Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Хатлон "Қуръон" ва "Қонуни асосӣ" тақдим мекунад


Ба ҳар хонавода дар вилояти Хатлон "Қуръон" ва маҷмӯи се қонуни Тоҷикистон дода хоҳад шуд.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон гуфт, ин китобҳо бо маблағи ҳукумати маҳаллӣ нашр гардида, то охири соли ҷорӣ ба беш аз 400 ҳазор хонавода дастрас мешавад.

Мубориза бо ифротгароӣ

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон
"Ҳар як хонадон ба чунин китобҳо зарурат дорад. Ин хеле муҳим аст, ки шаҳрвандон қонунҳоро бидонанд, огоҳ бошанд. Ҳамчунин, китоби Қуръонро низ ба ҳар як оила мерасонем. Ин кор бояд то охири соли 2011 сурат бигирад"
,-афзуд ҷаноби Афзалов.

Ба иддаои намояндагони ҳукумати Хатлон, ин тасмим дар чаҳорчӯби мубориза бо "исломи радикалӣ" сурат гирифта, яке аз ҳадафҳои татбиқи ин тарҳ мусоидат дар такмили донишҳои ҳуқуқӣ ва динии сокинони маҳаллӣ, ба вижа, ҷавонон будааст.

Таги коса нимкоса?

Аммо агар иддае аз соҳибназарон аз ин тасмими ҳукумати Хатлон истиқбол мекунанд, гурӯҳе дигар онро ба боди танқид мекашанд.

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони ҲНИТ дар Хатлон гуфт, дар ҳоле ки мақомот монеи ҳузури наврасон дар масоҷиду монеи ҳиҷобдорон дар донишгоҳҳо шудаанд, ин тасмими онҳо "паёми духӯра" дорад.

Вай афзуд, "вақте ба мардум Қуръонро тақдим мекунанд, бояд аъмоле, ки анҷом медиҳем, ба ин китоби муқаддас мухолифат накунад. Мо вақте даъво мекунем, ки ҷомеа демократӣ аст, набояд монеи ҳамин раванди демократишавӣ гардем. Арзишҳо ва озодиҳои эътиқодии мардум набояд маҳдуд шавад."

Як даст ба мусҳафему...

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раҳбари созмони ҲНИТ дар вилояти Хатлон
Ҷаноби Ваҳҳобов гуфт, ҳукумати Хатлон мехоҳад бо чунин тасмими худ ба мардум паём бидиҳад, ки зидди омӯзиши аркони ислом аз ҷониби мардум нест, аммо ҳамзамон ишора мекунад, ки бояд намозгузории ҷавонон дар хона анҷом шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба иддаои баъзе аз коршиносон, танҳо бо хондани тарҷумаи тоҷикии Қуръон ниёзи мазҳабӣ ва фаҳмиши маънавии мардум боло намеравад. Чаро ки бо мутолиаи тарҷумаи зоҳирии Қуръон аҳком ё дастури фиқҳии исломро намешавад фаҳмид.

Вале ҷавонони хатлонӣ то куҷо ниёз ба доштани маҷмӯи қонунҳои кишвар ва тарҷумаи тоҷикии Қуръон доранд?

Чунин ба назар мерасад, ки хабари бепул дастрас шудани ин номгӯи китобҳо ба ҳар хонаводаи хатлонӣ на барои ҳама сокинони маҳаллӣ деринтизор менамояд.

Назари ҷавонон

Сайвалӣ: "Набояд моро роҳ нишон диҳанд, ки масҷид равем ё дискоклуб. Ҳоло душвор аст хонаеро пайдо кардан, ки Қуръон дар он хона набошад. Бо баҳонаи тақдими бепули Қуръон набояд роҳи масҷидро ба рӯямон банданд."

Сӯҳроб: "Дар хона Қуръон дорем, аммо Сарқонун ва қонунҳои дигарро не. Хурсанд мешудам, агар ҳукумат ҳама қонунҳои аслии кишарамонро, ки дар он ҳуқуқҳои мо фаҳмонда мешавад, ба мардум бепул тақсим кунад."

Камолиддин: "Ба одамон Қуръонро ройгон тақсим мекунем, аммо сатрпӯшиву ришмониро манъ мекунем. Ҳар амалашон дар паяш ягон тасмими маҳдудкунанда дорад."

Мақомот: "Ин муҳим аст"


Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, тақдими Қуръони маҷид ва китоби қонунҳои Тоҷикистон барои ҷавонон бас муҳим буда, имкон медиҳад, ки муҳимтарин аркони ислом, аз ҷумла намозгузориро дар шароити хона омӯзанд ва низ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ огоҳ шаванд.

Майрамбӣ Ғафурова, масъули шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Хатлон, гуфт, дар сурати тасвиб шудани тарҳи қонун дар бораи масъулияти волидон, афроди зери синни 18 аз ҳаққи вуруд ба масоҷид маҳрум хоҳанд шуд.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, тақдими тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва қонунҳои асосии кишвар, барои дарёфти донишҳои зарурии динӣ ва дунявӣ ба ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон, китобҳои динӣ

Тақдими ройгон ё бепули нусхаҳои тоҷикии Қуръон дар Тоҷикистон идеяи нав нест. Дар гузашта ҳам 60 ҳазор нусха китоби Қуръон дар тарҷума ба забони тоҷикӣ бо маблағи ҳукумати кишвар нашр гардида, он ба теъдоде аз хонаводаҳо, ходимони давлатӣ ва китобхонаҳои кишвар тақсим шуда буд.

Дар дӯконҳои китоби қаламрави кишвар низ Қуръон ва номгӯи дигар аз китобҳои мазҳабӣ ба фурӯш гузошта шуда, ба гуфтаи тоҷирон, сокинони маҳаллӣ ба хариди китобҳои мазҳабӣ алоқамандии бештар нишон медиҳанд, то ба китоби қонунҳои Тоҷикистон.

Нусхаи Қуръон ба тарҷумаи тоҷикӣ дар бозор ҳудудан аз 40 то 120 сомонӣ арзиш дорад.
XS
SM
MD
LG