Пайвандҳои дастрасӣ

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар бозии санҷишӣ бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар бозии санҷишӣ бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, ки ба бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин дар шаҳри Душанбе омодагӣ мебинад, бозии навбатии санҷишӣ анҷом дод.

Ин дафъа рақиби хуҷандиҳо дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе буд. Ин бозӣ, ки рӯзи сешанбеи 2-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Дар оғози бозӣ, дар дақиқаи 3-юм, Фурӯғ Қодиров, ҳимоятгари ССКА “Помир”, тӯбро ба дарвозаи дастааш зада, ҳисобро кушод. Голи дувуми “Хуҷанд”-ро Илҳом Баротов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 75-ум, ба ҳадаф расонд. Баъди даҳ дақиқа Фирӯз Раҳматов, ҳамлагари ССКА “Помир”, ҳисобро тағйир дод.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш бозии санҷишӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки 29 январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. Дарвоқеъ, ду бозии пешини “Истиқлол” ва “Хуҷанд”дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд низ бо натиҷаҳои мусовии 1:1 ва 2:2 ба анҷом расида буд.

Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии “Хуҷанд”, рӯзи 2 феврал, баъди бозии санҷишӣ бо ССКА “Помир”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даста дар шаҳри Душанбе ба бозии интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё то 5 феврал омодагӣ мегирад. “Хуҷанд” рӯзи 6-уми феврал ба Фаластин сафар хоҳад кард. Бозии плей-оффи Ҷоми AFC бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки футболбозони Хуҷанд дар мавриди пирӯзӣ дар ин бозӣ дар Ҷоми AFC дар гурӯҳи «D» бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳанд кард. Агар «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёбад, аввалин бозиашро 24 феврал дар меҳмонӣ бо «Ал-Муҳаррак» анҷом медиҳад.

Бозии санҷишӣ

«ХУҶАНД» – ССКА «ПОМИР» – 2:1

Голҳо: Фурӯғ Қодиров, 3 – ба дарвозаи худ (1:0). Илҳом Баротов, 75 (2:0). Фирӯз Раҳматов, 85 (2:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алишер Тӯйчиев, Далерҷон Тухтасунов (Саидҷон Шарифов, 38), Соҳибҷон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Манучеҳр Аҳмадов, Илҳом Баротов, Ҳоҷибой Зиёев, Дилшод Бозоров (Марифҷон Марифбоев, 73), Фарҳод Тоҳиров.

ССКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фирдавс Чақалов, Фурӯғ Қодиров (Сефах Жаке Нана, 61), Алишер Холмуродов (Ойбек Абдуғаффоров, 46), Павел Калугин, Комрони Мирзонаҷот, Рустам Толибов (Фирӯз Раҳматов, 46), Давронҷон Тухтасунов, Парвиз Қашқаров, Шамсиддин Қосимов, Сайёди Ковусшо.

Огоҳонида шуданд: Далерҷон Тухтасунов, Илҳом Баротов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов, Павел Калугин, Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»).

Аз майдон хориҷ шуд (бо ҳуқуқи иваз кардан): Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), 36 – барои таҳқири сардовар.

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе).

2 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG