Пайвандҳои дастрасӣ

Исми сиёсатмадор Михаил Ходорковский дар Русия ва 15 давлати дигар ҳамчун бренди тиҷоратӣ сабт шудааст.

Ширкати «Роспатент» исми сиёсатмадори мухолифин Михаил Ходорковскийро дар Русия ва 15 кишвари дигар ба унвони як бренди тиҷоратӣ сабт кардааст. Рамзи «ХОДОРКОВСКИЙ» ва «KHODORKOVSKY” таҳти ҳимояти ҳуқуқӣ гирифта шуда, ҳеҷ ширкате ҳамакнун бидуни иҷозат наметавонад ин рамзро истифода кунад. Шакли русии навиштаҷот аз 17 апрел ва англисиаш аз 1 июни соли 2015 ба қайди “Роспатент” гирифта шудааст, менависад нашрияи “Коммерсант”. Аризаи бақайдгирии ин рамзи тиҷоратиро ширкати MBK IP UK Limited додааст, ки марбут ба сиёсатмадори маъруф аст.

Ин ба он маъност, ки 150 номгӯи молу хадамот, ки ба забонҳои англисиву русӣ ироа мешаванд, таҳти ҳимоят гирифта шудаанд ва ҳар нафар ё ширкате, ки мехоҳад аз бренди “Ходорковский” истифода кунад, бояд ҳаққи онро пардохт намояд. Ба иттилои сомонаи Forbes, дар сайти Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, соҳибмулки ин бренди тиҷоратӣ MBK IP UK Limited унвон шудааст, ки аз 15 марти соли 2013 дар шаҳри Лондон ба қайд гирифта шудааст. Тавре сомона менависад, дар ин рӯзҳо худи Ходорковский ҳанӯз дар зиндон буд. Раиси ин ширкат шахсе бо номи Марк Ҳадсон мебошад. Баъзе сомонаҳои тиҷоратии Бритониёи Кабир мегӯянд, ки ҳамин ширкат соҳибмулки бреди дигар бо номи «Открытая Россия» («Русияи боз») аст, ки исми як ташкилоти марбут ба Михаил Ходорковский мебошад. Ҳамин ширкат ҳам маблағгузори нашри китоби «Зиндониҳо» будааст.

Михаил Ходорковскии 52-сола, соҳибкор ва сиёсатмадори маъруф, яке аз соҳибмулкони ширкати нафтии ЮКОС (дар солҳои 1997—2004) октябри соли 2003 бо иттиҳоми азхудкунии маблағҳо ва напардохтани молиёт боздошт шуд. Он вақт ӯ бо дороии 15 миллиард доллараш яке аз сарватмандтарин шахсиятҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешуд ва боздошту иттиҳоми ӯро аз оғоз дорои ангезаҳои сиёсӣ меномиданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки нияти ӯ барои пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ боиси ба зиндон андохта шуданаш гардид. Дар маҷмӯъ, ӯ 10 солу 10 моҳ дар зиндон буд ва бо як афви президент Владимир Путин моҳи ноябри соли 2013 ба озодӣ баромад. Баъди озод шуданаш аз зиндон ҳамроҳ бо оилааш дар Швейсария зиндагӣ мекунад, дорои санади ҳақи иқомат дар ин кишвар аст. Вале баъди озод шуданаш аз зиндон ҳам аз танқиди ҳукумати Русия ва вазъи сиёсии ин кишвар даст накашид. Ӯро ҳамоно яке аз сиёсатмадорони бонуфузи кишвар арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG