Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Куштор дар Исфара фаротар аз як ҷиноят аст"


Яке аз деҳоти ноҳияи Исфара.
Яке аз деҳоти ноҳияи Исфара.

Баъд аз зӯҳри душанбе ҷасадҳои чаҳор қурбонии як ҳамлаи мусаллаҳона дар ҷамоати Чоркӯҳ ба хок супорида шуданд.

Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гурӯҳи мусаллаҳи номаълум онҳоро соати 3-и шаби 19 ба 20 август ба ҳалокат расонд. Онҳо ҳама узви як хонавода буда, муваққатан дар хоҷагии хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара кор ва зиндагӣ доштанд.

Қурбониён Бобо Халлоқов, номи дигараш Абдуқаҳҳор, соли таваллудаш 1952, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама, соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра Бобоевна, соли таваллудаш 1975, ки бо писараш, қурбонии чорум - Халлоқов Иноятулло соли таваллудаш 2000 ба меҳмонӣ омада буд, ҳамагӣ сокини ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ» - и Исфара мебошанд.

Бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гурӯҳи махсуси фаврӣ - тафтишотӣ созмон дода шуда, барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Исфара ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ба таҳқиқи ҳодиса мақомоти амниятии Қирғизистон низ ҷалб шудаанд: «Ҳодиса шудааст. Бо мақомоти қирғиз ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардаем. Маълум нест, ки кори дасти кист. Ҳодиса дар сарҳад рух додааст. Як бошишгоҳи саҳроӣ аст ва ин хонавода он ҷо кору зиндагӣ мекард»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоте, ки аз манобеи маҳаллӣ дастрас шуд, ҳангоми куштор дар манзил боз се нафар – келин ва ду набераи дигари Абдуқаҳҳор Халлоқов низ буданд, ки аз тири ҳамлаварон ҷон ба саломат бурдаанд. Бино ба қавли мақомот, онҳо ҳоло дар ҳолати шок қарор доранд ва ҳанӯз бозпурсӣ нашудаанд.

Бино ба иттилои қаблии экспертиза, ҳамлаварон аҳли хонаводаро латукӯб накарда, аз милтиқи варзишии навъи ТОЗ – 12 – и истеҳсоли Корхонаи силоҳи Тулаи Русия истифода кардаанд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамчун милтиқи шикорӣ истифода мешавад. Дар бораи сабабҳои ин куштор мақомот то ба ҳол ягон фарзияи расмиро пешниҳод накардаанд.

Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, ин куштор ба фаъолият ва шахси Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов рабте надорад. Ба қавли онҳо, ӯ дар бошишгоҳи саҳроии бригадаи №5 – и кооперативи истеҳсолӣ - деҳқонии хоҷагии Чоркӯҳ дар фасли тобистон ба деҳқонӣ машғул буд. Ӯ се писар дорад, ки ду нафарашон замони ҳодиса дар Чоркӯҳ буданд ва яке дар Русия мардикор аст.

Неъмат Олимов, сарвари хоҷагие, ки ӯ узваш буд, мегӯяд, ин шахс ба қочоқи маводи мухаддир сарукор надошт ва узви ягон созмон набуд, балки як умр бо кишоварзӣ машғул буд: «Рӯзаш базӯр мегузашт. Камбағал буд. Як ҳаёт каланд задааст. Умуман ба сиёсат кор надошт ва бо ҳеҷ кас ҳам вориди баҳсу ҷанҷол нашуда буд»

Ба ҳамин минвол, куштори як хонавода дар Чоркуҳ фоҷиаи мармуз дар қатори ҳодисаҳоест, ки ҳудуди 30 сол ба ин сӯ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Солҳои 1982, 1988, 1989 ва 2003 баҳсҳои замину об миёни сокинони вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба занозанӣ печида, талафоти ҷонӣ ва гаравгонгириҳоро низ дар пай доштанд. Шиддати муноқишаҳо дар нимаи аввали соли равон низ дар ин қаламрав ҷой доштанд, аммо бо кӯшишҳои мақомот хомӯш карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ҳаводисе, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегузаранд, болотар аз муноқиша ҳастанд.

Набиюллоҳ Суннатӣ, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки борҳо дар ин мавзӯъ матлаб навишта, аз эҳтимоли пеш омадани низоъҳои ҷиддитар низ суҳбат карда буд, мегӯяд, гап на танҳо марз аст, вагарна Тоҷикистон бо Узбакистон ҳам баҳси марзӣ дорад: «Ин ҳодиса болотар аз як ҷиноят аст. Фаротар агар бингарем, кӯшиши бад кардани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки агар ба душманони ин кишварҳо зарур бошад, ба дасти ҳар қирғизу ҳар тоҷик анҷом медиҳанд. Тоҷикистону Қирғизистон дар баҳсҳои минтақаии обу энергетика мавқеи ягона доранд ва ин ба бархе ҳамсояҳо ва шояд қудратҳо ҳам маъқул набошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳукуматҳо заъф нишон диҳанд. Дар ҳоли ҳозир, бояд омилони ин террор ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ин посух ба душманони ду кишвар хоҳад буд.»

Ишораи коршиносон ба мавқеҳои ҳамсони Қирғизистону Тоҷикистон ба баҳси минтақаии миёни кишварҳои болообу поёноб мебарад, ки солҳои ахир доғтар мешавад. Узбакистон, ҳамсоякишвари ин ду мухолифи тарҳҳои энержие назири неругоҳҳои Роғун ва Қамбарота аст, ки ба бовари Тошканд, резиши об ба кишварҳои поёноб – Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистонро кам мекунад. Ба бовари онҳо, ба низои низомӣ кашидани Тоҷикистону Қирғизистон онҳоро дар ин баҳси бузургтар заъиф мекунад.

Музокироти ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1998 ба ин сӯ идома дорад ва дар ин муддат аз 970 километр марз ҳамагӣ 500 километр мувофиқа шудааст. Аз 470 километри марзи баҳсӣ 220 километр аз маҳалҳои сукунати одамон мегузарад.
XS
SM
MD
LG