Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони пулиси минтақаи Рашт як занро бо ҷурми куштани тифли батнаш боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ин зан барои ҷилавгирӣ аз таваллуди ин тифл пайваста доруи махсус мехӯрд.

Сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ин зан замоне боздошт шуд, ки “бо мақсади ғалтонидани кӯдаки шашмоҳаи батнаш доруи махсус истеъмол намудааст, ки дар натиҷа кӯдаки навзод ба ҳалокат мерасад.”

Як манбаъ аз пулиси минтақаи Рашт рӯзи 19 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ боздошти ин занро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (куштани кӯдаки навзоди худ) гумонбар дониста мешавад, ки аз се то панҷ соли зиндонро дар назар дорад. Ба нақли манбаи Озодӣ, ин зан бе тавсияи пизишкон ба хотири исқоти ҳамл кардан дору истеъмол мекард, ки дар пайи ин кӯдак зинда таваллуд шуда, баъдан мефавтад.

Аммо моддаи 105-уми Кодекси ҷиноӣ таркибе чун қасди куштани тифли батнро аслан надорад:

Моддаи 105. Кўдаки навзоди худро куштани модар

1) Кўдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати ҳарбии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вуҷуд омадааст ё дар ҳолати харобии рўҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад, ­ бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Вале ба сурати уму, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон исқоти ҳамли аз се моҳа болои батни зан, ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ, ҷиноят маҳсуб меёбад.

Ҷамшед Маҳмудов, як ҳуқуқшиноси ҷавон мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон дар чунин ҳолат кӯдаки батнро инсон меҳисобад. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, дар сурати куштани як зане, ки аз чормоҳа боло дар батнаш кӯдак дорад, содиркунандаи ҷиноятро барои куштори ду нафар ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид. Аммо ба қавли ин ҳуқуқшинос, дар сурати таҳдиди бемории ҷиддӣ ба саломатии модар, ки дар пайи таваллуди кӯдак худи ӯ ҳам метавонад ба ҳалокат бирасад, қонунгузорӣ бо иҷозаи зан ва наздиконаш иҷозаи исқоти ҳамлро медиҳад.

Ҷамшед Маҳмудов мегӯяд: “Агар ташхиси пизишкон собит кунад, ки ба ҳаёти модар ҳангоми ҳомила будан ва ё таваллуд кардан хавфи ҷиддӣ таҳдид мекунад, иҷоза ҳаст. Дар сурате, ки чунин нест ҳам зан ва ҳам пизишкон тибқи моддаи 123 (исқоти ғайриқонунии ҳамл) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Агар касе ҳам занро ба ин кор маҷбур кунад, он гаҳ барои ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан низ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.”

Дини Ислом низ, ба гуфтаи рӯҳониён, исқоти ҳамли аз 120-рӯза болоро манъ мекунад, зеро аз нигоҳи Ислом, дар чаҳормоҳагӣ Худованд ба кӯдак дар батни модар рӯҳ мебахшад, ки ин маънои ба инсон табдил ёфтани ҷанинро дорад.

Аммо Майсара Амонова, як момодоя аз шаҳри Душанбе, ки таҷрибаи 20-солаи момодоягӣ дорад, мегӯяд, анҷоми исқоти ҳамли занҳое, ки дар батнашон кӯдакони аз чормоҳа боло доранд, дар се соли ахир афзоиш ёфтааст. Ӯ мегӯяд, бештари ин занҳо, ки ба таваллудхонаҳо муроҷиат мекунанд, оҳноеянд, ки медонанд, тифли батнашон бо нуқси модарзод таваллуд хоҳад шуд.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд: “Занҳое, ки ба мо барои исқоти ҳамл муроҷиат мекунанд ва аз чор моҳа боло ҳомила ҳастанд, бештар ё худ бемории фишори хуну дил доранд ва ё кӯдаки батнашон иллат дорад. Маълум аст, ки кӯдак солим таваллуд намешавад ва ё таваллуд ҳам шавад, умри дароз намебинад. Ба ҳар ҳол аз се моҳа боло дорӯ ҳам истеъмол кунад, ҳам кӯдак таваллуд мешавад. Мутаасифиона ҳоло занҳои ҳомилае, ки ё худашон беморанд ва ё тифли батнашон бемор ҳаст, зиёд шудааст.”

То кунун омори заноне, ки аз чормоҳа боло кӯдаки батнашонро исқоти ҳамл кардаанд, дақиқ нест. Аммо вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар соли гузашта наздики 15 200 зан исқоти ҳамл кардааст. Аз ин шумор 48 дарсад дар натиҷаи бачапартоӣ ва 52 дарсади боқимонда аз тариқи аборт ё сақти ҷанин аз тифли худ маҳрум шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG