Пайвандҳои дастрасӣ

Хушқадам Хусравов, ки то ин дам танҳо дар сабқатҳои риштаи самбо баромад мекард, бори аввал дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо иштирок карда, қаҳрамон шуд.

Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки то кунун танҳо дар сабқатҳои оид ба самбо иштирок мекард, 11 апрел бори аввал дар мусобиқаи гуштии дзюдо дар Тоҷикистон иштирок намуда, қаҳрамон шуд. Ӯ дар вазни 60 кило баъди пирӯзӣ ба панҷ ҳарифаш аз Бадахшону Суғду Душанбе ба даври финалӣ роҳ ёфт ва дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани Озод Эмомов унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳибӣ кард.

Акнун роҳ барои иштироки Хушқадам Хусравов дар мусобиқаҳои олимпӣ ва ҷаҳонии дзюдо боз мешавад. "Дар риштаи дзюдои кишвар қаҳрамон шудан роҳро барои иштирок дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва миллӣ дар риштаи дзюдо боз кард",-гуфт ӯ.

Аммо ин пащлавони тоҷик мегӯяд, имсол ӯ тасмим дорад, дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо ширкат карда ва қаҳрамони ҷаҳон шавад.

Хушқадам Хусравов охири моҳи марти соли ҷорӣ дар мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гуштии

самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад, унвони қаҳрамонӣ ба даст овард. Вай дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни зери 62 кило ба финал баромада, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Қазоқистон Йессет Куанов бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гашт.

Муовини сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 35 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё ширкат карданд. Мусобиқа дар 9 вазн байни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон, Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.

Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи июни соли 2014 дар пойтахти Узбакистон - Тошканд баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Баъдан Хушқадам моҳи ноябри соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Наритаи Ҷопон барпо гардид, дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.

Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Хушқадам Хусравовро ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2014 дохил кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG