Пайвандҳои дастрасӣ

Хизри 5-сола дар бораи иди Ваҳдати миллӣ чизе намедонад. Аммо ин рӯз дар ёдаш ҳатман хоҳад монд, чунки дар арафаи ин ид хатнасӯр дошт ва дар ин хурсандии ӯ президент низ иштирок кард.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар тӯйи муштараки хатнаи 360 кӯдак ва арӯсии 90 ҷуфт дар "Душанбе Плаза" Хизри 5-сола низ хатнасӯр дошт.

Хизр ҳанӯз дар бораи Ваҳдат чизе намедонад, ҳарчанд ин калимаро чанд рӯз аст, ки аз забони дигарон, аз ҷумла аз бибияш зиёд мешунавад.

Аз ин баҳсҳо, ки Ваҳдат моли кӣ аст ва дар ба даст овардани сулҳ саҳми кӣ бештар аст?, ӯ чизе намедонад. Аммо рӯзҳои ҷашни Ваҳдат дар ёди Хизри хурдсол, то дер боз нақш хоҳад баст. Чун ӯ дар ин рӯз хатнасӯр дошт ва дар тӯйи ӯ президенти кишвар ширкат кард. Ба Хизр сару либоси тӯёна пӯшониданд ва 1000 сомонӣ тӯҳфа доданд. Аммо аз ҳама муҳим ӯ дар ин рӯз соҳиби як мошин ё худрави кӯдакона шуд.

Вале ин рӯз ҳам орзӯи аслии Хизр амалӣ нашуд. Модараш наомад ва дар ин рӯзи хотирмон, танҳо бибияш дар паҳлӯи Хизр буду бо ҳавас ба мошинронии наберааш, ки се сол боз дар тарбияи ӯ аст менигарист.

Ӯро ҳам мисли даҳҳову садҳо ҳамсоли дигараш муҳоҷират зиндаятим кардааст. Худи Хизр ҳам бо вуҷуди хурдсолӣ медонад, ки модараш дар кишваре бо номи Русия аст ва ба гуфтаи худаш, «пулҷамъкунӣ » рафтааст. Аз ӯ мепурсам, ки пулро чӣ кор мекунед? Мегӯяд, «хона мехарем. Хонаи бибиям сӯхт». Аммо дар бораи падараш Хизр маълумоти бисёр надорад.

Падараш чанд соли пеш бар асари як беморӣ фавтида, модар барои таъмини ду фарзанд ба Русия рафтааст. Хизру хоҳараш бо модар фақат телефонӣ тамос доранд. Хизр дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ шикоят мекард, ки модараш аввалҳо ба ӯ занг мезад, аммо ҳоло дигар занг намезанад. Ҳарчанд ба гуфтаи бибӣ, модараш ҳамеша бо онҳо тамос дораду аз ҳоли кӯдакон огоҳ мешавад. Вале маълум аст, ки барои ин тифле, ки кӯдакиаш дур аз оғӯши модар мегузарад, танҳо тамоси телефонӣ ва садои модар аз он сӯи гӯшӣ наметавонад хуморашро бишканад.

Барои Хизру 360 тифли ятиму камбизоати дигари тоҷик рӯзи 26 июн, дар арафаи иди Ваҳдат дар бинои мӯҳташами "Душанбе Плаза" тӯй барпо карданд ва ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаву сару либос доданд. Аммо аз нигоҳу сӯҳбатҳои ин кӯдаки дӯстрӯяки ҳамагӣ 5-сола, вале азобдида маълум буд, ки ин ҳама наметавонад ҷои холии модари раҳдуру муҳоҷирашро пур кунад. Хизр мегӯяд, бибияш ӯро дуст медорад, аммо агар модараш пешаш бошад, ӯ хеле бештар хурсанд мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG