Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни бозгаштаро чӣ интизор аст?


Беш аз 530 толибилми хатлонӣ, аз ҷумла 4 зан, ки дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ба зодгоҳҳои худ боз оварда шудаанд. Бобохон Шарбатов, масъули шӯъбаи умури дини вилояти Хатлон мегӯяд, ҳоло ниҳодҳои расмӣ барои баргардонидани 215 донишҷӯи дигар талош доранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Шарбатов, ҳукуматҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон муваззаф шудаанд, барои ҷалби ҷавонони бозгашта ба сафи артиш, идомаи таълим дар мактабҳои миллии ҳамагонӣ ва олӣ, ҳамчунин таъмини онҳо бо ҷойи кор, мусоидат кунанд.

Донишҷӯни бозгаштаро ба кор таъмин мекунанд

То имрӯз ҳеҷ омори расмие рӯи даст нест, ки мушаххасан чӣ теъдод аз муҳассилини тоҷики баргашта аз мадрасаҳои исломӣ, дар Тоҷикистон дубора ба таҳсил дар донишгоҳҳо ҷалб шудаанд, аммо шумораи ҷавононе, ки баъди бозгашт ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, ба даҳҳо нафар мерасад.

Ҳамакнун масъулони шӯъбаи умури дин дар ҳукумати Хатлон мегӯянд, ҷавонони бозовардашуда, ки ихтисосманд ва қобили кор ҳастанд, дар ояндаи наздик дар корхонаву муассисаҳои минтақа ба кор фаро гирифта хоҳанд шуд. Таҳлилгарон ин иқдоми ҳукуматро аз он ҷиҳат дуруст мешуморанд, ки акнун амалу рафтори ин ҷавонон таҳти назорати ниҳодҳои расмӣ қарор мегирад.

Бозгаштагони умедвор...

Маҳмадулло Ғафуров, ҷавоне аз Қӯрғонтеппа, ки баъд аз панҷ соли таҳсил дар яке аз мадрасаҳои исломии Покистон ба ватан баргаштааст, мегӯяд, ҳоло мехоҳад донишҳои диниашро дар таълимгоҳҳои расмии мазҳабии Тоҷикистон ба ҳайси мударрис ба насли наврас омӯзонад:

«Ман аз мақомоти Тоҷикистон мехостам, ки онҳое, ки донишгоҳҳои исломиро дар хориҷа хатм кардаанд, ба ҳайси муаллим дар донишкадаи исломӣ ва ё мадрасаҳои расмии кишварамон ба кор қабул кунанд. Ба ин васила мо соҳиби кори бомузд мешавем ва ҳам зарурат ба муҳоҷирати корӣ ё тарки ватан кардан намемонад…»

Дар баробари Маҳмадулло, ҷавонони зиёде ҳам танҳо ба умеди пайдо кардани ҷойи кор ё идомаи таҳсил дар Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд.

Волидони нигарони ояндаи фарзандон...

Муродалӣ Қаландаров, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, таҳсили писари 20-солаи ӯ дар мадрасаи Зоҳидони Эрон мушкиле надошт, чун дар ду соли таҳсилаш вай илмҳои динию дунявиро аз худ карда, босавод шудааст. Ҷаноби Қаландаров афзуд, вай аз давлати Тоҷикистон хостори он аст, ки барои идомаи таҳсили фарзандаш дар донишкадаи исломии кишвар иҷозат бидиҳад:

«Писари мо ба иддаои мақомот, аз роҳи ғайрирасмӣ, барои таҳсили илм кардан ба Эрон рафта буд. Хонд, илм омӯхт, аммо баъди муроҷиати раисиҷумҳур, мо фарзандамонро баргардонидем, чунки вазъияти кишварамон нотинҷ аст. Акнун мушкиле надорем. Вале умед дорем, ки барои идомаи таҳсили писарамон дар ватан мусоидат мекунанд…»

Дар ҳамин ҳол, Файзулло Маҷидов, сокини 17-солаи шаҳри Сарбанд, ки дар моҳи гузашта аз Покистон баргаштааст, мегӯяд, як солу ҳафт моҳ дар шаҳри Карочӣ таълимоти исломиро тибқи мазҳаби Ҳанафия аз бар кардааст. Вай афзуд, ӯро бо ваъдаи ин, ки дубора аз роҳи қонунӣ ба таҳсил дар Покистон бар хоҳад гашт, ба ватан овардаанд:

«Ҳар он чӣ мегӯянд, ки он ҷо террористу ҷангҷӯ мешаванд, он ҷо ин хел нест, мо надидем дар тӯли таҳсиламон. Надидем, ки ҷавононро автоматзанӣ меомӯзанд ва на ҷангу ҷидолро. Мо ҳамин ҷо омадем, ин ҳама гапу хабарро дар ҳамин ҷо мешунавем. Моро гуфтанд, ки ба ватан баргардед, давлат дубора шуморо аз роҳҳои қонунӣ ба макони таҳсилатон бармегардонад. Ман мехоҳам, ки дар ҳамон мадраса таҳсилро идома диҳам…»

Донишҷуёни бозгаштаро ташхиси равоншиносӣ мегузаронанд

Дар ҳоле, ки мақомоти ҳукумат мехоҳанд, муҳассилини ба ватан баргаштаро ба сафи артиш ё ба кор дар корхонаҳо ҷалб кунанд, коршиносон ва масъулони риштаи омӯзишу парвариши Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки ин ҷавонон нахуст бояд аз ташхиси равоншиносӣ гузаранд ва барояшон давраҳои равонпизишкӣ барпо шавад.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Бобохон Шарбатов, мудири шӯъбаи умури дини ҳукумати вилояти Хатлон, ҳоло барои ҳар як донишҷӯи баргашта ба истилоҳ, «маълумотномаи шахсӣ» тартиб дода мешавад, то дар асоси ин ҳуҷҷат дар оянда онҳо ба таҳсил ва кор фаро гирифта шаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон 3700 ҷойи кори холӣ вуҷуд дорад. Аммо идораи шуғли аҳолӣ мегӯяд, ҳеҷ нафаре аз донишҷӯёни баргашта ё ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дархости расмӣ барои бо кор таъмин шудани онҳо муроҷиат накардаанд.
XS
SM
MD
LG