Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

РКД Хатлон: Риши 12 818 шаҳрвандро ба тартиб даровардем


Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Мақомоти умури дохилаи Хатлон мегӯянд, дар тӯли соли гузашта 1773 зану духтар дар ин вилоят аз пӯшидани сатр даст кашида, риши 12 818 нафарро “ба тартиб” даровардаанд.

Рӯзи 19 январ дар нишасти хабарии раёсати корхои дохилаи вилояти Хатлон бори дигар ба зарурати мубориза зиди пӯшиши либосҳои барои тоҷикон “бегона” ва ва “бегонапарастӣ” таъкид шуд. Масъулони умури дохилаи Хатлон гуфтанд, дар иваз фарҳанги пӯшиши либосҳои милиро дар миёни мардум бояд ҷойгоҳи бештар бигирад.

Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корхои дохилаи вилояти Хатлон гуфт, ки дар соли гузаштаи 2015 дар ҳудуди вилоят фаъолияти 162 дӯкони сатрфурӯшӣ қатъ карда шудааст ва 1773 нафар занону духтарон, ки сатр мепӯшидаанд, аз сатрпӯшӣ даст кашидаанд.

Баҳром Шарифзода ба суоли хабарнигорон дар бораи чигуна ҳисоб шудани шумори занони аз сатр дасткашида гуфт, онҳо аз ҳукуматҳои маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо ва ҳамкоронашон таҳлилҳое доранд, ки исбот мекунад, ки даҳҳо зан тарки сатр кардааст. Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки 89 зани танфурӯш низ бо сатр боздошт шудаанд.

Баҳром Шарифзода

Баҳром Шарифзода

Баҳром Шарифзода гуфт, ки давоми соли гузаштаи мелодӣ намуди зоҳирии 12 818 шаҳрвандеро, ки “ришҳои бениҳоят баланди бетартиб” доштаанд, ба тартиб даровардаанд.

Дар соли гузаштаи 2015 дар Хатлон ҳолатҳои шикояти мардум дар бораи мушкилашон дар вақти пӯшиши сатру рӯсарӣ ва доштани риш шунида мешуд, аммо мақомот манъу боздошти занони сатрпӯшу мардони ришдор дар хиёбонҳоро бо шиддат рад карда мегуфт, ки онҳо ба пӯшиши занон ва зоҳири мардон, ки риш аст, коре надоранд.

Дар тӯли солҳои 2014-2015 дар бораи авҷ гирифтани як маъракаи густардаи зидди сатру риш дар Тоҷикистон гузоришҳои зиёде нашр шуд. Аммо мақомот ҳамеша тибқи кадом дастуре сурат гирифтани ин кор, бахусус иҷборан тарошидан ё кӯтоҳ кардани риши мардонро рад мекарданд. Як мақоми вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта ҳатто гуфт, ки ду масъули ин вазоратро барои “худсарӣ” ва ҷабран тарошидани риши мардум ҷазо ҳам додаанд.

Аммо чандин шоҳид бо нашри аксҳои ибтидо бериш ва баъди “ташриф” ба мақомот алакай бериши худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон маъракаи “риштарошон” вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG