Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби раҳоии ҷангии "фаранҷипӯш" - дар ивази 12 корманди "Шерхон-Бандар"


Абдураҳмон - баъди боздошт

Абдураҳмон - баъди боздошт

Мақомоти вилояти Қундузи Афғонистон мегӯянд, ҷангиёни толиб дар ивази раҳоии 12 корманди гузаргоҳи марзии “Шерхон-Бандар” ба онҳо супурдани ҷангии тоҷикистониеро хостаанд, ки ахиран фаранҷии занона дар тан дастгир шуда буд.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи пулиси вилояти Қундузи Афғонистон рӯзи 30 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҷангиёни Толибон, ки шаби 26 ба 27 ноябр 12 корманди гузаргоҳи “Шерхон-бандар, дар рӯбарӯи гузаргоҳи “Панҷи поён”-и Тоҷикистонро рабуданд, дар ивази раҳоии онҳо аз боздошт озод кардани як ҷангии захмии тоҷикистонӣ ва ду ҳамроҳи ӯро талаб гузоштаанд: “Бино ба мъалумоте ки мо дорем, толибҳо гаравгонҳоро дар қаламравҳои таҳти назораташон дар вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчӣ нигоҳ медоранд. Онҳо тавассути мӯсафедони миёнарав талаби худро ба мо расонданд. Онҳо пеш аз ҳама раҳоиии Абдураҳмони Ҷаъфар ном ҷангие аз Тоҷикистонро мехоҳанд.”

Сухангӯи пулиси Қундуз гуфт, Абдураҳмонро алакай ба Кобул интиқол додаанд ва тафтиши парвандаи ӯ бо ҷурми ширкат дар ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлати Афғонистон идома дорад. Бино бар ин манбаъ, азбаски Абдураҳмон аз ноҳияи пояш захмӣ шудааст, то ҳол таҳти табобат қарор дорад.

Ӯ афзуд, ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин шаҳрванди худ ба ҷониби онҳо муроҷиат накардааанд. Саидсарвар Ҳусайнӣ гуфт, дар сурати чунин муроҷиат имкони истирдоди Абдураҳмон ба Душанбе вуҷуд дорад: "Мо ҳамеша ба ҳамкорӣ бо ҳампешаҳои тоҷики худ дар масъалаи мубориза бо тундгароёну террористҳо омодаем."

Тошпӯлотов ва Қулбошев

Тошпӯлотов ва Қулбошев

Сухангӯи пулиси Қундуз дар ин маврид аз ҷумла аз қазияи ду ҷангии дигари тоҷикистонӣ - Тошпӯлотов Умаралӣ аз ноҳияи Шаҳритӯс ва Қулбошев Комилҷон аз ноҳияи Қубодиён – ёдовар шуд, ки моҳи июн низ дар пайи як задухӯрд дар Қундуз дастгир шуда, баъди ҳамагӣ чанд ҳафта ба мақомоти тоҷик супурда шуданд. Дар моҳи сентябр додгоҳи Тоҷикистон ҳардуро 9-солӣ ҳукми зиндон дод.

Аммо мақомоти пулиси Қундуз имкони ба муомила бо Толибон рафтану ба онҳо супурдани ин ҷангии тоҷикистонӣ дар ивази раҳоии кормандони гузаргоҳи марзии “Шерхон-Бандар”-ро рад мекунанд. Саидсарвар Ҳусайнӣ гуфт, чунин муомила дар гузашта собиқа надоштааст ва “хеле баъид аст, ки ин бор давлат бо “ошӯбгарон” ба чунин муомила розӣ шавад. Агар фикри чунин муомилаеро медоштанд, Абдураҳмонро ба Кобул намефиристоданд.”

Ин ҷангии тоҷикистонӣ, ки мақомоти афғон узви шабакаи Ал-Қоида муаррифиаш карданд, қариб 3 ҳафта пеш либоси фаранҷии занона дар тан замоне дастгир шуд, ки ба гуфтаи худашу 2 ҳамроҳи низ дастгиршудааш, дар задухӯрде бо нирӯҳои афғон аз пояш захмӣ шуда, барои табобат бояд ба Кобул ва аз он ҷо ба Покистон мерафт.

Генерал Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ

Генерал Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ

Ибтидо гуфта мешуд, ки ҳамроҳ бо ӯ як чечену як узбакистонӣ боздошт шудаанд, вале баъдан генерал Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ - раиси пулиси вилояти Қундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳони ӯ ҳарду шаҳрвандони Афғонистон - якеаш ронанда ва дигарӣ посбони онҳо - будаанд, мехостанд ин шаҳрванди захмии Тоҷикистонро барои муолиҷа бо мошин ба Покистон интиқол диҳанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон баъди боздошт ибтидо худро Иқбол муаррифӣ кардааст, вале мақомоти Қундуз маълум кардаанд, ки ӯ дар асл Абдураҳмон ном дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон мебошад.

Баъди нашри хабари боздошти ин ҷангӣ Зулфия Иноятова ном сокини шаҳри Хуҷанд рӯзи 20-уми ноябр бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт, аз акси нашршуда фарзандаш Абдураҳмонро шинохтааст. Зулфия Иноятова афзуд, писараш воқеан дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст ва баъдан онҳо бо аҳли оила ба шаҳри Хуҷанд кӯч бастанд: “Писарам дар ҳамин ҷо (Хуҷанд) мактаби миёнаро хатм карда, соли 2010 ба Русия рафт. То соли 2011 дар ҳамон ҷо кор мекард ва ба ман пул мефиристод. Баъд фаҳмидам, ки аз Русия ӯро ҳамон тараф бурдаанд (манзураш - Вазиристони Покистон). Ман дигар ҳеҷ чиз намедонам.”

Зулфия Иноятова мегӯяд, пас аз он ки фарзандаш Русияро тарк кард, чанд маротиба аз маконҳои номаълум ба вай аз тариқи Интернет занг задааст. Аммо ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд ӯ бо ин рақамҳо занг мезанад, онҳо ҳама хомӯшанд.

Сӯхтор дар "Панҷшанбе"

Сӯхтор дар "Панҷшанбе"

Зимнан Зулфия Иноятова низ дар он қисмати бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 16 ноябр сӯхт, дӯкон доштааст ва аз ин офат, ки тақрибан ҳамзамон бо хабари боздошти писараш дар Афғонистон рух дод, ӯ ҳам зарар дидааст: “Барои ҳамин ин шабу рӯз ман бисёр бандам, ҳар тараф медавам. Ба болои ин боз ин хабар расид...”

Мақомоти Қундуз мегӯянд, дар қаламрави ин вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарз дар таркиби гурӯҳҳои Ал-Қоида ва Толибон шаҳрвандони Покистон, Чеченистон, Узбакистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ, шаҳрвандони Тоҷикистон 25 то 30 нафарро гуфта мешавад, ки гӯё таҳти фармони нафаре бо номи “Мустафо Тоҷик” қарор доштаанд. Мегӯянд, ки “Мустафо Тоҷик” гӯё вай инженер ё муҳандис буда, мина дуруст мекардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Қундуз, аз бозпурсиҳои ҷангиёни асир, аз ҷумла Абдураҳмон, чунин бармеояд, ки онҳо барои батадриҷ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз уҷмла ба Узбакистону Тоҷикистон кӯчондани фаъолиятҳои худ дастур гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG