Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқил Айёмбеков ба 17 ва Ҳамза Муродов ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд


Генерал Абдулло Назаров
Генерал Абдулло Назаров

Ҳукми додгоҳ нисбати қотилони генерал Абдулло Назаров, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, содир шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшонро дар куштори генерал Абдулло Назаров, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии ин вилоят, муҷрим шинохт ва онҳоро мутаносибан ба 17 ва 16 соли ҳабс дар зиндони низомаш сангин бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Ҳукми додгоҳ нисбати муттаҳамони куштори генерал Абдулло Назаров рӯзи панҷшанбеи 28 феврал аз сӯи Мирзоалӣ Каримов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ содир гардид.

Қаблан айбдоркунандаи давлатии парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров барои маҷмӯи ҷиноятҳои содирнамуда ба сокинони вилояти Бадахшон - Оқил Аёмбеков 17 солу шаш моҳ ва Ҳамза Муродов 16 солу шаш моҳи маҳрумият аз озодиро тақозо карда буд.

Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов ба куштор, сӯиқасд ба ҷони намояндаи давлат ва тасарруфи силоҳ “пурра исбот шудааст”.

Ҳамакнун, вакили мудофеъ Файзи Олӣ дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳукм нисбати Ҳамза Муродов, яке аз муттаҳамони қатли генерал Абдулло Назаров «сангин» аст ва онҳо ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мебаранд.

Зеро ба таъкиди Файзи Олӣ, Ҳамза Муродов иштирокчии бевосита дар қатли генерал Абдулло Назаров набуда, балки гуноҳи вай дар он аст, ки аз ин ҳодиса ба мақомот хабар надодааст.

Аз сӯи дигар хешовандони муттаҳамон ҳукми додгоҳро ноодилона хонда ва гуфтаанд, ки додрас «ҳолати равонии генерал Абдулло Назаров дар рӯзи ҳодисаро ба назар нагирифта ва кӯшиш кардааст, ки намояндаи давлатро сафед кунад».

Файзи Олӣ, вакили мудофеъ, рӯзи душанбеи 26 феврал дар баробари тақозои айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб карда буд, ки нисбати Оқил Айёбеков моддаи расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марг овардааст, татбиқ шавад. Ҳимоя чунин мешуморад, ки куштор бо амри тасодуф ба вуқӯъ пайваста, муттаҳамон аз лаҳзаи аввали расонидани зарари ҷисмонӣ ба Назаров барои наҷоти ҷони ӯ талош карданд.

Вакили дифоъ гуфтааст, ки муттаҳамон Абдулло Назарови маҷрӯҳро ба беморхона оварда бо ин амали худ талош кардаанд, ки ҷони ӯро наҷот диҳанд. Файзи Олӣ гуфт, муттаҳамон аз кирдорашон изҳори пушаймонӣ карда, аз наздикони генерал омурзиши гуноҳашонро дархост кардаанд.

Нисбати ду нафари дигари иштирокчии ҳодиса, ки ба расондани зарари ҷисмонӣ ба Абдулло Назаров айбдор дониста шудаанд, бинобар дар қайди ҳаёт набуданашон парванда қатъ ёфтааст. Ин афрод дар амалиёти рӯзи 24-уми июли соли гузашта дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ ба ҳалокат расиданд.

Мурофиаи додгоҳии ду тан аз муттаҳамони куштори генерал Абдулло Назаров дар таърихи 19 феврал пушти дарҳои баста дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ шурӯъ шуда буд.

Генерал Абдулло Назаров, сардори собиқи раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, рӯзи 21 июл дар наздикиҳои шаҳри Хоруғ кушта шуд. Ба дунболи ин ҳодиса, рӯзи 24 июл нирӯҳои ҳукуматӣ дар маркази вилояти Бадахшон амалиёти вижаро шурӯъ карданд, ки дар ҷараёни он 21 сокини шаҳри Хоруғ ба ҳалокат расид.

Вале манобеи расмӣ қаблан изҳор дошта буданд, ки дар ҷараёни амалиёти Хоруғ 40 ҷангӣ нобуд шуда, ягон шаҳрванди мулкӣ ба ҳалокат нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни амалиёти Хоруғ ба бештар аз 700 хонавода ба маблағи беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиён расида, ин хисорот зуд ҷуброн шудааст.
XS
SM
MD
LG