Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавони тоҷик Хушқадам Хисравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои қаҳрамони 6-каратаи ҷаҳон ва Устоди шоистаи варзиши Русия Асламбек Аслаханов медали тило ба даст овард.

Мусобиқаи XII байналмилалии дараҷаи "А", ки даври охирини Ҷоми ҷаҳонии самбо-2013 маҳсуб мешуд, рӯзҳои 20-21-уми декабр дар шаҳри Маскав, дар Қасри варзиши ба номи Иван Яригин, бо ширкати 119 варзишгар аз 15 кишвар барпо гардид.

Хушқадам Хисравов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Саян Хертеки русиягӣ ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Дар ин мусобиқа довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба ҳайси ҳакам ширкат дошт.

Даври Ҷоми ҷаҳонии самбо,
Маскав (Русия), 20-21-уми декабри соли 2013

Мардон

Вазни то 52 кг
1. Болатбек РАЙИМҚУЛОВ (Қазоқистон)
2. Дмитрий МУЛАДЗЕ (Гурҷистон)
3. Беимбет КАНЖАНОВ (Қазоқистон)

Вазни то 57 кг
1. Хушқадам ХИСРАВОВ (Тоҷикистон)
2. Саян ХЕРТЕК (Русия)
3. Ерболат БОЙБОТИРОВ (Қазоқистон)

Вазни то 62 кг
1. Ессет КУАНОВ (Қазоқистон)
2. Дмитрий ЕВДОШЕНКО (Украина)
3. Евгений МАГДИЧ (Русия)

Вазни то 68 кг
1. Сорбон ЭРНАЗАРОВ (Узбакистон)
2. Евгений КОРОТКОВ (Украина)
3. Гайк МЕЖЛУМЯН (Русия)

Вазни то 74 кг
1. Леван НАХУТСРИШВИЛИ (Гурҷистон)
2. Каха МАМУЛАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Артур САРКИСЯН (Украина)

Вазни то 82 кг
1. Нико КУТСИЯ (Гурҷистон)
2. Лаша ЗУРАБИАНИ (Гурҷистон)
3. Левон МАТЕВОСЯН (Русия)

Вазни то 90 кг
1. Паата ҶВИНИАШВИЛИ (Гурҷистон)
2. Андрей ГУСАРОВ (Русия)
3. Юрий ШИКАЛОВ (Русия)

Вазни то 100 кг
1. Эдуард КУРГИНЯН (Русия)
2. Лаша ГУРУЛИ (Гурҷистон)
3. Давити Лориашвили (Гурҷистон)

Вазни беш аз 100 кг
1. Юрий РИБАК (Беларус)
2. Олег ХОРПЯКОВ (Русия)
3. Восиф САФАРБОЕВ (Озарбойҷон)

Ёдовар мешавем, ки даври аввали Ҷоми ҷаҳонии самбо-2013 моҳи январ дар Уралски Қазоқистон, даври дувум моҳи март дар Маскави Русия, даври севум моҳи июни соли равон дар Каракаси Венесуэла ва даври чорум моҳи декабр дар Касбаланкаи Марокаш баргузор шуда буд.

Паҳлавонони тоҷик дар даври дувуми Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ҳамзамон мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, яке аз поягузорони гуштии самбо, маҳсуб мешуд, ду медал ба даст оварда буданд. Хушқадам Хисравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 57 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар сабқати самбои размӣ Маҳмадсафар Маҳмадрасулов дар вазни то 90 кг бо медали нуқра сарфароз гашт.

Паҳлавонони тоҷик дар даври чоруми Ҷоми ҷаҳонии самбо-2013 дар Марокаш як медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Наҷибулло Ҳабибуллоев дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг бо медали тилло ва Фарҳод Ҳусайнов дар вазни то 100 кг бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG