Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси Покистон дар заминаи куштори як зани ҳомила, ки аз тарафи хешовандонаш дар назди бинои додгоҳи Лоҳур ба қатл расид, 4 нафарро боздошт кард. Боздоштшудаҳо амак, хоҳарзода ва як хеши дигари қурбонӣ будаанд.

Фарзона Парвини 25 -соларо мардҳои хонаводааш рӯзи 25-уми май бо сангу хишт ба қатл расониданд. Падари Фарзона Парвин дар саҳнаи куштор боздошт шуд. Рейди ахир ба хотири дастгир кардани бародарони Фарзона Парвин ва номзади собиқаш анҷом шуд. Хонаводаи ин зани покистонӣ мегӯянд, ки ӯ бо сарпечӣ аз амри онҳо ба марди 45-солае бо номи Муҳаммад Иқбол издивоҷ кард, хонаводаро беобрӯ кард ва ба номзади мавриди назари волидонаш пушти по зад.

Куштори Фарзона Парвин бо ваҳшонияте, ки дар назди бинои додгоҳ анҷом шуд, тайи чанд рӯз дар сархати ахбори ҷаҳон ҷаҳон қарор дошт ва таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ кашид. Ин таваҷҷӯҳ нахуствазири Покистон Навоз Шарифро маҷбур кард, ки аз мақомоти кишвараш баррасии оҷили қазияро талаб кунад. Интиқодҳое ҳам ба унвони пулиси Покистон садо доданд, ки ба гуфтаи Муҳаммад Иқбол, ҳамсари зани қурбонӣ каме дуртар аз саҳнаи куштор қарор доштанд, вале барои пешгирӣ аз он коре накарданд.

Иқбол талаб дорад, ки ҳарду тараф ҳам қотилони ҳамсараш ва ҳам ходимони пулис ба додгоҳ кашида шаванд. “Ҳамлагарон афроди 30 то 40-сола буданд ва шаш тани онҳо ба ҳамсари ман зарба заданд. Онҳо бераҳмона ба сари ӯ бо сангу хишт мезаданд ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Мо фарёд задем, кӯмак хостем, ки ҷони ӯро наҷод диҳанд, аммо онҳо ба ёрии мо нарасиданд” – гуфт Муҳаммад Иқбол.

Иқбол иддао дорад, ки хонаводаи Парвин дар оғоз ба издивоҷи ӯ бо Фарзона розӣ буд, аммо баъдан пули бештар талаб кард ва кор ба ихтилоф кашид.
Куштори номусии Фарзона Парвин як намунаи рӯшанест аст, ки адолат дар Покистон вобаста ба ҳодисот мазмуну муҳтавои дигар касб мекунад ва ин ки зиндагии занон дар ин кишвар олуда бо хатар аст. Қазияи Фарзона Парвин ҳамчунин таваҷҷуҳро ба Қонуни “хунбаҳо” ҷалб кард, ки ба хешовандони қурбонӣ иҷозат медиҳад ҷинояткорро афв кунанд – ҳатто агар қотил узви хонавода бошад, чизе ки бештар дар куштори номусӣ мушоҳида мешавад.

Сухангӯи Департаменти давлатии Ийолоти Муттаҳида Ҷен Псаки рӯзи 29-уми май дар ҷамъи хабарнигорон куштори ахир дар назди Додгоҳи Олии Лоҳурро амали зишт ва тавҷеҳнашаванда унвон кард. Вазири хориҷии Британия Вилиям Ҳейг бо пахши як изҳорот гуфт, ки нангу номус дар кушторҳои номусӣ аслан вуҷуд надорад.

Ҳейг ҳамчунин аз ҳукумати Покистон даъват кард, ки дар роҳи решакан кардани ин амали ваҳшиёна аз чораҳои зарурӣ кор бигиранд. Бинобар гузориши Камиссюни мустақили ҳуқуқи башар, танҳо дар соли гузашта 896 зан қурбони кушторҳои номусӣ шуданд. Ин рақам қазияҳои дигарро, ки дар манотиқи дур аз марказҳои Покистон анҷом мешаванд, дар бар намегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG