Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 40 рӯз аз оғози эътирозҳои Хоруғ вазъ дар маркази маъмурии вилояти мухтолри Кӯҳистони Бадахшон, ба гуфтаи сокинонаш, ором шудааст. Вале таҳқиқи тирандозие ки боиси он эътирозҳо шуд, ҳанӯз идома дорад.

Дар Хоруғ расидагӣ ба парвандаи тирандозии 21 май, ки мунҷар ба 4 рӯзи эътирозҳо дар маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд, идома дорад. Шерхон Салимзода - доситони кулл ва Рамазон Раҳимзода - вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар робита бо ин парванда вориди Хоруғ шудаанд. Бо вуҷуди ин ки дар бораи ҳадафи боздиди онҳо аз Хоруғ чизе гуфта намешавад, вале ҳолдонҳо бар ин ақидаанд, ки дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҳамин масъала онҳоро ба Хоруғ меорад, то расидагӣ ба парванда суръати бештар пайдо кунад. Вале ин тирандозиҳо ҷониби дигар ҳам дорад ва он дар муддати бештар аз як моҳи баъди он ба зиндагии мардум ва вазъи иқтисодии минтақа чӣ таъсир доштааст?

Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз рӯшанфикрони Хоруғ муроҷиатномае ба кумиссиюни муштараки ҷониби ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пахш карданд ва хостанд, ки аз ҳар ду ҷониб аъзои кумиссиюн дар мавриди рӯйдодҳои 21-24 май ба созиш расанд. Боймаҳмад Алибахшов - раиси анҷумани тоҷирони Бадахшон ва яке аз муаллифони ин муроҷиатнома мегӯяд, барои он ки дигар чунин ҳодисаҳо рух надиҳанд, бояд дар миёни аъзои кумиссиюн тарафкашӣ нашавад ва гунаҳгорон аз ҳар ду ҷониб бояд ба муҷозот кашида шаванд. Оқои Алибахшов рӯзи 1 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ аз ҷумла гуфт: “Ҳар касе, ки дар ҷиноят даст дорад, аз кадом тараф, ки набошад бояд ҷазо бигирад, бе ин намешавад.”

Мақомоти раҳбарии вилоят низ аз ҳамин нуқтаи назар ҷонибдорӣ мекунанд. Исмоил Орифшоев - муовини раиси вилояти Бадахшон ба дурустии кори кумиссиюн бовар дорад ва мегӯяд, ин кумиссиюн “ҳақро ба ҳақдор мерасонад.” Орифшоев ба Озодӣ гуфт: “Агар амалиёти кормандони мақомоти дохилӣ ғайриқонунӣ бошад, онҳо ҷавоб диҳанд, агар ин тараф ғайриқонунӣ корҳое карда бошанд, инҳо бояд ҷавоб диҳанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар доираи қонун корашро анҷом диҳад. Лекин дар ин ҷо ба хотири он ки ягон тараф ғаразнок набошад, дар кумиссиюни муштарак намояндагони давлат ва аъзои мухолифон ҳам ҳастанд. Онҳо якҷоя кор мекунанд.”

Нархи гӯшт дар Хоруғ - 28 сомонӣ

Эътирозҳои моҳи май дар Хоруғ

Эътирозҳои моҳи май дар Хоруғ

Аммо ҷониби дигари тирандозии Хоруғ низ ҳаст: асари он ба зиндагии рӯзмарраи мардуми минтақа, ба вазъи иқтисодӣ ва ба бозор. Мусоҳибони мо мегӯянд, вазъ ором аст, онҳо ташвише дар чеҳраҳои сокинони Хоруғ мушоҳида намекунанд. Тирандозӣ танҳо таъсири се-чаҳоррӯза доштааст ва мошинҳои молу коло ба Бадахшон намеомад. Сипас зиндагӣ ба маҷрои маъмулии худ баргаштааст. Нархҳо дар бозор боло нарафтаанд ва ҳамлу нақли коло аз Чину Ӯши Қирғизистон ва аз шаҳри Душанбе ҳоло мисли пеш идома дорад.

Қурбони Аъламшоҳ – хабарнигори сокини Хоруғ мегӯяд, дар ҳамин рӯзҳо барои харидорӣ ба бозори шаҳри Хоруғ рафта буд. Ба гуфтаи ӯ, “нархҳо ҳеҷ фарқе пайдо накардаанд. Дар ҳоле ки дар остонаи моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон нархи маҳсулот боло рафтааст, дар Хоруғ чунин раванд мушоҳида намешавад. Масалан, сокинон гӯштро ба 28 сомонӣ харидорӣ мекунанд, дар ҳоле ки дар Душанбе нархи гӯшт аз 34-35 сомонӣ то ба 38-40 сомонӣ расидааст. Нархи картошка дар Хоруғ баръакс арзон шудааст ва бо фаро расидани мавсими тобистон аз 5 сомонӣ ба 3 сомонӣ поин рафтааст. Соҳибкорони тоҷику чинӣ ва қирғизҳову афғонҳо бидуни тағйир чун рӯзҳои пеш аз тирандозӣ ба бозор мол ворид мекунанд. Тоҷирони тоҷик аз атрофи шаҳри Душанбе дар бозор тиҷорат мекунанд, ба вижа тоҷирон аз ноҳияи Ҳисор зиёданд.”

Гузашта аз ин дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хоруғ фӯруши фаровардаҳои кишоварзӣ созмон дода шуд ва дар ин фурӯшгоҳ- намоишгоҳ на танҳо кишварзони ноҳияҳои вилояти Бадахшон, балки кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бо фаровардаҳои худ ширкат доштанд.

Дар орзуи ободӣ

Дар Бадахшон замин кам аст ва корхонаҳои зиёди саноатӣ низ сохта нашудааст. Ҳамеша ин вилоят аз ҳукумати вақти Шӯравӣ кӯмак мегирифт ва ба истилоҳ “дар дотация менишаст.” Вале акнун бояд ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбарияти Бадахшон барномаҳои наверо барои рушди иқтисоди ин вилоят муарррифӣ кунанд. Бояд корхонаҳо ва ширкатҳои нав сохта шаванд, вале ин кор сармоя мехоҳад.

Кӯҳҳои Бадахшон

Кӯҳҳои Бадахшон

Яке аз чунин барномаҳои сармоягузорӣ дар қадами аввал баргузории форум ё маҷмаи сармоягузорони дохиливу хориҷист. Қарор аст, ин форум 15-16 август бо кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор шавад. Аз ин роҳ вилояти Бадахшон мехоҳад сармоягузорон дар бахшҳои муҳими иқтисоди вилоят сармоягузорӣ кунанд. Бори аввал соли 2011 низ чунин форум баргузор шуда буд ва баъд аз он 4-5 миллион доллар сармоя ба вилоят ворид шуд. Вале созмондиҳандагони маҷмаи кунунӣ пешгӯӣ мекунанд, ки ин дафъа ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ 50-60 миллион доллар дар тарҳҳои рушди иқтисодии вилоят сармоягузорӣ мекунанд. Созмондиҳандагони маҷмаъ аз ҳоло барномаҳоеро барои сармоягузорӣ омода ва ба онҳо пешниҳо мекунанд.

То ҳол барои ширкат дар ин маҷмаъ ҳудуди 100 нафар сармоягузорон аз дохил ва хориҷ изҳори омодагӣ кардаанд ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар берун низ дар ин самт бо ширкатҳои хориҷӣ музокираро идома медиҳанд.

Вале мусоҳибони радиои Озодӣ эътироф карданд, ки тирандозии 21 май дар бахши ҷаҳонгардӣ таъсири худро гузоштааст. Вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон, ба минтақае, ки бештар аз ҳар ҷои дигари Тоҷикистон сафар мекарданд, камтар шудааст. Масалан, Асадшоҳ Зоолшоев - раиси Анҷумани ҷаҳонгардии Бадахшон гуфт, баъд аз нашри хабари ҳодисаҳои Хоруғ дар интернет ҷаҳонгардон аз кишварҳои хориҷӣ камтар меоянд ва меҳмонхонаҳо мисли пеш пур нестанд.

Гармчашма дар моҳи январ

Гармчашма дар моҳи январ

Бо вуҷуди ин аз шаҳрҳову ноҳияҳои худи Тоҷикистон якмаром ва мисли пеш ҳаводорон меоянд ва дар осоишгоҳҳои Гармчашма, чашмаҳои Авҷ ва дар чашмаи Фотимаву Заҳро дар обҳои шифобахш муолиҷа мегиранд. Маъмулан ҷаҳонгардони хориҷӣ барои кӯҳнавардӣ, саёҳат дар мавзеъҳои зебоманзар ба Бадахшон меоянд ва ҷаҳони дигареро барои худ кашф мекунанд.

Бо вуҷуди ин ташвиқи ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ва ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ низ иртибот дорад, ки онҳо ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Бадахшонро чӣ тарз ташвиқ ва ба онҳо бидуни мамониат раводид содир мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG