Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ному насаби 4 марзбони асир


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, Акс аз бойгонӣ
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, Акс аз бойгонӣ

Додситони вилояти Хатлон мегӯяд, ному насаби чаҳор сарбози асируфтодаи қисми ҳарбии 26 10-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷро мушаххас карда ва алайҳи сардори ин қисми ҳарбӣ бо иттиҳоми бемасъулиятӣ парванда боз кардааст.

Анвар Назаров, ёвари додситони вилояти Хатлон рӯзи 8 январ дар нишасти хабарии додситонии вилоят дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ному насаби чаҳор сарбози асируфтодаи қисми ҳарбии 26 10-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ мушаххас шудааст ва додситон ва алайҳи сардори ин қисми ҳарбӣ бо иттиҳоми бемасъулиятӣ парванда боз кардааст.

Бино бар ин манбаъ, силоҳбадастон рӯзи 19 декабр Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991,Тӯйчибой Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меҳроҷ Шодиев, соли таваллудаш 1994-ро асир гирифта, ба Афғонистон бурдаанд. Ин сарбозон берун аз қисми ҳарбии 26 10 ва дар вақти ҷаъоварии ҳезум дар як минтақаи ҳоили байни Тоҷикистону Афғонистон асир гирифта шудаанд.

Ду нафари ин сарбозон, ба гуфтаи Анвар Назаров, сокинони шаҳри Душанбе буда ва як нафари дигар аз Қумсангир ва якеи дигар вилояти Суғд мебошад.

Ҷаноби Назаров афзуд, дар ҳоли ҳозир алайҳи фармондеҳи қисми ҳарбии 26 10 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Алимуҳаммад Додокалонов бо иттиҳоми бемасъулиятӣ парванда боз кардаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 5 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон музокира пеш бурда истодаст, то сарҳадбонон ҳарчӣ зудтар пас гардонда шаванд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзуд, намояндаҳои раёсати марзбонӣ бо худи сарҳадбонони асир сӯҳбат кардаанд ва аз аҳволи ҳаррӯзаи онҳо бохабаранд.

Бар пояи иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷик, аз Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд. Ҳамчунин онҳо хостори раҳоии як узви шабакаи Ал-Қоида ҳастанд, ки низ аз Тоҷикистон буда, чанд моҳ пеш бо либоси занона боздошт шуда буд ва ҳоло дар Қундуз нигоҳ дошта мешавад.

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG