Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар минтақаи Душанбе бо пирӯзии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ба анҷом расид.

Футболбозони “Хайр” дар бозии ниҳоии минтақавӣ бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 3-1 ғалаба карданд. Дар бозӣ барои ҷойи севум дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Ҳарду бозӣ рӯзи 5-уми март дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд.

Ҳамин тариқ, дастаҳои “Хайр”, “Энергетик”, “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки рӯзи 10-уми март дар Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунанд. Инчунин дастаҳое, ки дар мусобиқоти минтақаҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-уму 2-юмро соҳиб мешаванд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар даври хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар минтақаи Душанбе ҷойҳои якуму чаҳорумро гирифтаанд - «Хайр» ва «Регар-ТадАЗ» - дар гурӯҳи «Б» ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро касб карданд - “Энергетик” ва “Истиқлол” - дар гурӯҳи “А” бозӣ хоҳанд кард.

Ғолиби мусобиқаи минтақаи Суғд ба гурӯҳи «А» ва дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, ба гурӯҳи «Б» дохил мешаванд. Дастае, ки дар минтақаи Хатлон мақоми аввалро касб мекунад, ба гурӯҳи «Б», дастаи ҷойи дувумро ишғолнамуда ба гурӯҳи «А» дохил мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда мешавад. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор шудааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ рӯзи 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG