 27-солаи Озарбойҷон, ба сӯи ҳамватани 43-солааш Маъруф Исмоилов, ки дар ин амбор меваву сабзавот мефурӯхт, аз туфангчаи худсохт 6 тир холӣ кард.

Шариф, як тоҷири тоҷик, ки дар “Софийская база” мева мефурӯшад, гуфт, “муҳофизон қотилро бо вуҷуди мусаллаҳ буданаш зуд дастгир карданд ва ӯ таги пои тоҷирони озарӣ монд. Ҷони ӯро, метавон гуфт, ки пулис харид, вагарна издиҳоми хашмолуд то мурдан мекӯфташ.”

Дар пайи ин куштор нирӯҳои ОМОН – воҳиди махсуси пулиси Петербург вориди “Софийская база” шудаанд. Шариф мегӯяд, азбаски “юриш”-ҳои қаблии ОМОН ҳамеша бо боздошти даҳҳо муҳоҷир тамом мешуд, “дар як они воҳид аксарияти дӯкондорон, аз ҷумла тоҷикҳо, дӯконҳои худро баста, ба ҳар тараф парешон шуданд. Ягон ҳаммол ҳам намонд. Ҳама гурехт. Худи ман натавонистам фирор кунам ва дар даруни амбор мондам. Вале, шукри Худо, ки афсарони ОМОН омада, қотилро гирифтанду бо худ бурданд ва ба дигарон нарасиданд.”

"Софийская база" як рӯз баъд аз куштор. Аксҳо аз коргарони тоҷики ин бозор.
"Софийская база" як рӯз баъд аз куштор. Аксҳо аз коргарони тоҷики ин бозор.

Эмил Ҳусейнов хатмкардаи мактаби олии милисаи Русия буда, як муддат дар сохторҳои умури дохила ва аз соли 2012 дар ФСКН – Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия кор кардааст. Додситонии Петербург, ки дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парванда кушодааст, мегӯяд, ки ин куштор дар заминаи “хусумати шахсӣ” сурат гирифтааст.

Рӯзи 21 июн “Софийская база” назар ба рӯзҳои қаблӣ камодам буд. Тоҷирон мегӯянд, як қисми мардум аз тарси инки мабодо боз ОМОН биояд, имрӯз ба кор набаромаданд. Аммо борони сахт дар Петербург онҳоеро ҳам, ки ба кор баромаданд, дар дохили амборҳо руст кардааст ва “ба сабаби борон имрӯз харидор ҳам қариб нест,” - мегӯянд ҳамсӯҳбатони мо.

Матбуоти Русия билофосила куштори ахирро ба рақобати гурӯҳҳои мухталиф барои тақсими қаламрави нуфуз дар ин амбори бузург рабт доданд. Аммо тоҷирони тоҷики “Софийская база” мегӯянд, соҳибкори озарии кушташуда тиҷорати бузурге надошт, танҳо як нафар аз садҳо фурӯшандаи меваву сабзавот дар ин амбор буд.

Шариф, ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: “Ба эҳтимоли ғолиб, фарзияи дувум, ки мегӯянд, масъала масъалаи қарз аст, ҳақиқати бештар дорад. Бародари Маъруф Исмоилов аз касе маблағи бузург гирифта, пас надодааст ва куштори ӯ зоҳиран як куштори фармоишист.”

Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии “Нарт”, ки ба далели дар кӯчаи Софийская ҷойгир шуданаш, бештар бо номи “Софийская база” маъруф аст, дар майдони 100 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, бузургтарин маркази савдои умдаи меваву сабзавот нафақат дар шаҳри Петербургу вилояти Ленинград, балки дар тамоми минтақаи Шимолуғарби Русия ба шумор меравад.

Ҳар рӯз ба 35 амбори ин база ҳудуди 2000 мошини боркаш бо меваву сабзавот ворид мешаванд ва гардиши ҳаррӯзаи “Софийская база” садҳо тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ин бозор дар қатори садҳо тоҷири умдатан озарбойҷонӣ беш аз 300 нафар аз Тоҷикистон, аксаран аз ноҳияҳои Ҳисору Ваҳдат ва Исфара, кор мекунанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар “Софийская база” асосан ба фурӯши меваву сабзавот ва ҳаммолӣ машғул буда, шуморе дар атрофи он такси мезананд. Дар назди “Софийская база” як бозори худҷӯши мардикорон низ ба вуҷуд омадааст, ки ҳар субҳ даҳҳо талабгори кор асосан аз Узбакистону Тоҷикистонро ҷамъ меорад.

Куштор дар “Софийская база” дар ҳолест, ки рӯзи 24 май бар асари занозаниву тирпарронӣ байни як гурӯҳи ҷиноӣ ва коргарони тоҷики қабристони Хованское, бузургтарин оромгоҳи шаҳри Маскав - се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ҳудуди 30 нафар захмӣ шуданд. Дар пайи он занозании хунин 23 нафар аз коргарони тоҷики Хованское барои 15-рӯзӣ ҳукми ҳабси маъмурӣ гирифта, ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла 5 тан аз коргарони тоҷики қабристон ва раиси собиқаш Юрий Чабуев, то ҳол бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили ин занозаниҳо дар боздошт ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG