Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд ҳанӯз кӯҳистон барфпӯш аст, дар водии Вахш мардум ба омад-омади баҳору Наврӯз омода мешаванд. Деҳқонон бо неш задани сабза киштукорро шурӯъ карда, бачаҳо гули сияҳгӯшро ба фурӯш мегузоранд.

Нафаси баҳор сокинони деҳаи Чимбулоқи ноҳияи Хуросонро хушнуд ва дилгарм кардааст. Мардҳое, ки аз муҳоҷират ба Русия "эмин" мондаанд, дар киштзор ба кор сар карданд, занон низ ба онҳо кӯмак мекунанд, аммо бачаҳо дар сари роҳи сермошини Душанбе гул мефурӯшанд.

Яке аз онҳо, Маҳмадуллоҷон Назарови 14-сола ҳар рӯз бо дастаҳои гули сияҳгӯш дар ин ҷо садҳо мошинро пешвоз мегираду гусел мекунад. Падар ва бародаронаш дар Русия муҳоҷиранд ва ӯ даромади ками худро аз фурӯши сиёҳгӯш мададе ба буҷаи хонаводаи 8-нафарааш медонад:“Гулҳоро аз кӯҳ чида меорам, ки як донаашро 1 сомонӣ мефурӯшам. Рӯз 20 то 25 сомонӣ кор мекунам ва бо ин пул либос мехарам ва ба хонагиҳоямон ёрдам мекунам. Гулҳои моро бештар мардҳо барои ҳамсаронашон мехаранд.“

Маҳмадуллоҷон соли дуввум аст, ки дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа -- Душанбе гулфурӯшӣ мекунад. Дар гузашта бародаронаш гулфурӯш буданд, аммо аммо чун онҳо мактабро хатм карда, ба муҳоҷират рафтаанд, ҳоло ӯ ҷойи онҳоро гирифтааст. “Дарсамон дар мактаб аз соати 12 оғоз мешавад, ки ман то вақти дарс 20 то 30 сомонӣ даромад мегирам ва баъдан ба дарс меравам,” -- мегӯяд Маҳмадуллоҷон.

Вале омӯзгорон ва кормандони умури дохилӣ аз сокинони деҳа хостаанд, кӯдаконро барои гулфурӯшӣ ба сари шоҳроҳ нафиристанд. Омӯзгорон мегӯянд, гоҳе хонандагон ба иллати гулфурӯшӣ аз дарс мемонанд ва полис бар ин аст, ки истодани наврасон дар сари роҳи пурмошин метавонад, сабаби садамаи роҳ шавад.

Холдона Сафарова, зани 48-сола аз рустои Чимбулоқ ҳоло маҷбур аст, гулҳои чидаи фарзандонашро худаш ба канори роҳ бароварда фурӯшад. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорони мактаби деҳа монеи гулфурӯшии хонандагон шудаанд: “Мардум ҳама бекор ҳаст, ки барои рӯзгузаронияш гулфурӯшӣ мекунад. Инҷо талабаҳоро пулис ва омӯзгорон дигар намемонад, ки гул фурӯшанд, чун роҳ хатарнок аст. Албатта, бо гулфурӯшӣ зиндагӣ пеш намеравад, вале ба ҳамин ҳам намемонанд. Ҳатто духтарчаҳои маро аз сари роҳ пеш карданд, ки гул нафурӯшанд. ”

Алиакбар Бекмуродов, ҷавони 25-сола аз деҳаи Чимбулоқ мегӯяд, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия “бахт”ба рӯяш нахандида аз Русия ихроҷ шудааст, вале дар хона бекор нанишаста, балки гули сияҳгӯш чида мефурӯшад. Вай афзуд: “Ин гулҳоро аз ҳар тараф аз кӯҳҳо мечинем, ки кори осон нест, даромадаш гуногун аст, ки аз ёлаҳо мечинем. Занону мардҳое ҳастанд, ки гулҳои моро мехаранд, ман ду рӯз аст, ки ба гулфурӯшӣ омадаам, гулро гирифта, ба абрӯвонашрон мемоланд ва ба баҳор шукр мекунанд.”

Дар деҳоти Чимбулоқи ҷамоати “Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон, ки 596 нафар зиндагӣ мекунад. Аксарияти мардум чорводорӣ мекунаду бо ин роҳ зиндагияшро пеш мебаранд, қисмате ба муҳоҷират мераваду бархе аз нафарони бекор 3 моҳи баҳор, аз фурӯхтани гули сиёҳгӯш даромади иловагӣ пайдо мекунанд. Гули сиёҳгӯшро, ки муждарасони баҳор аст, мусофирони масири роҳи Қӯрғонтеппа -- Душанбе мехариданд. Ин аст, ки дар ҷамоати “Ғаллаобод” –и Хуросон ҳудуди 100 нафар кӯдакон, ҷавонон ва ҳатто занон гулфурӯшӣ мекунанд.

Яке аз сабабҳои рӯ ба гулфурӯшӣ ниҳодани сокинони рустои Чимбулоқ ин аст, ки онҳо ҷои кори муносиб надоранд. Онҳо ба ҳушдори кормандони умури дохилӣ эътино намекунанд, ҳарчанд панҷ сол пеш дар ҳамин ҷо кӯдаке ҳангоми гулфурӯшӣ зери мошин монда, ҷон дода буд.

Бо вуҷуди он, ки савдои гули сиёҳгӯш ва дигар гулҳои баҳорӣ дар канори роҳу ҷодаҳо довталабона тавассути кӯдакону ҷавонон ва ҳатто калонсолон сурат мегирад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин гулҳо пайғоме аз фарорасии баҳор медиҳанд, барои афроди касбу кори гуногун ҳаловате мебахшанд. Мардум аз ин гулҳо, ки агар дар канори рустои Чимбулоқ як донааш 1 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе ду ва се донааш 5 сомонӣ арзиш дорад, харидорӣ карда ҳамчун ҳадяи баҳорӣ бо худ мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG