Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯъбаи маорифи Хуҷанд ба мактабҳои ин шаҳр тавсия додааст, ки духтарони толибилм тоқии тоҷикӣ дар сар ба дарс биоянд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин ибтидот эҳёи суннатҳои миллист.

Бино ба гузоришҳо, шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба мактабҳои маркази вилояти Суғд тавсия додааст, то духтарони толибилм имсол тоқии ироқӣ – як навъи тоқии тоҷикӣ – дар сар ба дарс биоянд. Зоҳиран, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бо таблиғи либоси миллии тоҷикӣ пеши раванди афзояндаи таваҷҷӯҳи занону духтарони тоҷик ба либосҳои мазҳабӣ, бо шумули чодару сатри исломӣ ва ҳатто ниқобу бурқаъро бигиранд.

Шабакаи маҳаллии телевизионии СМ-1, ки барои шаҳри Хуҷанд ва манотиқи атрофаш барнома нашр мекунад, бо нашри гузорише бо номи “Тоқӣ дар сар” дар шабакаи Ютюб дар Интернет якбора “муд” шудани тоқии ироқӣ дар байни хонандагони мактабҳои маркази вилояти Суғдро натиҷаи тавсияи шӯъбаи маориф ба мактабҳои шаҳр номидааст.

Бино ба ин гузориш, шӯъбаи маориф ба мактабҳо тавсия додааст, то аз оғози соли нави таҳсили 2014-2015, ки 1 сентябр оғоз ёфт, духтарони толибилм тоқии ироқӣ дар сар ба дарс ҳозир шаванд. Масъулони мактабҳо гуфтаанд, ки ин толибилмон ҳама “бо хоҳиши худ” тоқӣ пӯшидаанд ва ин як иқдоми хубе дар роҳи эҳёи анъанаву суннатҳои миллӣ ва либосҳои миллист.

Саидмухтор Ҷалолов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо телевизиони СМ-1 гуфтааст, ки пӯшидани тоқии тоҷикӣ ҳатмӣ ё фармон не, балки танҳо як тавсия аст, ки аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шуд: “Албатта, ин аз як тараф, эҳё кардани анъанаҳои миллӣ, яъне тоқипӯшии духтаракони мо бошад, аз тарафи дигар, аз ҷиҳати гигиениву санитарӣ ҳам, вақте ки дар сарат тоқӣ дорӣ, мӯйҳоят ба тартибанд, аз офтоб ҳимоят мекунад тоқӣ. Ва аз ҷиҳати эестетикӣ ҳам хеле зебост. Аз ин рӯ, чаро не, вақте имрӯз хонандагони мо худашон низ хоҳиш доранд, ки тоқии миллӣ бипӯшанд.”

Акс аз гузориши СМ-1

Акс аз гузориши СМ-1

Бисёриҳо аз ин ибтикор пуштибонӣ мекунанд, вале мегӯянд, ин кор набояд маҷбурӣ бошад. Мунтақидон дар пушти ин иқдом истодани танҳо талоши эҳёи суннатҳои миллиро низ зери суол бурда, мегӯянд, агар ҳадаф ин аст, пас чаро писаронро ба пӯшидани либоси миллӣ, барои мисол, яктаҳу ҷомаю ҳамон тоқӣ маҷбур намекунанд?

Дар ҳар сурат, ибтикори шӯъбаи маорифи Хуҷанд бозори фурӯши тоқии ироқиро хеле гарм карда, нархи онро то 15 сомонӣ расондааст, мегӯяд хабарнигори СМ-1.

Пайравӣ ба Рамазон Қодиров?

Пешниҳоди либоси миллӣ ҳамчун алтернативаи пӯшишҳои мазҳабии арабиву туркӣ қаблан аз сӯи раисиҷумҳури Чеченистони Русия Рамазон Қодиров таҷриба шуда буд.

Духтарони рӯймолпӯши чечен

Духтарони рӯймолпӯши чечен

Ҳоло дар маконҳои ҷамъиятии Чеченистон, бо шумули мактабҳову донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ, заноун духтарони маҳаллӣ бояд ҳатман дар сар рӯймолчаи миллӣ дошта бошанд. Як идда аз фаъолон ва рӯҳониёни тоҷик чанд сол ба ин сӯ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ пешниҳод мекарданд, ки дар сиёсати диниаш маҳз ба таҷрибаи, ба бовари онҳо, муваффақи Рамазон Қодиров пайравӣ кунад.

Ибтикори мақомоти маорифи Хуҷанд барои тоқии тоҷикӣ пӯшондани духтарон дар мактаҳои ин шаҳр дар ҳолест, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистон шумори онҳое, ки либосҳои мазҳабӣ, аз ҷумла сатру чодар ва бархе ҳатто ниқобу бурқаъ ба тан мекунанд, босуръат зиёд мешавад. Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои гузашта талош карданд, то бо манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои миёнаву олӣ ва дар идораҳои давлатӣ пеши ин тамоюлро бигиранд, вале зоҳиран чандон муваффақ нашуданд.

Ба гуфтаи афроди огоҳ, ин тадбирҳои муҷозотӣ ва ҳатто ихроҷи намоишкоронаи даҳҳо духтар аз мактабҳои миёнаву олӣ натавонист пеши ин равандро бигирад ва духтарони сатрпӯш маъмулан вақти вуруд ба дари мактаб ё донишгоҳ сатрии худро мегиранд, ки мабодо ихроҷашон накунанд, вале баробари хатми дарс дубора ба сар мекунанд.

Мавъизаи ғайричашмдошти хатибон дар масъалаи либоси миллӣ

Ба ин далел, дар моҳи Рамазони имсола имом-хатибони масоҷид тибқи мавзӯи ягонае, ки барояшон аз марказ ирсол мешавад, ҳама якбора дар мавъизаҳои худ баъди намози ҷумъа ба тавсифи либоси миллӣ пардохтанд ва ба мардум “тавсия” доданд, ки духатрони худро имсол либоси миллӣ дар тану рӯймоли тоҷикӣ дар сар ба мактаб бифиристанд. Хатибон дар ин мавъиза ҳамчунин тавсия додаанд, ки занону духтарони тоҷик аз пӯшидани либосҳои танг парҳез кунанд.

Акс аз гузориши СМ-1

Акс аз гузориши СМ-1

Ин пешниҳоди дар мақоиса бо сиёсати, ба ақидаи мунтақиқидонаш, динситезонаи ҳукумати Тоҷикистон ғайричашмдошт бисёриҳоро дар як ҳолати сардаргумӣ афканд, ки оё ин ба маънои тағйири ин сиёсат аст ё чӣ? Саидмухтор Ҷалолов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд акнун ба телевизиони СМ-1 гуфтааст, ки ин ибтикор ҳоло дар Хуҷанд ва чанд гӯшаи дигари Тоҷикистон таҷриба шуда истодааст.

Зимнан, чанде пеш додситони вилояти Суғд аз он нигаронӣ кард, ки занони тоҷик, ба гуфтаи ӯ, либоси арабиву покистониро аз либоси миллии худ афзалтар мешуморанд. Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд, дар ҷаласае бо иштироки раҳбарони мактабҳои оливу миёна, уламои дин, раисони маҳаллаҳо ва шӯроҳои занону бибиотунҳо дар “Кохи фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд аз либоспӯшии занони тоҷик интиқод карда, гуфтааст, онҳо либосу фарҳанги миллиро пушти по задаанд.

“Либоси миллии худро пушти по зада, либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад? Либоси тоҷикии мо чӣ нуқсон дорад? Ҳар давлату халқияту сохтор либоси махсуси худро дорад. Ва ба халқи тоҷик низ ниёгон либосҳои миллии худро ба мерос гузоштааст. Чаро таассуб ба либоси бегонагон мекунем?”,-суол гузоштааст оқои Қурбонзода.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG