Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд аз ҳузури ҷавононаш дар Сурия ва Саудӣ нигарон аст


Мақомоти Хуҷанд аз ҳузури ҷавонони ин шаҳр дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва муассисаву таълимгоҳҳои динии кишвари Арабистони Саудӣ нигаронӣ намуданд.

Масъалаи тақвияти корҳои тарғиботӣ барои баргардонидани сокиноне, ки дар Сурия ҳастанд ва ё дар кишварҳои арабӣ ба таҳсили исломӣ машғул мебошанд, рӯзи 19 октябр дар нишасти натиҷагирии фаъолон аз бурду бохтҳои шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи авали соли ҷорӣ, баррасӣ гардид.

Раҳим Солеҳзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, дар ҳоли ҳозир 5 хонавода аз Хуҷанд дар Сурия қарор доранд. Ҳамчунин, 11 сокини маркази вилояти Суғд дар Арабистони Саудӣ ба омӯзиши улуми исломӣ машғул мебошанд. Ба гуфтаи ҷаноби Солизода, “аз инҳо 4 нафар таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд ва 7 нафар машғули таҳсили динӣ ҳастанд.”

Мақомоти тоҷик таҳсили ба гуфта онҳо "ғайриқонунӣ"-и ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломиро барои амнияти мазҳабии Тоҷикистон хатарнок медонанд."

Ба таъкиди ҷаноби Солизода, 9 нафари ин афрод баъди баргардонидан ба ватан дубора ба Арабистони Саъудӣ баргаштаанд ва дар ин давра “ягон толибилме, ки ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар таълими динӣ мегиранд, баргардонида нашудааст.»

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд инро нишони «фаъолияти сусти масъулони умури дин, ҷавонон, кор ва шуғли аҳолӣ дар Хуҷанд” номид ва ба тақвияти фаъолияти ин ниҳодҳо ҷиҳати баргардонидани сокинон аз Сурияву Саъудӣ даъват намуд.

Мақомоти тоҷик таҳсили ғайриқонунии ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломии Шарқ, назири Арабистони Саъудӣ, Эрон, Миср ва Покистонро барои шакл гирифтани ақидаи суннатии исломии онҳо нораво ва амнияти динии Тоҷикистон хатарнок медонанд.

Мақомоти Тоҷикистон 6 сол қабл бо роҳандозии маъракаи густардае 3 ҳазор ҷавони тоҷикро, ки дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, бо ваъдаҳои фароҳам намудани ҷойҳои таҳсил ё кор, ба ватан баргардониданд. Акнун бо гузашти муддати на чандон зиёд, мақомот аз бозгашти дубораи бархе аз ин ҷавонон ба ҷойҳои таҳсили қаблиашон хабар доданд

Бо дастури ҳукумат даҳҳо нафар донишҷӯён аз муассисаҳои таълимии кишварҳои исломӣ бозпас оварда шуданд.
Бо дастури ҳукумат даҳҳо нафар донишҷӯён аз муассисаҳои таълимии кишварҳои исломӣ бозпас оварда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони кишвар рӯзи 27 майи соли равон аз мавридҳои таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва пайвастани бархе аз онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ карда, барои баргардонидани онҳо ба ватан таъкид карда буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба 370 ҷавоне ишора кардааст, ки "дар муассисоти таълими динии давлатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар баргардонда нашудаанд". Ба гуфтаи ӯ, аз ин ҷумла, 36 нафар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда ва дар набардҳо дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои масъулони шӯъбаи оид ба корҳои дин дар ҳукумати Суғд, то моҳи июли соли ҷорӣ аз 649 донишҷӯе, ки дар кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсили динӣ доранд, бо дархости мақомот ва падару модарони онҳо 630 нафар ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Масъулони шӯъбаи дин мегӯянд, “барои ба ватан баргардонидани боқимондаҳо тадбирҳои иловагӣ” меандешанд. Дар ҳоле, ки ба қавли масъулони умури дин, 39 нафар донишҷӯи баргардонидашуда бо баҳонаҳои муҳоҷирати корӣ, саёҳат ва тиҷорат дубора ба Саъудиву кишварҳои дигари хориҷӣ барои дубора идома додани таҳсили динӣ баргаштаанд.

Ҳамзамон, раёсати корҳои дохилии Суғд, иштироки 394 нафар сокини вилоят дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Сурия ва ҷон бохтани 36 нафари онҳоро маълум кардааст. Ба қавли ҳамин манбаъ, 24 нафари онҳо ҳамсар ва 44 кӯдаки худро низ ҳамроҳи худ ба Сурия бурдаанд.

XS
SM
MD
LG