Пайвандҳои дастрасӣ

16 соли зиндон барои фармоиши куштори шавҳар


Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми занеро, ки қатли шавҳари худро фармоиш додааст, содир кард.


Ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон мавҷи эътирози пайвандони Руқия Собироваро ба бор овард. Онҳо ба 16 соли зиндон маҳкум шудани ин зани модари се фарзанди ноболиғро ниҳоят шадид мешуморанд.

Хуршед Сафаров, вакили мудофеи Руқия Собирова, ҳукми додгоҳро «беасос» ва «хилофи муқаррароти қонун» арзёбӣ кард. Вай афзуд, гуноҳи нафари зерҳимояташ дар мурофиаи додгоҳӣ то охир исбот нашуд ва додгоҳро мебоист хонум Собироваро комилан раҳо намояд.

«Дар амалҳои зерҳимояи ман умуман таркиби ҷиноят нест. Руқиямоҳ танҳо ба дӯсташ Бахтиёр чанд дафъа шикоят кардааст, ки шавҳараш ӯро озор медиҳад ва аз сари ҷаҳлу асаб аз ӯ хостааст, ки ҳамсарашро ҷазо диҳад. Аммо Бахтиёр, ки аз Руқиямоҳ 3000 сомонӣ қарздор буд, аз ин фурсат сӯйистифода карда, ба хотири «соф» шудан аз ин қарз, ба шавҳари ӯ хабар бурд, ки Руқия қасди куштанашро дорад. Аммо як чунин мақсад дар миён набуд. Худи шавҳари Руқия мехост аз занаш «халос» шавад, зеро ба маблағи беш аз 13 ҳазор сомонӣ тилловории ӯро аз худ карда буд», - афзуд адвокат.

Хуршед Сафаров пиромуни ҳукми додгоҳ ҳамчунин гуфт: «16 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк» - ин ҳукми ноодилона аст. Айбдоркунандаи давлатӣ танҳо 12 соли маҳрумият аз озодиро хост, адвокат «сафед» шудани
Хуршед Сафаров

Хуршед Сафаров

Собироваро аз додгоҳ талаб кард, аммо суд ягон факту далелҳои собиткунандаи бегуноҳии Собироваро, ки мо пешниҳодаш кардем, ба инобат нагирифта, ҳукми ғайриқонунӣ баровард. Озод мегӯям, ки ин ҳукми суди вилояти Хатлон умуман беасос мебошад».

Ҷониби ҳимоя тасмим дорад, ки ба зудтарин фурсат аз рӯйи ҳукми эълоншуда ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.

Аммо Намоз Амонов, додраси ин мурофиаи пурсарусадо, зимни эълони ҳукм гуфт, суд дар баробари ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо, инчунин кӯдакони ноболиғ доштану бори аввал даст ба ҷиноят задани Руқия Собироваро ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба инобат гирифта, нисбати ӯ ҷазои 16 соли маҳрумият аз озодиро дар колонияи низомаш умумӣ раво донист. Ба гуфтаи ҷаноби Амонов, нафари муттаҳам ҳамчунин барои ду соли дигар аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ маҳрум гардид.

Ҳарчанд Холмат Собиров, ҳамсари Руқия Собирова, пас аз эълони ҳукми додгоҳ аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ намуд, дар як сӯҳбати қаблӣ бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ гуноҳи ҳамсарашро нахоҳад бахшид.

«Наметавонам ин хиёнатро таҳаммул кунам, чунки интизораш набудам. Нисбати ҳамсарам муносибати хуб доштам. Аммо ба ҷонам сӯйиқасд карданӣ шуд. Агар ман ҳам ин ҷинояташро бубахшам, қонун нахоҳад бахшид. Ин хиёнати сахт аст»,
- гуфт Х. Собиров.

Руқиямоҳ Собироваи 35-сола дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи худро иқрор карда, аммо гуфта буд, ки дар пайи зулму ситам ва озори ҷисмонии муддавоми шавҳараш ноилоҷ водор шудааст, ки барои ба қатл расонидани ӯ бо дасти нафари сеюм тасмим бигирад. Ба иддаои Руқиямоҳ, ҳамсараш пайваста ба ӯ фишори равонӣ оварда, ба пайдо кардани маблағ маҷбур мекардааст.

Ҳукми додгоҳ барои Руқия Собирова ба он ҳад ногаҳонӣ буд, ки бисёр асабонӣ шуда ҳангоми интиқолаш ба маҳкамаи муваққатӣ аз ҳуш рафт ва танҳо бо мудохилаи пизишкон вазъи сиҳҳатиаш ба эътидол омад.

Хуршед Сафаров, адвокати Собирова, гуфт, тайи чаҳор моҳи нигаҳдории муваккилаш дар ҳабс, вай ба бемориҳои вобаста ба асаб, талхадон ва меъда мубтало шуда, ба муроқибати пизишкон ниёз дорад.

Руқия Собирова дар пайи эълони ҳукми додгоҳ нидо кард, ки охирин орзуяш дидори фарзандонаш аст, ки дар беш аз чаҳор моҳи охир аз дидорашон маҳрум будааст.

Вале бо ҳукми додгоҳ, масъулияти парасторӣ ва тарбияи се фарзанди Руқиямоҳ, ки яке аз онҳо ширхора будааст, аз ин ба баъд танҳо ба дӯши Холмат Собирови 60-сола, ҳамсари Руқиямоҳ вогузор хоҳад шуд.

Ба иддаои Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони ноҳияи Бохтар, иллати аслии сӯйиқасд ба ҷони шавҳар намудани Руқиямоҳ ё ба истилоҳ, мотиви ҷиноят, ин буд, ки зан мехост ҳамсарашро ба қатл расонида, дороиҳои ӯ ва манзилашро соҳиб шавад ва маблағи қарзро баргардонад.

Холмат Собиров низ гуфт, ки ҳамсараш Руқиямоҳ аз хонааш маблағи зиёдеро ба хотири соҳибкорӣ гирифта ва беҳуда харҷ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсараш се зани тоҷирро низ фиреб дода, аз онҳо пул рӯёндааст, ки маблағи умумии қарзгирифтаи ӯ гӯё болиғ аз 12 ҳазор сомонӣ будааст.

Гуфта мешавад, дар таърихи олами ҷиноии Тоҷикистон шояд ин нахустин як чунин парвандаи ҷиноиест, ки марбути ба истилоҳ «киро кардани киллер» барои қатли шавҳар бошад. Зеро дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки асосан мардсолорӣ ҳоким асту занону духтарон бештар дар рӯҳияи итоаткорию фармонпазирӣ аз ҳамсар тарбият меёбанд, сар задани як чунин ҳодиса гӯшношуниду бесобиқа будааст.

Руқиямоҳ Собирова тибқи чанд моддаи кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла омодагӣ ва сӯйиқасд ба ҷинояти куштор (м.32-104,қ.2) ва қаллобӣ (м.247) муттаҳам дониста шуда, дар сурати нерӯи қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳи Хатлон, вай 16 соли умри худро дар ягона маҳбаси занонаи воқеъ дар шаҳри Норак сипарӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG