Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Мадраса" дар Суғд


Мақомоти интизомии Суғд тайи амалиёте бо номи "Мадраса", мавориди таълими ғайриқонунии динӣ дар "мадрасаҳои хонагӣ"-ро ошкор кардаанд.

Онҳо мегӯянд, дар нисбати созмондиҳандагони ин "мадрасаҳо" парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Дар ҷараёни ин амалиёт, ҳамчунин дур мондани наздики 120 талабаи мактабҳои миёна аз ҷараёни таълим ошкор гардидааст.

МАДРАСАҲОИ ХОНАГӢ ВА ТАЛАБАҲОИ ДУР АЗ МАКТАБ

Идораи корҳои дохилии Суғд мегӯяд, як нафаре, ки алайҳаш парвандаи маъмурӣ боз шуд, Насимҷон Ҳакимов, сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар манзили худ ду навҷавонро ба дарси исломӣ ҷалб карда будааст.

Раҳматшо Раҳматшоев, муовини аввали сардори идораи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин танҳо мавриди бастани таълимгоҳи ғайриқонунии динӣ дар ин маҳал аст.

Қонуни Тоҷикистон фаъолияти таълимгоҳҳои динии хонагиро мамнӯъ карда, барои боз кардани «мадрасаҳои хонагӣ» ҷазо таъйин кардааст. Аммо ба волидайн иҷозат аст ба кӯдаконашон таълими динӣ диҳанд.
Соли гузашта дар нисбати тақрибан 30 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои боз кардани таълимгоҳҳои мазҳабии ғайриқонунӣ дар манзилҳои худ парванда боз шуда буд.

Ҳамзамон, ба маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, соли гузашта додгоҳ ҳудуди 60 волидайни суғдиро барои манъи фарзандон аз таълим дар мактабҳои ҳамагонӣ ҷарима бастааст. Аммо нисбат ба як сокини Истаравшан, ки писари 14- солаи худро ба баррабонӣ водошта, аз мактабхонӣ тамом маҳрум карда буд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

ХАВФ АЗ ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР?

Бастани «мадрасаҳои хонагӣ» дар вилояти Суғд соли 2007- и милодӣ ҳамзамон бо танзими фаъолияти масоҷид ва тақвияти мубориза алайҳи ҳаракати мамнуъи Ҳизб- ут -таҳрир сурат гирифт. Дар гузашта муллоҳо ва бибиотунҳо дар аксари шаҳру навоҳии Суғд, таълими исломии ҷавонписарону духтаронро дар манзилҳои худ ва назди масоҷид ба роҳ монда буданд.

Як манбаи наздик ба идораи маорифи Суғд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти «Мадраса» ошкор сохт, ки бархе аз навҷавонони ба мадрасаҳои хонагӣ ҷалбшуда, талабаҳои канормонда аз ҷараёни таҳсилоти ҳатмии мактабҳо мебошанд. Вай афзуд, соли таҳсили 2009- 2010 ҳудуди 200 мактабхони суғдӣ аз ҷараёни таълими ҳатмӣ канор монда буданд, имсол ин рақам то беш аз 100 нафар поин рафтааст.

Ба гуфтаи мусоҳибам, қисмати умдаи талабаҳои канормонда аз таҳсил дар мактабҳои миёна духтаронанд, ки волидайни нодорашон онҳоро ба корҳои саҳрову бозор ҷалб карда ва ё бо либоси мактабии "ғайриисломӣ" мактабравиро ба онҳо манъ кардаанд.

МАДРАСАИ ХОНАГӢ ЧӢ ГУНА ТАЪЛИМГОҲ АСТ?

Дар ин бора Орифҷон Байзоев, мудири мадрасаи исломии шаҳри Хуҷанд мегӯяд: «Оё он шахсе, ки бачаҳоро барои таълими динӣ ҷалб мекунад, дониш ва таҷрибаи кофӣ дорад ё на? Оё ғарази шахсие дорад, яъне манфиате аз ин кор ба даст овардан ё барномаи бегонаеро ба бачаҳо талқин кардан ё ақидаҳои дигар мазҳабҳоро ба онҳо омӯхтан мехоҳад, муайян кардани ин чизҳо муҳим аст. Бо ҳамин роҳ мо мазҳаби ҳанафии дини худамонро солим дорем.»

Вале домуллоҳои «мадрасаҳои хонагӣ» мегӯянд, ин корро ройгон ва ба хотири савоб дар роҳи Худо анҷом медиҳанд. Як мусоҳибам аз шаҳри Хуҷанд, ки худро Носиралӣ муаррифӣ кард гуфт, адами дастрасӣ ба таълими исломӣ дар мактабҳои миёна, камии мадрасаҳои расмӣ, волидайн, аз ҷумла худи ӯро, ки мехоҳад писараш ислом омӯзад, ногузир назди мулло мебарад.

Ба маълумоти шӯъбаи дини ҳукумати Суғд, дар ин вилоят 9 мадрасаи мутавасситаи исломӣ вуҷуд дорад, ки дар ҳоли ҳозир сетои он фаъол аст. Мадрасаҳои дигар бинобар надоштани аснод ва таълимгоҳ, муваққатан фаъолият намекунад.

Аммо мусоҳибам Носиралӣ мегӯяд, дар ҳоли фаъол шудани 9 мадрасаи хурд низ мушкили дастрасӣ ба таълими исломӣ барои сокинони Суғд, ба хусус манотиқи деҳот боқӣ мемонад ва ночор фарзандони худро назди муллову бибиотунҳо мебаранд.
XS
SM
MD
LG