Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангии Ал-Қоидаро модараш шинохт


Ҷангии тоҷикистоние, ки дар Қундуз дастгир шуд.

Ҷангии тоҷикистоние, ки дар Қундуз дастгир шуд.

Зулфия Иноятова, як сокини Хуҷанд мегӯяд, ҷавоне, ки дар вилояти Қундузи Афғонистон ҳамчун узви Ал-Қоида дастгир шудааст, писари ӯ Абдураҳмон аст. Ин ҷавон ҳафтаи гузашта бурқаъи занона дар тан дастгир шуда буд.

Модари як ҷангии тоҷики шабакаи “Ал−Қоида”, ки аз сӯи пулиси Афғонистон дар вилояти Қундуз боздошт шуд ва торнамои радио Озодӣ ду рӯз қабл дар ин бора гузориш дода буд, гуфт, писарашро шинохтааст.

Зулфия Иноятова, сокини шаҳри Хуҷанд рӯзи 20-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз хондани ин матлаб дар торнамои Озодӣ ва дидани акс фарзандаш Абдураҳмонро шинохтааст.

Хонум Иноятова афзуд, писараш воқеан дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст ва баъдан онҳо бо аҳли оила ба шаҳри Хуҷанд кӯч бастанд. Вай гуфт: “Писарам дар ҳамин ҷо (Хуҷанд) мактаби миёнаро хатм карда, соли 2010 ба Русия рафт. То соли 2011 дар ҳамон ҷо кор мекард ва ба ман пул мефиристод. Баъд фаҳмидам, ки аз Русия ӯро ҳамон тараф бурдаанд (манзураш - Вазиристони Покистон). Ман дигар ҳеҷ чиз намедонам.”

Зулфия Иноятова мегӯяд, пас аз он ки фарзандаш Русияро тарк кард, чанд маротиба аз маконҳои номаълум ба вай занг мезад. Аммо ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд ӯ бо ин рақамҳо занг мезанад, онҳо ҳама хомӯшанд. Иноятова мегӯяд, писараш мегуфт, ки аз тариқи интернет бо ӯ сӯҳбат мекунад.

Ин зан афзуд, ӯ низ дар паҳлуи бозори “Панҷшанбе” дӯкон дошт ва дар сӯхтори шаби 16− ум дӯкони вай низ зарар дидааст. Вай мегӯяд: “Барои ҳамин ин шабу рӯз ман бисёр бандам, ҳар тараф медавам. Чунки дар ҳамон сӯхтор ман ҳам зарар дидам ва бо ҳамин масъала машғулам. Ба болои ин боз ин хабар расид.”

Хонум Иноятова аз доани шарҳи бештар дар мавриди чигунагии ҷалби писараш ба сафи гуруҳҳои ифротӣ худдорӣ варзид ва гуфт аз шунидани хабари боздошти фарзандаш шокӣ аст ва то ба ҳол ба худ намомадааст.

Радио Озодӣ ҳафтаи гузашта аз боздошти як ҷангии тоҷики шабкаи “Ал−қоида” дар Афғонистон хабар дода буд. Ин нафар худро ба пулиси вилояти Қундуз Иқбол валади Ҷаъфар аз ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Ӯ бо ду ҳамтои афғонаш дар вулусволии Алиободи вилояти Қундузи Афғонистон дар ҳоле боздошт шуд, ки аз пояш захмӣ шуда буд ва зери бурқаи занона паноҳ бурда, мехост ба Кобул ва аз он ҷо ба Покистон равад.

Ғулом Мустафохон Мӯҳсинӣ, раиси пулиси вилояти Қундузи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Иқбол либоси занона ва ҳатто шиносномаи афғонӣ дар бар дошт ва ҳамчун зодаи Бадахшони Афғонистон ба Тоҷикистону Покистон ҳам рафта меомад: “Худаш эътироф кард, ки ба Вазиристон рафта будам, таассуроташро ҳикоят кард ва гуфт, ки курсҳои тахрибкоронаро дар Вазиристон омӯхтам. Баъд маро ба Афғонистон овардаанд ва дар ин ҷо дар фаъолиятҳои тахрибкорона ҳам иштирок доштам. Ин эътирофоти худаш аст.”

Раиси пулиси вилояти Қундуз мегӯяд, аз дигар манобеъ иттилоъ гирифтаанд, ки Иқбол номи ҷаълӣ аст ва дар асл ӯ Абдураҳмон, бо тахаллуси Ҷаъфар буда, зодаи ноҳияи Рӯдакист.

Вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиби вилояти Қундуз аз қабл минтақаҳои фаъолияти муассири чирикиҳо ба шумор меоянд, ки Иқбол низ ду моҳ пеш он ҷо омада, дар як амалиёт аз пояш тир хӯрдааст.

Аммо дар эътирофоти ӯ ва дарёфтҳои мақомоти амниятии Қундузи Афғонистон ин нукта хеле ҷолиб аст, ки дар қаламрави ин вилоят дар маҷмуъ аз 25 то 30 ҷангии тоҷик дар қатори шаҳрвандони Покистон, Чеченистон ва Узбакистон дар сафи чирикиҳо меҷанганд. Яке аз ин ҷангиҳо бо номи “Мустафо тоҷик” маъруф будааст ва мегӯянд, вай инженер ё муҳандис буда, мина ҷойкорӣ мекунад ва ҳам фармондеҳи гурӯҳи тоҷикон аст. Бино ба ин манобеъ, гурӯҳи тоҷикистониҳо асосан дар минтақаи Ғӯртеппа амал мекунад.

ВИДЕОИ РАДИОИ ОЗОДӢ ДАР БОРАИ ТАҲДИДИ ҶАНГИЁНИ ТОҶИК:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG