Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Хуҷанд бар пояи 46,5 миллион доллар қарзи Бонки Аврупо мехоҳанд низоми нақлиёти мусофиркашонии маркази вилоятро пурра таҷдид кунанд. Ин барнома ҳоло мавриди таҳқиқи коршиносон аз Чехия қарор дорад.

Шаҳрдории Хуҷанд мегӯянд, ки то поёни соли оянда автобусҳои нав дар маркази вилоят ба гардиш хоҳанд даромад. Ҳоло як гурӯҳи мутахассисони Ҷумҳурии Чех бо тавсияи Бонки аврупоии бозсохт ва рушд барномаи таҷдиди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷандро ба таҳқиқ гирифтааст.

Барномаи навсозии нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз суи шаҳрдории Хуҷанд таҳия шудаву аз ҷониби Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дастгирӣ ёфтааст, ҷорӣ намудани автобус ба ҷои микробусҳо ё маршруткаҳоро чун нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ мекунад.

Ғафурҷон Дадоҷонов, мудири бахши нақлиёт дар ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мутахассисони чех, иборат аз 5 нафар барномаи тақдиди нақлиёти амъиятиро умдатан аз 3 нигоҳ - имкон ва шароити ҷорӣ намудани сайри автобус ба ҷои маршруткаҳо, андозаи таъсири он ба коҳиши шиддати ҳаракат ва тамбашавии нақлиёт ва муҳити зист - мавриди пажӯҳиш қарор додаанд. Ӯ афзуд: “Онҳо таҳқиқ мекунанд, ки оё ҷорӣ намудани ҳаракати автобус ба ҷои маршрутка ба холитар шудани роҳҳову кам шудани тамбашавӣ ва муҳити атроф паёмади мусбат хоҳад дошт ё манфӣ.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, коршиносони чех, ки дар татбиқи инчунин барномаҳои таҷдиди нақлиёти ҷамъиятӣ мутахассисони хуб шинохта шудаанд, тӯли ним соли оянда ба омӯзиши ин барнома машғул хоҳанд буд. Вале аз он ки онҳо баъд аз ошноӣ бо вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар маркази вилояти Суғд ва суҳбату машварат бо раиси шаҳри Хуҷанду мутахассисони бахши нақлиёт баргаштаанд, ин навбат ба мо имкони суҳбат бо онҳо даст надод. Ба гуфтаи дастандаркорони барнома, мтахассисони чех баъди 1 моҳи дигар дубора ба Хуҷанд хоҳанд омад.

Иҷрои барномаи таҷдиди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва ҷойгузинии автобусҳои нав ба ҷои маршруткаҳои кунунӣ баъд аз анҷоми таҳқиқи коршиносони чехии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд охири соли оянда рӯйи даст гирита хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир, дар маркази вилояти Суғд, ки ҳудуди 200 ҳазор аҳолӣ дорад, микробус ё маршрутка ягона нақлиёти амъиятӣ ба шумор меояд. Биноба омори расмӣ, ҳудуди 1 ҳазору 500 маршрутка дар хатсайрҳои дохил ва берунишаҳрӣ дар ҳаракат аст. Дар канори он ҳаракати ҳудуди 30 ҳазор нақлиёти хусусии сокинони Хуҷанд ҷодаву роҳҳоро пур кардаву тамбаҳо сохта, ба сокинон дарди сар эҷод мекунад. Ба гуфтаи сокинон, набуди нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷуз маршруткаву тамбашавии роҳ аз зиёдии нақлиёт, афзудани садамаҳо ва нороҳатӣ ар маршруткаҳои тангу пур онҳоро зиёд азият медиҳад.

Барномаи таҷдиди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд дар чор соли пеш аз ҷониби шаҳрдории Хуҷанд таҳия шудаву иҷрои он аз набуди маблағ то ҳол ба таъхир меафтод. Маблағи умумии он 46,5 миллион доллари амрикоӣ буда, ҳоло дар қадами аввал харидани автобус ба маблағи 15 миллион доллар мавриди омӯзиш қарор дорад.

Бино ба пешбиниҳои муқаддамотии мтахасссисон, ин навбат харидани автобусҳои миёна дар назар аст. Вале оё Хуҷанд автобуси кадом кившварро харидорӣ хоҳад кард? Чехӣ, ҷопонӣ, чиноӣ ё дигар? Масъулони бахши нақлиёти ҳукумати Хуҷанд мегӯянд, сари ин баъди анҷоми таҳқиқи мутахассисони чех тасмим хоҳанд гирифт. Ва ин ки барномаро мутахасссиони чех аз нигоҳи коршиносӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд, ба он маъно нест, ки дар оянда дар Хуҷанд ҳатман автобусҳои сохти Чехия хоҳанд гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG