Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоли зори варзишгоҳи ҳанӯз носохтаи Ховалинг


Мақомоти Ховалинг мехоҳанд ки мардум дар моҳи сентябр дар ҳамин варзишгоҳ аз раисиҷумҳур пазироӣ кунад.

Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҳукумати ноҳияи Ховалинг ҳушдор додааст, то сохтмони варзишгоҳи марказии ин ноҳияро қатъ кунанд. Ин ниҳод соле пеш дар пайи назорати сохтмони ин варзишгоҳ ба хулосае омадааст, ки он ба талабот ҷавобгӯ нест ва ширкати сохтмонии масъулро ба маблағи 3 ҳазору 700 сомонӣ ҷарима кардааст.

Аммо масъулони ин хадамот дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, бо вуҷуди ислоҳ нашудани камбудиҳо ҳукумати ноҳия ба сохтмони варзишгоҳ идома медиҳад, ки ин хилофи меъёрҳои сохтмонист.




Замоне ки мо аз ин варзишгоҳ боздид кардем, он ҷо танҳо шишаҳои шикаста, деворҳои кафида ва ҷойҳои нишасти фурӯрафтаро мушоҳида кардем. Бо ин вуҷуд, гурӯҳе аз коргарон болои ин варзишгоҳи хароба корро идома медоданд.

Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг дар нишасти матбуотиаш изҳор дошт, ки камбудиҳои мавҷуда ҷиддӣ нестанд ва қобили ислоҳанд. Ӯ гуфт, «мо бояд то ҷашни истиқлолият ин варзишгоҳро ба истифода диҳем. Барои ин, Сафаралӣ Раҷабов, вакили мардумии ин ноҳия дар парлумон бо дархости вакилӣ аз вазорати молия 900 ҳазор сомонӣ дархост кард, ки он маблағ ҷудо шудааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ идома доранд.»

Аммо тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд ва ҳам сокинони ноҳияи Ховалинг мегӯянд, ин варзишгоҳ, ки ба қавле сохтмонаш дар ҳоли анҷомёбист, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Шариф Мирзоев, як сокини ноҳияи Ховалинг гуфт: «Лоиҳаи варзишгоҳ беҳтарин буд. Дар ду ошёнаи он бояд мағозаҳо ҷойгир шаванд. Лекин ҳоло сохтмон анҷом наёфта, деворҳо фурӯ рафтаанд. Ба ошёнаи дуюм баромада, ба мағоза даромадан алакай хатарнок аст. Дигар ба фикрам, сохтмонро давом дода намешавад, чунки онро бояд аз нав сохт.»

Ҷавони дигаре бо номи Шамсиддин Сафаров гуфт, онҳо умедвор буданд, ки бо анҷоми сохтмони ин варзишгоҳ дастаи футболи ноҳия фаъол мешавад, вале ба назар мерасад, ки ин орзу амалинашаванда боқӣ мемонад. «Мо ҳоло дар қади кӯча футбол бозӣ мекунем. Сохтмони варзишгоҳро сар карданд, хурсанд шудем, лекин ҳозир диламон монд. Майдони варзишгоҳ каҷ шудааст ва ҷойи нишаст ҳам яктарафа аст,» - гуфт ин сокини Ховалинг.

Сохтмони варзишгоҳи марказӣ дар ноҳияи Ховалинг барои ба беш аз 5 ҳазор ҷои нишаст 4 сол пеш оғоз ёфта буд. Вазорати молия барои сохтмони ин варзишгоҳ наздики 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Бо вуҷуди ин ки Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ дар минтақаи Кӯлоб ин сохтмони ҳанӯз нотамомро аз ҳоло хатаровар унвон кардааст, аммо масъулони ноҳия мегӯянд, зимни сафари моҳи сентябри раисиҷумҳур мардуми Ховалинг Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамин варзишгоҳ истиқбол хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG