Пайвандҳои дастрасӣ

Падар ва модари "Маҷнун"-и рӯзҳои мо мегӯянд, дар қатли писари ошиқи онҳо на танҳо падари "Лайлӣ", балки дигарон низ даст доранд ва ҷазои қотил онҳоро қонеъ накардааст.

"То ҳақ ба ҳақдор нарасад, аз Душанбе намеравем. Куштори ваҳшиёна бояд ҷазои сазовор дар пай дошта бошад!" Бо ин талаб волидайни ҷавоне, ки аз дасти падари дӯстдухтараш кушта шудааст, зиндагии худро як сӯ гузошта, аз Исфара ба Душанбе омадаанд. Онҳо манзилеро иҷора гирифта, мехоҳанд то ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд ва бо адолати додгоҳӣ ба зодгоҳ баргарданд.

Додгоҳи шаҳри Исфара моҳи март Бадриддин Шаропов, падари духтареро, ки Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода ошиқаш буд, бо ҷурми куштор 9 сол зиндонӣ кард. Аммо ин ҷазо волидони Ҳизбаллоҳро, ки қиссаи ошиқиаш бо фоҷеа анҷомид, ором накард. Пайвандони Ҳизбуллоҳ мегӯянд, ҷузъиёти зиёде дар марги писарашон норӯшан монд. Ба иддаои онҳо, қатли Ҳизбаллоҳ, ки дар баданаш баъди марг ҷароҳатҳои зиёде мушоҳида шудааст, бераҳмона буд. “То пеши президент меравем гуфтем, аризара додем, аллакай. Дар суд падари духтар худаш иқрор кард, ки даъват карда, якта задаму сар додаму рафтам, вақте дидам духтарам гиря дорад, гашта омада, боз то мурдана бо сим буғӣ кардам. Ин куштори ваҳшиёна аст. Ва бояд ҷазои сазовор бинад,” – мегӯяд Басирхон Ҳамидов, падари ҷавони кушташуда.

Волидон мегӯянд, ин куштор бо дасти як нафар анҷом нашудааст ва як талаб ҳам ин аст, ки афроди дигар низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо Муродалӣ Умурзоқов, муфаттиши додситонии Исфара ба Озодӣ гуфт, ин иддао собит нашуд. Хонаводаи духтар ҳам намехоҳанд, дар ин бора сӯҳбат кунанд.

Ҳизбаллоҳ ягона писари ин хонавода дар миёни панҷ духтар аст ва падару модар мегӯянд, ки ӯро бо ҳазор умед бузург карда буданд. Онҳо мегӯянд, ҳамаи мушкилоти ин ҷавон баъди ошиқ шуданаш ба духтари Баҳриддин Шаропов сар задааст. Ин хонавода Ҳизбаллоҳ ва оилаи ӯро лоиқи духтари худ намедонистаанд ва борҳо ба ин далел ҷавонро латукӯб кардаанд. Билохира як шаб духтар ба таври ғайриинтизор ба хонаи Ҳизбаллоҳ омад ва бо ҳамин ба ин қисса нуқта гузошт.

Басирхон Ҳамидов

Басирхон Ҳамидов

Басирхон Ҳамидов мегӯяд,“ҳамеша дар Русия ҳушу ёдам ба ин писар буд, як рӯз ҳатто ба назди падари духтар рафтаму гуфтам, боз писарамро заданд, биё духтаратро бидеҳ ва бо ҳамин гапу калочаи миёни мардумро бандем. Қариб ба мувофиқа ҳам расида будем, аммо шабе, ки духтараш хеста, ба хонаамон омад, онҳо дар қаҳр шуданд ва ба хубиву бо фиреб писарамро ба хонааш даъват кардаву куштанд. Намефаҳмем, ки чаро ин қадар зидди ишқи духтари худ буданд. Мо 3 духтарро бар пояи ишқу муҳаббат оиладор кардем ва ҳамеша мехостем, ягона писарамон ҳам ба дилдодааш бирасаду хушбахт шавад.”

Падари Ҳизбаллоҳ мегӯяд, баъди ҳодисаи куштор ҳам аз хонаводаи духтар ягон нафар барои таъзия наомад. Ӯ, ки мегӯяд дар оғоз ин фоҷеаро аз кори сарвишт медонист ва нияти даъво кардан надошт, баъди дидани бетафовутии хонаводаи духтар фикраш иваз шуд.

Қиссаи ишқи нокоми ин ду ҷавон дар Чоркӯҳ -- як минтақаи ҳассосу мазҳабии Тоҷикистон, то ҳанӯз вирди забонҳост. Пайвандони Ҳизбаллоҳ, ба Душанбе бо арзу шикоят ва чанд варақ шеъру рубоиҳое омадаанд, ки аз сӯйи ҳамдеҳаҳояш дар сӯги ин ошиқи ноком навишта шудаанд. Дар миёни ин қоғазпораҳо чанд рубоие ҳам аз дафтари хотироти ҷавони ошиқ ҳаст, ки васфи духтари дӯстдошта ва қиссаи пурҷанҷолашро мекунад.

Орзуи ҷазои сазовор ба қотили фарзанд ягона орзуе нест, ки волидони Ҳизбаллоҳро ба пойтахт овардааст. Онҳо мегӯянд, писарашон оҳангҳои маҳзуни Зиёвуддини Нурзодро хеле дӯст медошт ва мехоҳанд шеърҳои Ҳизбуллоҳро Зиёвуддин ба оҳанг дарорад. “Хеле орзу дошт дар бораи ишқаш як тарона суруда шавад. Ҳамеша мегуфт, як рӯзе бо Зивуддин вохӯрдаву аз ӯ ин хоҳишро мекунад.”

Зиёвуддин Нурзод

Зиёвуддин Нурзод

Зиёвуддини Нурзод, хабарнигор ва овозхони тоҷик ҳам, ки мо бо ӯ дар ҳузури волидони Ҳизбаллоҳ сӯҳбат мекардардем, гуфт мекӯшад, то мисраъҳои ин ҷавонро дар таронаҳояш истифода кунад. Зиёвуддин гуфт, чанде пеш низ аз ӯ чунин дархост шуда буд. “Ба наздикӣ аз шаҳри Панҷакент як духтари донишҷӯ наздам омад ва хоҳиш кард дар мавриди хоҳари 16-солааш, ки ҳангоми зодани фарзанд "сари хишт рафтааст", яъне фавтидааст, як тарона бихонам, вале ростӣ, дилам набардошт. Албатта, рисолати инсонӣ ҳамин аст, ки дарду андӯҳи як нафари дигарро сабук гардонад, вале на ҳамеша мо имкон дорем, ин хоҳишҳоро иҷро кунем.”

Зиёвуддин баъди огоҳӣ аз қиссаи Ҳизбаллоҳу духтари дӯстдоштааш, аз қиссаҳои ишқии Лайливу Маҷнун ва Юсуфу Зулайхо ёд овард ва гуфт, ишқро ҳамеша ҷаҳолат, гумроҳӣ ва андешаҳои торик мекушад, ишқи Ҳизбаллоҳ ҳам, ба гуфтаи ӯ, боз як далелест ба ин гуфтаҳо.

Издивоҷҳо дар Тоҷикистон вақтҳои охир бештар на бар асоси ишқу муҳаббат, балки бар пояи сатҳи дороӣ ва обрӯмандии оилаҳо сурат мегиранд. Волидайн махсусан дар манотиқи дурдаст ҳангоми оиладор кардани фарзандонашон бештар аз мақоли “кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз" кор мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG