Пайвандҳои дастрасӣ

Фаррух барои куштори ҳамхидматаш 9 сол зиндонӣ шуд


Акси Парвиз Дӯстматов, ҳамхидмати Фаррух Бозоров

Акси Парвиз Дӯстматов, ҳамхидмати Фаррух Бозоров

Як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон барои куштори ҳамхидматаш - Парвиз Дӯстматов ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд. Қаблан намояндаи додситонӣ барои ӯ 14 соли ҳабс хоста буд.

Фаррух Бозоров, сокини Қубодиён ва сарбози қисми ҳарбии 02011-и Вазорати дифои Тоҷикистон, ба ҷурми куштори ҳамхидматаш Парвиз Дӯстматов (аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳукми Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ дар ин бора 8 октябр содир гардида, аммо бо мухолифати наздикони Парвиз рӯбарӯ омад. Онҳо мегӯянд, ин ҳукм дар ивази куштори фарзандашон ночиз аст ва талаб доранд, ки додгоҳ ҳукмашро сахттар кунад. Қаблан намояндаи додситонӣ барои Фаррух Бозоров 14 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.

Вале пайвандони Фаррух Бозоров мегӯянд, ин ҳодиса дар пайи муноқишаи ду тараф ба амал омадааст ва бояд ҳукми ӯ боз ҳам сабуктар мешуд.

Анвар Бозоров, бародари Фаррух Бозоров, гуфт, "қарсак аз ду тараф шудааст ва номумкин аст, ки фақат як ҷонибро гунаҳкори асосӣ ҳисоб кард. Додарам аслан дар зиндагӣ хашмгин нест ва ин ҳодиса танҳо як фалокат аст. Аз ин хотир, хостем, ки ҳукмашро сабуктар кунанд, зеро шароити иқтисодии хонаводаи мо вазнин аст ва як фарзанду ҳамсараш ҳамроҳи модарам бесаробон мемонанд."

Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Табаров -- раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ, ки баррасии қазияи марги Парвиз Дӯстматовро ба уҳда дошт, мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса як ҳамхидмати дигари онҳо бо номи Юсуфҷон Турсунбоев низ ба се соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ мегӯяд, Турсунбоев дар муноқишаи миёни Парвиз Дӯстматов ва Фаррух Бозоров иштирок кардааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 5 октябр ба баррасии қазияи марги сарбоз Парвиз Дӯстматов шурӯъ карда буд. Наздиконаш мегӯянд, Фаррух Бозоров дар додгоҳ нақл кардааст, ки аслан қасди куштани Дӯстматовро надошт, аммо ба ин кор чӣ хел даст зад, намедонад. Ба нақли ӯ, шаби 13 июли соли ҷорӣ дар соати 4-и субҳ, ҳангоми аз хоб бедор шудани сарбозҳо омада ба гӯши Парвиз дод задааст, ки аз хоб хезад. Вақте ӯ дар посух мегӯяд, ки "чаро дод мезанӣ?", муноқиша мешавад. Фаррух гӯиё аз ошхона корд оварда, ба қафаси синаи Парвиз задааст.

Бар асоси хулосаҳои тафтишот, бо сабаби сари вақт нарасидани кумаки тиббӣ, сарбоз Парвиз Дӯстматов ҷон додааст. Шоҳин Ҳофизов, фармондеҳи қисми ҳарбии 02011-и Вазорати дифоъ, воқеъ дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели набудани чархбол дар ин қисми низомии кӯҳӣ Парвиз Дӯстматови захмӣ сари вақт ба бемористони дорои васоили пешрафтаи тиббӣ интиқол наёфт ва ба ҳалокат расид.

Парвиз Дӯстматов 2 октябр бояд хизмати аскариро ба анҷом расонда, ба хонаашон бармегашт. Ӯ баъд аз хатми мактаб ба Академияи милитсия ҳуҷҷат супорид, аммо аз сабаби хурд будани ҷуссааш ба академия қабул нашуд. Ба ин далел довталабона ба хизмати аскарӣ рафт ва мехост, ки пас аз адои хизмат дубора ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷат супорад. Парвиз пештар дар шаҳри Қӯрғонтеппа хизмат мекард, аммо бо ҳадафи таҷрибаи беҳтари низомӣ ба қушӯнҳои зудамал гузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG