Пайвандҳои дастрасӣ

20 АКС аз "Хуррамшаҳр"-и Данғара


Ноҳияи Данғара – зодгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – дар солҳои охир симояшро хеле дигар кардааст.

4 сол пеш дар арафаи Наврӯз, дар ноҳияи Данғара, ба шарафи таҷлили “Наврӯзи президентҳо” бо ширкати сарони Эрону Афғонистон ва Туркманистону Тоҷикистон маркази фарҳангие бо номи “Хуррамшаҳр” ифтитоҳ ёфт, ки ҳамчун макони истироҳат нафақат дар Данғара, балки дар саросари кишвар ҳамто надорад.

Танҳо чойхонаи “Хуррамшаҳр”, ки бо сарфи миллионҳо доллар сохта шуд, бузургтарин чойхона дар Осиёи Марказӣ гуфта мешавад. Ҳоло дар Душанбе дар канори кӯли Ҷавонон чойхонаи бузургтаре бо акси бузурги Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад, ки интизор меравад, рекорди чойхонаи “Хуррамшаҳр” ҳамчун бузургтарин чойхоани минтақаро бизанад.

Бунёди марокизи бузурги фарҳангӣ, ба мисли "Хуррамшаҳр" ва ҳатто тарҳи фурудгоҳи байналмилалӣ, ки то ҳол сармоягузор наёфтааст, ин ҳама дар солҳои охир иттифоқ уфтода, симои ин ноҳияи воқеъ дар 120-километрии ҷануби Душанбе хеле дигар кардааст.

Хабарнигори Озодӣ рӯзи 29 март аз “Хуррамшаҳр” як силсила аксҳое овард, ки инҷо барои тамошои шумо мегузорем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG