Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ пули муҳими Даҷларо ишғол карданд


Ироқ - Нерӯҳои амниятии Ироқ дар ҳамла ба фурӯдгоҳи Мавсил. 23 феврали соли 2017.
Ироқ - Нерӯҳои амниятии Ироқ дар ҳамла ба фурӯдгоҳи Мавсил. 23 феврали соли 2017.

Нерӯҳои Ироқ бо пуштибонии ҳавоии Амрико дар роҳи бозпас гирифтани бахши ғарбии Мавсил аз гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ", канораҳои шаҳр ва як пули бисёр муҳимро дар фарози Даҷла ишғол карданд. Ин пешрафт роҳро барои барои таъмини маводи зарурӣ ба қисмати шарқии рӯдхонаи Даҷла боз мекунад, ки дар ихтиёри нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад.

Мақомоти низомӣ барқарор кардани робитаи байни бахшҳои шарқиву ғарбии рӯдхонаи Даҷларо барои берун кардани гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" аз қисмабти ғарбӣ, бисёр муҳим мешуморанд.

Мақомоти низомии Ироқ рӯзи 27 феврал дар як изҳорот гуфтанд, ки яке аз панҷ пули харобшударо, ки Даҷларо убур мекунанд, ишғол карданд. Мақомот мегӯянд, ки дар атрофи пул, пули шиновар месозанд.

Субҳи 27 феврал, нерӯҳои давлатӣ мавзеи Тайарон, воқеъ дар наздикии ҳамин пулро ба даст оварданд.

Нерӯҳи Ироқ бо пуштибонии ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва кӯмаки пешмаргаҳои Курд ҳамла ба Мавсил - истеҳкоми "Давлати Исломӣ"-ро моҳи октябр сар карданд. Онҳо қисмати шарқии Мавсилро аз ДИИШ баъди хунрезиҳои шадид ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG