Пайвандҳои дастрасӣ

Хоруғ интиқоли Толиб Айёмбековро ба Душанбе рад кард


Толиб Аёмбеков, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон

Толиб Аёмбеков, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон

Намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, Толиб Айёмбеков феълан дар Хоруғ аст ва дар ҳамин ҷо бозпурсӣ мешавад.

Корманди баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, Толиб Айёмбеков аз Хоруғ ба Душанбе интиқол дода нашудааст. Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ кард. Худи Айёмбеков гуфтааст, дар Хоруғ аст ва ба дастури беиҷоза тарк накардани ин шаҳр имзо кардааст.

Пештар як манбаи наздик ба мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфт, интиқоли Толиб Айёмбеков аз Хоруғ ба Душанбе рӯзи сешанбеи 21-уми август, як рӯз пеш аз куштори Имомназар Имомназаров, яке дигар аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ сурат гирифтааст. Хабаргузории "Интерфакс" низ хабар дод, ки Толиб Айёмбеков, бародар ва ронандаи ӯ ба Душанбе интиқол дода шудаанд. Вале манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ ин хабарро рад карданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Толиб Айёмбековро дар қатли Абдулло Назаров, сардори бахши КДАМ дар ин вилоят, ки рӯзи 21-уми июл иттифоқ афтод муттаҳам меҳисобанд.

Гурӯҳи кории Додситонии кулли Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии муовини аввали Додситони кулл ба таҳқиқи ҳаводиси моҳи июли шаҳри Хоруғ машғуланд, ҳафтаи гузашта Толиб Айёмбековро бозпурсӣ кардааст.

Исми Толиб Айёмбеков, фармондеҳи қитъаи марзии ноҳияи Ишкошим дар робита бо ҳодисаи ахири куштори генерал Абдулло Назаров, раҳбари Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сари забонҳо шуд. Толиб Айёмбеков бародари Абдуламон Айёмбеков (маъруф бо лақаби Алёша-Горбун) аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби нерӯҳои оппозитсиюн ҷангидааст. Бародараш дар охири соли 1994 дар 34-солагӣ дар Бадахшон кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG