Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Барак Обама тӯфони пурқудратеро, ки ба соҳилҳои шарқии ИМА ҳуҷум кард, чун як фоҷеаи азим қаламдод кард.

Ба сокинони манотиқи осебдидаи Ню-Ҷерсӣ ва Ню-Йорк қарор аст маблағҳои давлат ироа шавад. Боди шадиде, ки номашро “Сендӣ” гузоштанд, аз азимтарин тӯфонҳоест, ки соҳилҳои шимолу шарқии ИМА-ро асар кардааст. Дар саросари Амрико ва Канада 16 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Беш аз 6 миллион аҳолӣ аз барқ маҳрум шудааст. Дар Ню-Йорк метрову ва роҳҳои зеризаминӣ зери об мондаанд. Дар ин шаҳр як истгоҳи барқӣ таркида, бар асари алангаи оташи он 50 манзили дигар хароб шудааст.

Рӯзи сешанбе бозори бурси Ню-Йорк аз кор бозмонд. Ин барои нахустин бор аз соли 1880 аст, ки ду рӯз паи ҳам муҳимтарин бозори коғазҳои қиматнок дарҳояшро мебандад. Дар давоми 48 соати ахир парвози ҳазорҳо ҳавопаймоҳо мутаваққиф шуда, се фурудгоҳи аслии Ню-Йорк ҳамоно баста мебошанд. Бо далелҳои амниятӣ чанд коргоҳи ҳастаӣ ҳам баста шудаанд.


Қабл аз тӯфон, мақомот ба як миллион сокини маҳаллӣ амр доданд, ки манзилҳои худро тарк карда ба манотиқи амн кӯч банданд. Шоми душанбе Майкл Блюмберг, мири шаҳри Ню-Йорк гуфт, ки дигар имкони берун бурдани мардум вуҷуд надорад.

  • Агар шумо дар хона ё кадом як макони амн ҳастед, дар ҷои худ бимонед. Фурсати тайғири макон ё эвакуатсия анҷом шуд. Шароити берун хеле хатарнок аст ва соатҳои наздик аз ин ҳам бадтар мешавад, - гуфт Блюмберг.


Ҳанӯз мизони пурраи хисорот ҳисоб нашудааст, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимолан даҳҳо миллиард доллар ба ҳаво рафтааст. Тӯфони “Сендӣ” ҳамчунин ба ҷараёни таблиғоти пешазинтихоботӣ таъсир гузошта, ҳарду номзади интихоботӣ – президенти амалкунанда Барак Обама ва номзади ҷумҳурихоҳон Митт Ромнӣ маъракаи таблиғоти номзадиашонро муваққаттан боздоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG